Главная / Илм / МУРДАЗОӣ

МУРДАЗОӣ

murdazoiМУРДАЗОӣ, фавтидани тифл дар давраи ҳомилагӣ (марги батнимодарӣ) ё зодан (марги зоишӣ). Сабаби асосии М. бемориҳои сироятии модар (ангезанда ва заҳри он ба воситаи машима ба ҷанин таъсир мерасонад) ва токсикозҳои ҳомилагӣ (хусусан нефропатия ва эклампсия), ки боиси гипоксияи кӯдак мешаванд, ба шумор мераванд. Ҳамчунин мумкин аст нуқси дил, бемории гипертония, нефрит, камхунӣ, гиповитаминозҳо, заҳролудии шадид ва музмин (мас., аз сурб, фосфор, симоб, шароб), зарбу лат низ боиси М. шаванд. Бисёр вақт номувофиқатии хуни модар ва кӯдак аз рӯи резус-омил низ бо М. меанҷомад. Дар давраи таваллуд кӯдак аз сабаби норасоии шадиди оксиген (дар натиҷаи бармаҳал кӯчидани машима рух медиҳад), дар гардан печидани банди ноф ё гиреҳ задани он, суст будани дарди зоиш ва ғ. мефавтад. Ҳамчунин омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки дар мавриди онҳо тифл мумкин аст вафот ёбад (мас., эндометрит, омосҳо, нодуруст ҷойгир будани бачадон, пеш ҷойгир будани машима, дароз ё кӯтоҳ будани ноф, бисёр ё кам будани об ва ғ.).
Аломатҳои фавти кӯдак дар давраи аввали ҳомилагӣ калон нагаштани бачадон ва ба мӯҳлати ҳамл мувофиқат накардани андозаи он, сахт шудани пистонҳо ва ғ. мебошанд. Баъзан сустию беҳолӣ, эҳсоси гаронӣ дар шикам ба мушоҳида мерасанд. Дар давраи дуюми ҳомилагӣ дар баробари нишонаҳои мазкур дигар аломатҳои хос низ падид меоянд, мас., ҳангоми аускултатсия дигар шунида нашудани садои кори дил ва аз ҳаракат мондани кӯдак. Нишонаи М. дар давраи таваллуд қатъ шудани таппиши дили кӯдак аст.
Ҳангоми гумонбар шудан аз фавти тифл зани ҳомиларо зуд ба беморхона бурдан лозим аст. Дар ин ҷо ташхисоти гуногун гузаронда, барои берун овардани тифли фавтида тадбирҳо меандешанд.
Бо мақсади пешгирии М. занҳои ҳомила бояд зери назорати духтурони маҳалла ва машваратгоҳи тиббии бонувон бошанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …