МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ГИЗО, тавобил, моддахое,ки барои бехтар кардани мазаи хурок истифода мешаванд. Ба М. забуда, чавхари лиму, кислотаи атсетат, моддахои буё (ванил, ванилин, чавхари мушкин), намаки ош ва г. мансубанд. М. нерубахш набошанд хам, хурокро хуштамъ мекунанд, иштиховар ва хушхазманд, кори рудахоро метезонанд. М. ба хурок омехта шуда, ба асабхои аъзои шомма таъсир мерасонанд, боиси бештар чудо шудани луоби дахон, шираи меъда, усораи гадуди зери меъда мегарданд.
Ба М. намаки ош (хлориди натрий)-ро шартан дохил мекунанд. Намаки ош ба организм рох ёфтани микдори зарурии натрий ва хлорро таъмин месозад. Микдори лозимии хлориди натрий дар як шаборуз барои одамони калонсол 10 – 15 г (дар иклими гарм 25 – 30 г) аст. Аз нушокию хурокихо ба организм хамаги 2 – 5 г хлориди натрий ва бокимондааш аз хисоби намаки ош дохил мешавад. Аз меъёр зиёд истеъмол кардани М. ва кислотахои гизои боиси беморихои узвхои гувориш мешавад. Дар аснои беморихои чигар, гурда, меъдаю руда истифодаи М. чоиз нест.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …