Главная / Гуногун / МУНОСИБАТХОИ ИЧТИМОИ-ИКТИСОДИ, ЗАМИНДОРИИ ФЕОДАЛИ. АХВОЛИ ОММАИ ХАЛК

МУНОСИБАТХОИ ИЧТИМОИ-ИКТИСОДИ, ЗАМИНДОРИИ ФЕОДАЛИ. АХВОЛИ ОММАИ ХАЛК

Ахоли. Махалхои аморати Бухоро аз чихати чойгиршавии ахоли яксон набуданд; водии Зарафшон (Миёнколот) ва Кашкадарё сернуфус ва вилоятхои Бухорои шарки нисбатан камнуфус буданд. Албатта, дар ин кисмати аморат водихое хам буданд, ки нуфуси хеле зиёд доштанд.

Солхои 1830-1840 дар Аморати Бухоро такрибан ду миллион ахоли зиндаги мекард.

Дар пойтахти аморат – шахри Бухоро, бештар як сеяки тамоми ахолии шахрнишини аморат истикомат менамуд. Нуфуси асосии ин шахр точикон буданд. Ба хисоби соли 1820 онхо ба микдори аз чор се хиссаи теъдоди умумии ахолии пойтахти аморатро ташкил мекарданд. Ба гайри ин ду халки сернуфус дар худуди давлати мазкур туркманхо (10 фоиз) ва яхудиён зиндаги мекарданд. Дар бисёр шахру дехот асосан точикон истикомат доштанд.

buxoro

Дар бисёр нохияхои Аморати Бухоро ва хонии Хуканд точикон якчоя бо узбекон мезистанд. Дар бисёр дехаву шахрхои узбекнишин точикон хам буданд. Ин ду халки бо хам алокаи хеле наздикдоштаро робитахои хешованди, мадани ва иктисоди муттахид месохт.

Дар ибтидои асри XIX 40 фоизи ахоли одамони кучи ва нимкучи буданд. Дар охири асри мазкур микдори онхо кам шуда, худи кучихо аз 15 фоиз бештар набуданд.

Умуман мебояд донист, ки дар шахрхо факат дахяки ахоли, хатто аз ин хам камтар зиндагони доштанд. Ахолии дехот назар ба шахр чандин баробар зиёдтар буд.

Кишоварзи. Дар Осиёи Миёна тарзхои нихоят окилонаи истехсолоти хочагии кишлок ва муносибати обу замин ба вучуд омада, дар амал чори гардида буд. Усули зироати обии ба шароити хоку иклими нохияхои гуногун мувофик истифода мешуд. Дехконон мехнати хеле зиёд сарф намуда, заминро барои зироат омода месохтанд. Барои ин кор мардуми кухистон аз заминхои корами худ хазорхо адад санг чамъ карда берун мепартофтанд.

Дехконони безамин ё камзамини кухистон барои ба кишт омода сохтани замини санглох мачбур буданд, ки хокро аз дигар чой пуштора карда кашонанд. Аз ин замин танхо як навбат хосил мегирифтанд. Чунки барфу борон хоки кашонидаи онхоро шуста мебурд. Соли дуюм дехкон мачбур мешуд, ки боз аз нав хок кашонад.

Богдори хам шугли осон набуд. Масалан, ба анор дар як сол аз 6 то 10 бор об додан лозим меомад. Тирамох бо машаккати зиёд дарахти анору анчир ва токи ангурро зери хок намуда, аввали бахор онхоро аз хок берун меоварданд. Бо мехнати сахт дехкон биёбонхо ва санглоххоро ба киштзор табдил медод.

Олоти мехнат хеле сода буд. Бо омоч шудгор мекарданд. Сипас бо мола ва сихмола хоки замини шудгоршударо майда ва хамвор мекарданд. Каланд хамчун мухимтарин ва муносибтарини олот васеъ истифода мегардид. Бо дос дарав мекарданд. Барои бод кардан панчшоха ва бели чубиро ба кор мебурданд. Дар богдори дасткалла ва качкорд истифода мешуд. Дар кухистон чигина ва дар хамворихо хелхои гуногуни аробаи дучарха вазифаи наклиётро адо мекард.

Барои пурзур ва хосилхез кардани замин ва киштзор пору, хоки теппа ва кулухи девори иморатхои кухнаро хока карда мепошиданд.

Сохт ва таркиби майдонхои кишти заминхои обии байни нохияхои чудогона тафрикахои калон доштанд. Чунончи, дар нохияи Хучанд 60 фоиз заминро киштзори галла (аз он нисфаш гандум, баъд чувори ва шоли, камтар чав ва арзан) ташкил менамуд. Такрибан 14 фоизи майдон аз богу токзор иборат буд. Пахтаи чойдори (гуза) 11,5 фоиз, юнучка 6,4 фоиз, обчакори 4,5 фоизи майдонро ишгол менамуд. Дар махалхои ба шахр наздик бештар богдори ва обчакори равнак меёфт. Дар богхо ангур, себ, нок, анор, олу, зардолу, бодом, анчир, тут ва гайра парвариш мешуданд, ки бо навъхои олии худ шухрат пайдо карда буданд. Дар баъзе нохияхои фаровоноб мавкеи асосиро зироатхои саноати ишгол менамуданд, ки мухимтарини онхо пахта, тамоку, загир ва растанихои рангдиханда буданд. Вале олоти кишоварзи ба дарачаи ибтидои буд. Истифодаи обу замин низ бо усулхои кухна сурат мегирифт. Бинобар ин ба мехнати хеле зиёд ва махорати дехконон нигох накарда, самараи кишоварзи хеле ночиз буд. Чорводори такрибан дар тамоми вилоятхо таракки мекард. Хар як хочаги якчанд чорво дошт. Он аксаран аз гову барзагов ва бузу гусфанд иборат буд. Дар Помир ва дигар нохияхои кухи чорводори сохаи асоси буд. Чорво мардумро бо хурок ва пушок таъмин мекард.

Чорводорони тоифахои нимкучи ва алалхусус кучи хусусияти дигар доштанд. Рамахо ва хамрохи онхо ахоли ё худ кисми он аз як чарогох ба чарогохи дигар мегузаштанд. Давраи дар чарогох нигох доштани чорво хеле мураккаб ва тулони буд.

Ахолии шахрхо дар баробари касбу хунар ва тичорат ба богдори, ангурпарвари ва умуман заминкори хам машгул мешуд. Масалан, кисми калони ахолии шахри Уротеппа сохиби богхои ангур буданд. Ё худ машгулияти асосии мардуми Самарканд богдори, истехсоли абрешим ва пахта буд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …