Главная / Илм / МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО

МАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО

lazzati-gizoМАВОДИ ЛАЗЗАТБАХШИ ҒИЗО, тавобил, моддаҳое,ки барои беҳтар кардани мазаи хӯрок истифода мешаванд. Ба М. забуда, ҷавҳари лиму, кислотаи атсетат, моддаҳои бӯё (ванил, ванилин, ҷавҳари мушкин), намаки ош ва ғ. мансубанд. М. нерубахш набошанд ҳам, хӯрокро хуштамъ мекунанд, иштиҳовар ва хушҳазманд, кори рӯдаҳоро метезонанд. М. ба хӯрок омехта шуда, ба асабҳои аъзои шомма таъсир мерасонанд, боиси бештар ҷудо шудани луоби даҳон, шираи меъда, усораи ғадуди зери меъда мегарданд.
Ба М. намаки ош (хлориди натрий)-ро шартан дохил мекунанд. Намаки ош ба организм роҳ ёфтани миқдори зарурии натрий ва хлорро таъмин месозад. Миқдори лозимии хлориди натрий дар як шаборӯз барои одамони калонсол 10 – 15 г (дар иқлими гарм 25 – 30 г) аст. Аз нӯшокию хӯрокиҳо ба организм ҳамагӣ 2 – 5 г хлориди натрий ва боқимондааш аз ҳисоби намаки ош дохил мешавад. Аз меъёр зиёд истеъмол кардани М. ва кислотаҳои ғизоӣ боиси бемориҳои узвҳои гувориш мешавад. Дар аснои бемориҳои ҷигар, гурда, меъдаю рӯда истифодаи М. ҷоиз нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …