Главная / Илм / Кадуи талх

Кадуи талх

kadui_talx-540x330Кадуи талх — Инро дар як катор махалхо точикон чубкаду низ меноманд. Кадуи талх монанди кадуи хуроки гушт надорад, балки факат аз пусти дарунхоли  иборат буда, дар даруни он аз кисми поёнаш тухмхо дорад. Намудаш гуногун аст: монанди кафлези кулулаи дастадор, ба шакли муруд, вале хеле азим ва гайра. Растаниаш монанди кадуи ширин биёрадор аст. Фарк дар он, ки пашмакхои барги кадуи талх монанди баргхои кадуи хуроки шахшул нест, балки нарм ва суфта мебошад.

Мизочаш бисёр гарм ва хушк аст.Хислатхои шифобахши он: одатан инро намехуранд. Ва агар камтареро аз он бихуранд, кайи башиддат меоварад. Агар хамин тавр кай намоянд, зик-ун-нафасро, ки сабабаш сарди ва тари бошад ва хатто кухна шуда бошад ва инчунин сурфаи тари кадимаро шифо мебахшад.

Оби гулашро дар бини чаконанд ё бирезанд, зардпарвин, беморихои тармизоч ва иллатхои майнаро сихат мекунад. Мизочи решааш хам гарм ва хушк аст. Агар решаи инро куфта гузошта банданд, варамхои хунукро тахлил ва дардхои аз сарди баамаломадаро таскин медихад.

Кадуи талхи хушкшударо бикафонанд, дар миёни сари гардани он пардае монанди пардаи тортанак мавчуд аст. Онро бароварда, махин ос карда, андакеро аз он дар бини бирезанд, зардпарвинро, ки чашму рухсорахо — хама зард гашта бошанд ва аксари беморихои майна ва рутубиро ба воситаи ихроч кардани рутубат ва балгамхои зарди бисёр аз бини ва аз чашм шифо мебахшад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …