Главная / Илм / КуРи

КуРи

kuriКуРи [Ca(e)citas], нобинои, гум кардани кувваи босира. Солхои пеш дар Точикистон дар байни ахоли сабаби асосии К. бемории нагзак (32,58% – и хамаи нобиноён), бленнореяи навзодхо (илтихоби римноки луобпардаи чашм, ки гонококкхо ба вучуд меоранд), бемории пардаи карнияи чашм (24,3%), глаукома (14%), трахома (8,7%) ва г. буданд.
К. ду хел мешавад: К.- и мутлак (вакте ки одам рушноию торикиро фарк карда наметавонад) ва К.-и нисби (вакте ки кувваи босираи одам каму беш боки мондааст). Нобиноии нисби ба нобиноии амали ва истехсоли ё касби чудо мешавад. Амалан нобиноён одамонеанд, ки мустакилона, бе кумаки ягон кас аз чое ба чое харакат ва шароити мухитро муайян карда наметавонанд, харчанд дар онхо кувваи босира каму беш мавчуд аст, рушноиро хис карда, манбаи нурро дуруст муайян менамоянд, тархи чизхои калонро фарк мекунанд. Тезии босираи онхо хеле паст аст (яъне 0,05). Хангоми ба дарачаи муайян машк кардан ин гуна одамон бо мушкили бошад хам, мустакилона харакат карда метавонанд. Ба гурухи одамони биноияшон суст онхоеро дохил мекунанд, ки кувваи босираашон аз 0,05 то 0,3 мебошад. Хангоми нобинони истехсоли босира то ба дарачае халал меёбад, ки одам хатто бо истифода аз асбобхои махсуси оптики низ кор карда наметавонад. Суст гаштани босираро то ба дарачае, ки шахс фаъолияти касбиашро ичро карда наметавонад, нобиноии ихтисоси меноманд.
К. модарзоди ва гайримодарзоди мешавад. К.-и модарзоди натичаи нодуруст инкишоф ёфтани баъзе кисмхои магзи сар, асабхои босира, шабакияи чашм мебошад. К.-и гайримодарзоди хамчун оризаи беморихои чашм (глаукома, трахома, кератит, иллати асаби босира, мас., захролуди аз спирти метил ва г.), инчунин баъд аз садамаи гузаи чашм, осеби косахонаи чашм, зарбулати косахонаю магзи сар инкишоф меёбад. Он бештар дар натичаи касалии глаукома ва осеби чашм пайдо мешавад. Аз ин ру, муассисахои нигахдории тандурусти барои пешгирии беморихои чашм, махсусан дар саноат ва кишоварзи, пешгири ва саривакт ошкор намудани амрози чашм, хусусан глаукома, чорахо мебинанд
Барои чалб кардани нобиноён ба мехнати муфиди чамъияти ва баланд бардоштани дарачаи фархангии онхо Чамъияти нобиноёни Точикистон корхои зиёдеро амали мегардонад. Ба аъзоии чамъият одамон аз 14-солаги, ки кувваи босираашон дар чашми нисбатан сихат то 0,08 (бо айнак) аст ва шахсоне, ки доираи нигохашон якбора танг шудааст, кабул карда мешаванд.
Хануз дар солхои аввали Хокимияти Шурави конуни давлат дар бораи бо кор таъмин кардан ва таълиму тарбияи касбии нобиноён кабул шуда буд. Конун ба ин гуна шахсон имконият дод, ки баробари одамони бино хонанд ва мехнат кунанд. Масъалаи бо кор таъмин кардани нобиноён пурра хал шудааст. Нобиноёне, ки дар истехсолот кор мекунанд, асбобхои баландшиддат ва пастшиддат, тачхизоти техникаи нур, маснуоти дастгоххои барки тайёр мекунанд. Дар асоси ташкили дурусти мехнат барои онхо шароити муносиб ва бехатари кор мухайё карда мешавад.
Бисёр нобиноён ба мехнати фикри машгуланд. Дар байни онхо муаллимони мактабхо, артистон, шоирони боистеъдод ва г. кам нестанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …