«МАН ЛО ЯХЗУРУХУ-Т-ТАБИБ» (Китоб барои касе, ки дар наздаш табиб хозир нест), асари Абубакр Мухаммад ибни Закариёи Рози (865 – 925) дар боби тиб. Ба забони араби таълиф шудааст. Ба кавли Ибни Абиусайбиъа ба номи «Тиббу-л-фукаро» низ машхур будааст, зеро дар он дастурхои сахлу осон барои муоличаи беморон омадааст, ки бе мурочиат ба табиб хар кас метавонад аз он истифода барад.
Ад.: Мухаммад Муъин, «Фарханги форси», ч. 6, Техрон, 1379 х. ш.
С. Шахобуддинов.