Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ МОДДИ ВА МАЪНАВИ ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

МАДАНИЯТИ МОДДИ ВА МАЪНАВИ ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

Бинокори ва меъмори. Дарачаи тараккиёти санъати меъмории Осиёи Миёна, алалхусус дар бобати сохтмони бинохои бошукух, дар нимаи аввали асри XIX назар ба асрхои гузашта хеле поён рафт. Бо хамин сабаб аз ёдгорихои меъмории ин давра то замони мо кам боки мондаанд. Аз бинохои бокимонда мадрасаи Халифа Ниёзкул, ки бештар бо номи Чорманор машхур аст ва силсилаи иморати халифа Худойдод дар Бухоро диккати хар бинандаро ба худ чалб менамоянд.

Дар Самарканд якчанд бинохои калон сохта ва ё сохтмони нимкорамондаи иморатхои кухна анчом шуданд. Масалан, дар миёнаи асри XIX дар тахкурсии кухна бинои Масчиди Хазрати Хизр сохта шуд (намуди хозираи бино дар натичаи азнавсозии соли 1915 пайдо шудааст).

Намунаи хати Мирхусайни Истаравшани
Намунаи хати Мирхусайни Истаравшани

Дар хамин давра дар Хучанд, Уротеппа, Хисор, Панчакент ва дигар шахрхо низ иморатхои бисёр сохта шуданд. Масалан, масчиду якчанд мадарасахои начандон калон дар Хучанд сохта шуда буданд, кисман Масчиди Шайх Муслихиддин, Макбараи Тупхона ва масчид дар Чорбог таъмир шуданд. Деворхои атрофи шахри Хучанд ва Уротеппа тез-тез таъмир мешуданд. бинохои калон сохта ва ё сохтмони нимкорамондаи иморатхои кухна анчом шуданд. Масалан, дар миёнаи асри XIX дар тахкурсии кухна бинои Масчиди Хазрати Хизр сохта шуд (намуди хозираи бино дар натичаи азнавсозии соли 1915 пайдо шудааст).

Аз ёдгорихои меъмории Уротеппа бинои Мадрасаи Рустамбек кобили зикр аст. Ин бино солхои 50-уми асри XIX аз тарафи хокими ин мулк Рустамбек сохта шуда буд. Бинои мазкур дуошёна буда 49 хучра дошт. Дар ду гушаи пеши Мадраса ду манор сохта шуда буданд. Пештоки Мадраса бо пораи кошии сурху кабуд ва сафед ороиш дошт. Дар ду тарафи пештоки Мадраса ду хайвон тасвир ёфта буд, ки ба паланг ё аспхои афсонави монанди доштанд. Аз сохтмонхои калони онвактаи Уротеппа Мадрасаи Намозгох, Айвони Тиллокори дар пойтахти кароргохи хоким дар болои Мугтеппа, хаммом, корвонсарой ва масчид бино ёфта буданд.

Дар хамин давра баъзе иморатхои Регистони Хисор (Мадрасаи Нав), Мадрасаи Миролим Додхох дар Панчакент сохта шуданд.

Дар хонии Хуканд низ бинокори вусъати зиёде пайдо карда буд. Дар шахрхои ин мамлакат бисёр иморатхои мухташам, касрхо, корвонсарой, хаммом, калъаву манорахо, инчунин масчиду Мадраса ва макбарахо сохта шуданд. Аз бинохои мухташами ин давраи Хуканд Макбараи Модари Хон ва Дахмаи Шохон чолибанд. Такрибан дар як вакт бо ин бинохо Масчиди Хонакох дар Маргелон ва Масчиди Чинорлик дар Хуканд, Макбараи Хучам Кабри дар Намангон ва дигар бинохо сохта шуданд. Сарфи назар аз баъзе чихатхои норасоии бинохои мазкур, устохо дар сохтмони онхо асосан анъанаи меъмории классикии давраи асри миёнаи Фаргонаро давом додаанд.

Аммо дар бинокорихои оммави катъи анъана ва таназзул мушохида намешавад. Баръакс, махз дар ин давра навъхои махаллии манзилхои Осиёи Миёна комилан ташаккул меёбад. Зимнан, дар тарх, ороиш ва масохат ду навъ бино – манзили одамони давлатманд ва манзили одамони бенаво аз хам тафовути чидди пайдо мекунанд. Чор тарафи манзилгох бо деворхои баланд ихота мегардиданд. Ба такозои иклим дар хар манзилгох, сахни хавли ахамияти калон дошт, зеро сокинони он аксари рузхои солро дар зери сояи дарахтон мегузаронданд.

Хавли аз ду кисмат иборат буд: хавлии дарун ва хавлии берун. Дар хавлии дарун хонаи зист, ошхона ва гайра чой мегирифт. Дар хавлии берун одатан саисхона, мехмонхона, дарвозахона чойгир мешуд. Гохо хавличаи махсуси хочаги ва китъаи богро хам чудо мекарданд. Аксаран дар пеши хонахо айвон месохтанд. Бинохо нафакат якошёна, балки дуошёна ва гохо сеошёна хам бунёд мегардиданд.

Дар бинокорихои дехот хавли ва китъаи бог бо деворхои баланди гили ихота гардида, работ ва ё кургон аксар вакт зеварбанди карда мешуд. Бехтарин намунахои чунин манзилхо дар Самарканд боки мондаанд.

Хонаву айвонхо чунон сохта мешуданд, ки касро дар тобистон аз гармо ва зимистон аз сармо мухофизат мекарданд. Хонаи зист гайр аз дари асоси дарича ва тобадон хам дошт, ки барои равшанои ва тоза кардани хавои хона хизмат мекард. Дар даруни хона барои хурокпази ошхона чудо мекарданд, ки оташдону мури дошт. Барои гарм шудан дар фасли зимистон дар хонахо сандали мавчуд буд.

Барои ороиши кисмати дохилии сохтмон тамоми навъхои хунари амалии мардум, аз кабили кандакории чуб, гачкори, накшунигор ва гайра истифода бурда мешуд. Аммо ин хама зебои ба манзили одамони доро мутааллик буд. Мардикороне, ки барои онхо хизмат мекарданд, дар кулбахои хакир, баъзан дар таххонахо мезистанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …