Главная / Илм / МИЛЗАНИИ МЕЪДА

МИЛЗАНИИ МЕЪДА

milzanii-medaМИЛЗАНИИ МЕЪДА, ба тавассути мил (зонд) гирифтани мухтавои меъда. Бо максади ташхис хангоми гумонбари аз беморихои меъда ё рудаи дувоздахангушта, инчунин дар аснои баъзе беморихои дигар, ки боиси халал ёфтани фаъолияти меъда мегарданд, истифода мешавад. Милзаниро барои табобат (мас., шустани меъда зимни захролудии шадид, чаббида гирифтани мухтавои меъда хангоми атонияи он, гизо додан ба беморони бехуш) низ кор мефармоянд.
Истифодаи М. м. дар мавриди хуншории он, стеноз ё дивертикули сурхруда, аневризмаи аорта, беморихои вазнини дил, бемории гипертония, хомилаги ва г. чоиз нест.
М. м. ба воситаи мили дарозиаш 1000 – 1500 мм (диаметри сурохиаш 2 – 3 мм) ба амал бароварда мешавад. Бемор руи курси менишинад. Милро то бехи забон мефиристанд. Баъд, азбаски мил нарм буда, ба сурхруда халондани он номумкин аст, бемор бояд онро то ишораи 40 – 45 см фуру барад. М. м.-ро бисёр беморон осон паси сар мекунанд. Дар сурати сахт бехузур шудани дил мили борикро метавон аз сурохи бини гузаронд. Мили борик, ки ба меъда фиристода шудааст, хиссиёти нохуш ба вучуд намеорад; бинобар ин онро 2 – 3 соат нигох доштан мумкин аст. Ин имкон медихад, ки фаъолияти ширачудокунии меъда дуру дароз тадкик карда шавад. Дар сурохи беруни мил шпритс мегузоранд, ки тавассути он мухтавои меъдаро дам ба дам кашида мегиранд.
Ниг. низ Милзани, Милзании рудаи дувоздахангушта.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …