Главная / Илм / КУРОРТОЛОГИЯ

КУРОРТОЛОГИЯ

kurortologiaКУРОРТОЛОГИЯ (аз курорт ва … логия), як сохаи тиб, ки омилхои табиии табобати (обхои минерали), лойхо, хусусиятхои иклиму махал ва таъсири онхоро ба организм меомузад, усулхои босамари барои пешгирии табобат истифода бурдани онхоро пешниход мекунад.
К. балнеология, балнеотерапия (муолича бо обхои минерали), блнеотехника (асбобу дастгоххо барои тоза нигох доштани обхои минерали), таълимот оид ба лойхои шифобахш, физиотерапия, климатотерапияи курорти, масъалахои ташкили, баплангири ва сохтмони курортхоро дарбар мегирад. К. бо климатология, физиология ва диг. илмхои клиникию гигиени алокаи зич дорад.
Дар Точикистон омузиши илмии курортхо ва ба максади табобат истифода бурдани онхо аз с. 1930, бо ташкил ёфтани экспедитсияхои Ин-ти балнеологияи Комиссариати халкии тандурустии РСФСР, Ин-ти тиббии Тошкент ва диг. муассисахои илмии мамлакат огоз ёфт. Бо ташкил ёфтани Ин-ти давлатии тиббии Точикистон (1939) ба омузиши К. кафедрахои гуногуни он, инчунин духтурони худи курортхо машгуланд. Дар натичаи иктишофхои гидрогеологи дар чумхури захирахои калони обхои минерали ва лойхои шифобахш муайян карда шуданд.
Дар назди Шурои иттифокхои касабаи чумхури Шурои назорати курортхои иттифокхои касаба ва Чамъияти илмию амалии курортшиносон ва физиотерапевтхо мавчуд аст.
Ад.: Новохатный И. В., Белкин К. Я., Лечебные местности Таджикистана. Сталинабад, 1952; Кирадиев Х. Г., Минеральные воды и здравницы Таджикистана, Д., 1962; Вопросы бальнеотерапии на курортах Таджикской ССР, Д., 1966; Мадумаров В., Грязолечение в Таджикистане, Д., 1970.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …