Главная / Илм / МЕДИАТОРХО

МЕДИАТОРХО

mediatorhoМЕДИАТОРХО (лот. mediator – миёнарав, воситачи), моддахои нокил, моддахои химиявие, ки дар нуги асаб ташаккул ёфта, ангезишро аз як хучайраи асаб ба хучайраи дигар ё аз нуги тори асаб ба узви кори (нахи мушак, хучайраи гадуд ва г.) мегузаронанд.
М.-ро с. 1921 дорушиноси машхури австрияги О. Леви кашф кардааст. у мукаррар намуд, ки махлули гизоие, ки аз дили чудо карда гирифтаи курбокка пас аз ангезиши асабхои он гузаронда мешавад, ба дили дигари чудокарда чун ангезиши бевоситаи асаби дил таъсир мерасонад.
Интиколи ангезиш бо ёрии М. дар синапсхо ба амал меояд. М. дар хубобчахои хеле хурди пеш аз синапс чойгиранд. Дар вакти ангезиши нахи асаб хубобчахо кафида, М. озод мегарданд ва ба роги синапс, ки махлули аз чихати таркиб ба плазмаи хун наздик дорад, дохил мешаванд. М. бо махлули мазкур омехта шуда, ба мембранаи пасисинапсии хучайраи хамшафат таъсир мекунанд ва онро ба ангезиш меоваранд. Мембранаи пасисинапси аз мембранае, ки кисми бокимондаи хучайраро фаро гирифтааст, бо хассосии зиёд нисбати таъсири М. тафовут дорад.
М. натанхо импулсхои ангезиш, балки импулсхои монеаро низ мегузаронанд. Чунин М. маълуманд: атсетилхолин (импулсхоро ба системахои парасимпати ва марказии асаб мегузаронад), норадреналин (дар интихои асаби симпати чудо мешавад), серотонин, дофамин, кислотаи гамма-аминбутанат, глитсин, кислотаи глутаминат, баъзе нейропептидхо (ангезишро ба системаи асаби маркази интикол мекунанд). Барои аз синапсхо гузарондани ангезиши такрори М.-ро, ки дар ангезиши аввал он чо хосил шудаанд, тачзия намудан лозим аст. Ин зери таъсири ферментхои махсус, ки дар мавзеи синапс бо гилзати калон вучуд доранд (холинэстеразахо, ки атсетилхолин ва аминооксидазахо, ки норадреналинро тачзия менамоянд), ба амал меояд.
Хангоми баъзе беморихои системаи асаб ва захролуди ташаккул, таъсир ё тачзияи М. халал меёбад. Моддахое кашф шудаанд, ки ангезиши асабро дар синапс пешгири мекунанд. Сурхпустони Америкаи Чануби хангоми шикори хайвоноти вахши хаданги ба шираи растанихо олударо истифода мебурданд. Дертар мукаррар гашт, ки чунин шира дар таркиб захри фалачовари кураре дошта, ба катъи интиколи ангезиш аз асабхои тахрика ба мушакхо кодир аст. Дар тибби муосир моддахои кураремонандро, ки мушакхои скелетро суст мекунанд, дар амалияи чаррохи (мас., чаррохие, ки дар шароити нафаскашии сунъи гузаронда мешавад) фаровон истифода мебаранд.
Ад.: Швырев А.А., Анатомия и физиология человека с основами общей паталогии, Ростов Н./Д., 2005.

Ф. А. Шукуров.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …