Главная / Гуногун / МАДАНИЯТИ МОДДӢ ВА МАЪНАВӢ ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

МАДАНИЯТИ МОДДӢ ВА МАЪНАВӢ ДАР НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XIX

Бинокорӣ ва меъморӣ. Дараҷаи тараққиёти санъати меъмории Осиёи Миёна, алалхусус дар бобати сохтмони биноҳои бошукӯҳ, дар нимаи аввали асри XIX назар ба асрҳои гузашта хеле поён рафт. Бо ҳамин сабаб аз ёдгориҳои меъмории ин давра то замони мо кам боқӣ мондаанд. Аз биноҳои боқимонда мадрасаи Халифа Ниёзқул, ки бештар бо номи Чорманор машҳур аст ва силсилаи иморати халифа Худойдод дар Бухоро диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамоянд.

Дар Самарқанд якчанд биноҳои калон сохта ва ё сохтмони нимкорамондаи иморатҳои куҳна анҷом шуданд. Масалан, дар миёнаи асри XIX дар таҳкурсии куҳна бинои Масҷиди Ҳазрати Хизр сохта шуд (намуди ҳозираи бино дар натиҷаи азнавсозии соли 1915 пайдо шудааст).

Намунаи хати Мирҳусайни Истаравшанӣ
Намунаи хати Мирҳусайни Истаравшанӣ

Дар ҳамин давра дар Хуҷанд, Ӯротеппа, Ҳисор, Панҷакент ва дигар шаҳрҳо низ иморатҳои бисёр сохта шуданд. Масалан, масҷиду якчанд мадарасаҳои начандон калон дар Хуҷанд сохта шуда буданд, қисман Масҷиди Шайх Муслиҳиддин, Мақбараи Тупхона ва масҷид дар Чорбоғ таъмир шуданд. Деворҳои атрофи шаҳри Хуҷанд ва Ӯротеппа тез-тез таъмир мешуданд. биноҳои калон сохта ва ё сохтмони нимкорамондаи иморатҳои куҳна анҷом шуданд. Масалан, дар миёнаи асри XIX дар таҳкурсии куҳна бинои Масҷиди Ҳазрати Хизр сохта шуд (намуди ҳозираи бино дар натиҷаи азнавсозии соли 1915 пайдо шудааст).

Аз ёдгориҳои меъмории Ӯротеппа бинои Мадрасаи Рустамбек қобили зикр аст. Ин бино солҳои 50-уми асри XIX аз тарафи ҳокими ин мулк Рустамбек сохта шуда буд. Бинои мазкур дуошёна буда 49 ҳуҷра дошт. Дар ду гушаи пеши Мадраса ду манор сохта шуда буданд. Пештоқи Мадраса бо пораи кошии сурху кабуд ва сафед ороиш дошт. Дар ду тарафи пештоқи Мадраса ду ҳайвон тасвир ёфта буд, ки ба паланг ё аспҳои афсонавӣ монандӣ доштанд. Аз сохтмонҳои калони онвақтаи Ӯротеппа Мадрасаи Намозгоҳ, Айвони Тиллокорӣ дар пойтахти қароргоҳи ҳоким дар болои Муғтеппа, ҳаммом, корвонсарой ва масҷид бино ёфта буданд.

Дар ҳамин давра баъзе иморатҳои Регистони Ҳисор (Мадрасаи Нав), Мадрасаи Миролим Додхоҳ дар Панҷакент сохта шуданд.

Дар хонии Хуқанд низ бинокорӣ вусъати зиёде пайдо карда буд. Дар шаҳрҳои ин мамлакат бисёр иморатҳои муҳташам, қасрҳо, корвонсарой, ҳаммом, қалъаву манораҳо, инчунин масҷиду Мадраса ва мақбараҳо сохта шуданд. Аз биноҳои муҳташами ин давраи Хуқанд Мақбараи Модари Хон ва Дахмаи Шоҳон ҷолибанд. Тақрибан дар як вақт бо ин биноҳо Масҷиди Хонақоҳ дар Марғелон ва Масҷиди Чинорлик дар Хуқанд, Мақбараи Хучам Қабрӣ дар Намангон ва дигар биноҳо сохта шуданд. Сарфи назар аз баъзе ҷиҳатҳои норасоии биноҳои мазкур, устоҳо дар сохтмони онҳо асосан анъанаи меъмории классикии давраи асри миёнаи Фарғонаро давом додаанд.

Аммо дар бинокориҳои оммавӣ қатъи анъана ва таназзул мушоҳида намешавад. Баръакс, маҳз дар ин давра навъҳои маҳаллии манзилҳои Осиёи Миёна комилан ташаккул меёбад. Зимнан, дар тарҳ, ороиш ва масоҳат ду навъ бино – манзили одамони давлатманд ва манзили одамони бенаво аз ҳам тафовути ҷиддӣ пайдо мекунанд. Чор тарафи манзилгоҳ бо деворҳои баланд иҳота мегардиданд. Ба тақозои иқлим дар ҳар манзилгоҳ, сахни ҳавлӣ аҳамияти калон дошт, зеро сокинони он аксари рӯзҳои солро дар зери сояи дарахтон мегузаронданд.

Ҳавлӣ аз ду қисмат иборат буд: ҳавлии дарун ва ҳавлии берун. Дар ҳавлии дарун хонаи зист, ошхона ва ғайра ҷой мегирифт. Дар ҳавлии берун одатан саисхона, меҳмонхона, дарвозахона ҷойгир мешуд. Гоҳо ҳавличаи махсуси хоҷагӣ ва қитъаи боғро ҳам ҷудо мекарданд. Аксаран дар пеши хонаҳо айвон месохтанд. Биноҳо нафақат якошёна, балки дуошёна ва гоҳо сеошёна ҳам бунёд мегардиданд.

Дар бинокориҳои деҳот ҳавлӣ ва қитъаи боғ бо деворҳои баланди гилӣ иҳота гардида, работ ва ё қурғон аксар вақт зеварбандӣ карда мешуд. Беҳтарин намунаҳои чунин манзилҳо дар Самарқанд боқӣ мондаанд.

Хонаву айвонҳо чунон сохта мешуданд, ки касро дар тобистон аз гармо ва зимистон аз сармо муҳофизат мекарданд. Хонаи зист ғайр аз дари асосӣ дарича ва тобадон ҳам дошт, ки барои равшаноӣ ва тоза кардани ҳавои хона хизмат мекард. Дар даруни хона барои хурокпазӣ ошхона ҷудо мекарданд, ки оташдону мурӣ дошт. Барои гарм шудан дар фасли зимистон дар хонаҳо сандалӣ мавҷуд буд.

Барои ороиши қисмати дохилии сохтмон тамоми навъҳои ҳунари амалии мардум, аз қабили кандакории чуб, гаҷкорӣ, нақшунигор ва ғайра истифода бурда мешуд. Аммо ин ҳама зебоӣ ба манзили одамони доро мутааллиқ буд. Мардикороне, ки барои онҳо хизмат мекарданд, дар кулбаҳои ҳақир, баъзан дар таҳхонаҳо мезистанд.

Инчунин кобед

Бахтиёр Иброхимов

Бахтиёр Иброҳимов – Тарҷумаи ҳол, сурат, мусиқӣ – MP3 скачать

Овозхони шоистаи Тоҷикистон Бахтиёр Иброҳимов соли 1972 дар шаҳри Исфара ба дунё омада, яке аз овозхонҳои маъруфи …