Главная / Чамъият / КОНУН ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ХУКУКИИ ШАХРВАНДОНИ ХОРИЧИ ВА ШАХСОНИ БЕШАХРВАНД

КОНУН ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ХУКУКИИ ШАХРВАНДОНИ ХОРИЧИ ВА ШАХСОНИ БЕШАХРВАНД

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ВАЗЪИ ХУКУКИИ ШАХРВАНДОНИ ХОРИЧИ ВА ШАХСОНИ БЕШАХРВАНД ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Конуни мазкур вазъи хукукии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, тартиби будубош, инчунин хукуку ухдадорихои онхоро дар худуди Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

sharvand

шахрванди хоричи – шахсе, ки шахрвандии Чумхурии Точикистонро надошта, шахрванди давлати хоричи мебошад;

шахси бешахрванд – шахсе, ки тибки конунгузории ягон давлат шахрванди он хисобида намешавад;

панохгохи сиёси – ба шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд додани имконияти панох бурдан дар худуди Чумхурии Точикистон аз таъкиби сиёси дар худуди давлати шахрвандии худ ё давлати дигар, дар холати мавчуд будани хавфи вокеии чунин таъкиб, ки боиси вайронкунии хукуки инсон мегардад;

гузаштани транзити – тавассути худуди Чумхурии Точикистон ба давлати дигар гузаштани шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд;

бо рохи маъмури берун кардан – аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд хамчун чазои маъмури;

манъи воридшави – намуди махдудияти воридшавии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд ба худуди Чумхурии Точикистон;

муассисаи махсус – муассисаи махсуси макоми ваколатдори давлати, ки барои нигохдории муваккатии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванди аз худуди Чумхурии Точикистон бо рохи маъмури беруншаванда пешбини гардидааст.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи вазъи хукукии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи вазъи хукукии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон иборат мебошад.

Моддаи 3. Вазъи хукукии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон

  1. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон аз хукуку озодихои мукарраргардида истифода мебаранд ва баробари шахрвандони Точикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст.
  2. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон новобаста аз миллат, нажод, чинс, забон, эътикоди дини, мавкеи сиёси, вазъи ичтимои, тахсил ва молу мулкдар назди конун баробаранд.
  3. Чумхурии Точикистон нисбат ба шахрвандони давлатхое, ки дар онхо хукуку озодихои шахрвандони Чумхурии Точикистон махдуд карда мешаванд, махдудиятхои мувофик мукаррар мекунад.
  4. Аз тарафи шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон истифода шудани хукуку озодихо набояд ба манфиатхои давлат, хукуку манфиатхои конунии шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони дигар зарар расонад.

Моддаи 4. Ухдадории шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд оид ба риояи конунгузории Чумхурии Точикистон

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар худуди Чумхурии Точикистон ухдадоранд, ки Конститутсия ва конунхои Чумхурии Точикистонро эхтиром ва риоя кунанд, расму анъанаи халкхои сокини худуди Чумхурии Точикистонро гироми доранд.

Моддаи 5. Будубоши доими ва муваккатии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон

  1. Истикоматкунандагони доими дар Чумхурии Точикистон он шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванде эътироф мешаванд, ки дорои гувохномаи истикомати аз чониби макомоти корхои дохили додашуда мебошанд.
  2. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд ухдадоранд, ки дар муддати 3 рузи кори аз санаи ба Чумхурии Точикистон ворид шуданашон бо тартиби мукарраргардида аз кайд гузашта, баъд аз ба охир расидани мухлати истикоматашон Чумхурии Точикистонро тарк намоянд, агар тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалии Точикистон тартиби дигар пешбини нагардида бошад. Коидахои бакайдгирии шиносномахои шахрвандони хоричи ва намунаи варакаи бакайдгириро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.
  3. Шахрвандони хоричие, ки дар Чумхурии Точикистон бо тартиби бераводид будубоши муваккати доранд, ба мухлати на зиёда аз мухлатхои мукаррарнамудаи шартномахои байналмилалии Точикистон ба кайд гирифта мешаванд. Дар холати набудани чунин шартномахои байналмилалии Точикистон, агар мухлати будубоши бераводид дарч нашуда бошад, бакайдгири ба мухлати дар аризаи шахрванди хоричи ё дархости ташкилоти кабулкунандаи шахрванди хоричи нишондодашуда, вале на зиёда аз 1 сол амали карда мешавад.
  4. Шахрвандони хоричие, ки дар Чумхурии Точикистон будубоши муваккати доранд, ухдадоранд бо тартиби мукарраргардида то ба итмом расидани мухлати будубош мухлати раводид ва бакайдгириро тамдид намоянд.
  5. Шахрвандони хоричие, ки дар Чумхурии Точикистон будубоши муваккати дошта, шахрванди давлатхое мебошанд, ки бо Чумхурии Точикистон тартиби рафту омади бераводид доранд, ухдадоранд бо тартиби мукарраргардида мухлати амали бакайдгириро ба мухлати зарури, вале на зиёда аз 1 сол тамдид намоянд.

Моддаи 6. Панохгохи сиёси

  1. Чумхурии Точикистон ба шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванде, ки гирифтори вайронкунии хукуки инсон гаштаанд, метавонад панохгохи сиёси дихад.
  2. Тартиби додани панохгохи сиёсиро Президенти Чумхурии Точикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 2.

ХУКУК, ОЗОДИ ВА УХДАДОРИХОИ АСОСИИ ШАХРВАНДОНИ ХОРИЧИ ВА ШАХСОНИ

БЕШАХРВАНД ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН 

Моддаи 7. Хукук ба фаъолияти мехнати

  1. Фаъолияти мехнатии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон танзим карда мешавад.
  2. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванде, ки ба Чумхурии Точикистон барои истикомати муваккати омадаанд, ба фаъолияти муайяни мехнати ба шарте машгул шуда метавонанд, ки он бо максадхои ба Чумхурии Точикистон ворид шуданашон мувофик бошад.
  3. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд бо шахрвандони Чумхурии Точикистон дар муносибатхои мехнати хукуку ухдадорихои баробар доранд.
  4. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон фаъолияти мехнатиро дар асоси ичозате, ки аз чониби макомоти ваколатдори давлати дода мешавад, амали карда метавонанд.
  5. Коидахои додани ичозати кор ба шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванде, ки дар Чумхурии Точикистон фаъолияти мехнатиро амали менамоянд ва намунаи хуччати ичозати он аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.

Моддаи 8. Хукук ба истирохат

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки дар Чумхурии Точикистон карор доранд, дар асосхои умуми хукук ба истирохат доранд.

Моддаи 9. Хукук ба хифзи саломати

  1. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон ба хифзи саломати хукук доранд.
  2. Тартиби расондани кумаки тиббиро ба шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванде, ки ба Чумхурии Точикистон барои истикомати муваккати омадаанд, конунгузории Чумхурии Точикистон муайян менамояд.
  3. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд бо тартиб ва шартхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хаёт ва саломатии худро сугурта менамоянд.

Моддаи 10. Хукук ба хифзи ичтимои

  1. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванде, ки дар Чумхурии Точикистон истикомати доими мекунанд, барои гирифтани кумакпулихо, нафака ва намудхои дигари таъминоти ичтимои мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон хукук доранд.
  2. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванде, ки ба Чумхурии Точикистон барои истикомати муваккати омадаанд, барои гирифтани кумакпулихо ва намудхои дигари таъминоти ичтимои дар асос ва бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хукук доранд.
  3. Агар барои таъин кардани нафакаи шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд собикаи кории муайян талаб карда шавад, дар асос ва тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ба ин собика метавонад мухлати фаъолияти мехнатии анчомдодаи у дар хорича дохил карда шавад.

Моддаи 11. Хукук ба манзил

  1. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба манзил барои ба истифодаи муваккати гирифтани манзили истикомати хукук доранд.
  2. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд хукуки хамчун моликият ба даст овардани биною хонахои истикомати, инчунин дигар бинохоеро, ки ба фонди манзил дохил шудаанд (ба истиснои ба даст овардани мерос аз чониби ворисони конуни), надоранд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.
  3. Коидахои пешниход намудани молу мулки гайриманкул бо максади чойгир кардани намояндагихои дипломати, намояндагихои созмонхои байналмилалии ба онхо баробаркардашуда ва муассисахои консулии давлатхои хоричи дар Чумхурии Точикистон аз чониби Президенти Чумхурии Точикистон муайян карда мешаванд.

Моддаи 12. Хукукхои молумулки ва шахсии гайримолумулки

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон метавонанд молу мулки хусуси дошта бошанд, молу мулкро ба мерос монанд ё гиранд, хукуки муаллифии асархои илми, адабиёт ва санъат, ихтироот, намунахои саноати, инчунин дорои хукукхои дигари молумулкию гайримолумулки бошанд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошад.

Моддаи 13. Хукук ба тахсил

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки дар Чумхурии Точикистон истикомат доранд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон хукук ба тахсил доранд.

Моддаи 14. Хукук ба истифодаи дастовардхои фарханги

  1. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон барои истифодаи дастовардахои фарханги хукук доранд.
  2. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон ухдадоранд, ки нисбат ба ёдгорихои таърихию фарханги ва арзишхои дигари Чумхурии Точикистон эхтиёткорона муносибат намоянд.

Моддаи 15. Иштирок дар иттиходияхои чамъияти

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванде, ки дар Чумхурии Точикистон истикомати доими доранд, хукук доранд ба иттифокхои касаба, чамъиятхои илми, фарханги, варзиши ва иттиходияхои дигари чамъияти, гайр аз хизбхои сиёси, дохил шаванд, агар ин хилофи хуччатхои таъсисии иттиходияхои мазкур ва конунгузории Чумхурии Точикистон набошад.

Моддаи 16. Озодии вичдон

  1. Ба шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар баробари шахрвандони Чумхурии Точикистон озодии вичдон кафолат дода мешавад.
  2. Барангехтани хусумат ва бадбини вобаста ба дину мазхаб манъ аст.

Моддаи 17. Муносибатхои оилави

  1. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон метавонанд бо шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахрвандони давлатхои дигар мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалии Точикистон акди никох банданд ва онро бекор кунанд.
  2. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон баробари шахрвандони Чумхурии Точикистон дар муносибатхои оилави аз хукукхои баробар истифода мебаранд ва дорои ухдадорихои баробар мебошанд, агар дар конунгузории Чумхурии Точикистон тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

Моддаи 18. Дахлнопазирии шахс ва манзил

Мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон барои шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дахлнопазирии шахс ва манзил кафолат дода мешаванд, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.

Моддаи 19. Дар худуди Чумхурии Точикистон аз як чо ба чои дигар рафтан ва

чои истикомат интихоб намудани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд метавонанд дар худуди Чумхурии Точикистон тибки тартиби будубоши шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, аз як чо ба чои дигар раванд ва чои истикомати худро дар Чумхурии Точикистон интихоб намоянд.

Моддаи 20. Андоз, боч ва дигар пардохтхои хатми

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон андоз, боч ва дигар пардохтхои хатмиро месупоранд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.

Моддаи 21. Хифзи хукуки шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд

  1. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон барои хифзи хукукхояшон метавонанд ба суд ва дигар макомоти давлати мурочиат намоянд.
  2. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар суд баробари шахрвандони Чумхурии Точикистон аз хукукхои мурофиави истифода мебаранд.

Моддаи 22. Муносибат ба хизмати давлати ва хукуки интихоботи

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд тибки конунгузории Чумхурии Точикистон наметавонанд ба макомоти конунгузор, ичроия ва суди интихоб ва ё таъин шаванд, инчунин дар интихобот ва раъйпурси иштирок намоянд.

Моддаи 23. Муносибат ба хизмати харби

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд барои хизмати харби дар сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон ва дигар сохторхои харби ухдадор намебошанд.

БОБИ 3.

БА ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ВОРИД ШУДАН ВА АЗ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

БАРОМАДАНИ ШАХРВАНДОНИ ХОРИЧИ ВА ШАХСОНИ БЕШАХРВАНД

 

Моддаи 24. Ворид шудан ба Чумхурии Точикистон

  1. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд бо шиносномахои хоричи ё хуччатхои дигари ивазкунандаи онхо, дар сурати мавчуд будани раводиди амалкунандаи Чумхурии Точикистон, метавонанд ба Чумхурии Точикистон ворид шаванд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.
  2. Раводиди Чумхурии Точикистон аз чониби муассисахои консулии Чумхурии Точикистон, макомоти корхои хоричи ва намояндагихои он дар худуди Чумхурии Точикистон дода мешавад.
  3. Чумхурии Точикистон метавонад нисбат ба давлатхои алохида дар асоси принсипи мутакобила низоми бераводидро чори намояд.
  4. Карор дар бораи яктарафа чори намудани низоми бераводид бо кишвархои хоричи дар асоси пешниходи макомоти корхои хоричии Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон кабул карда мешавад.
  5. Ба шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд дар холатхои зерин барои ворид шудан ба Чумхурии Точикистон ичозат дода намешавад:

– чихати таъмини амнияти милли, хифзи тартиботи чамъияти ё саломатии ахоли;

– агар у бар зидди сохибихтиёрии Чумхурии Точикистон баромад карда, барои халалдор гардидани ягонаги ва тамомияти арзии Чумхурии Точикистон даъват намояд ё намуда бошад;

– агар чунин махдудкуни барои хифзи хукук ва манфиатхои конунии шахрвандони Чумхурии Точикистон ва шахсони дигар зарур бошад;

– агар маълумот дар бораи иштироки у дар амалхои террористи ва экстремисти мавчуд бошад;

– агар аз чониби у холатхои риоя нагардидани конунгузории Чумхурии Точикистон ошкор шуда бошанд;

– агар дар вакти пешниход кардани дархост чихати ворид шудан дар бораи худ маълумоти бардуруг дода ё хуччатхои заруриро пешниход накарда бошад;

– агар дар кофтукови макомоти дахлдори давлатхои дигаре карор дошта бошад, ки Точикистон бо онхо шартнома дар бораи истирдод бастааст;

– дар холатхое дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст.

  1. Ба шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки аз худуди Чумхурии Точикистон бо рохи маъмури берун карда шудаанд, ворид шудан ба Чумхурии Точикистон дар муддати панч сол аз рузи кабули карори дахлдор манъ аст.
  2. Дар сурати ду ва ё зиёда маротиба аз худуди Чумхурии Точикистон бо рохи маъмури берун карда шудани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ворид шудани онхо ба Чумхурии Точикистон дар муддати дах сол аз рузи кабули карори дахлдор манъ аст.

Моддаи 25. Баромадан аз худуди Чумхурии Точикистон

  1. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд аз худуди Чумхурии Точикистон бо шиносномахои хоричи ё хуччатхои дигари ивазкунандаи онхо, дар сурати мавчуд будани раводиди амалкунандаи Чумхурии Точикистон хукуки баромадан доранд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.
  2. Дар сурати аз худуди Чумхурии Точикистон баромадани шахсони бешахрванд, ки дар Чумхурии Точикистон истикомати доими доранд, хуччати ивазкунандаи шиносномаи хоричи шаходатномаи шахси бешахрванд мебошад, ки аз чониби макомоти корхои дохили дода мешавад.
  3. Ба шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд дар холатхои зерин барои баромадан аз худуди Чумхурии Точикистон ичозат дода намешавад, агар:

– барои ба чавобгарии чинояти ё маъмури кашидани у асос бошад;

– у барои содир намудани чиноят махкум шуда бошад, то адои чазо ё озодшави аз чазо;

– баромадани у хилофи манфиатхои таъмини амнияти милли бошад, то катъ гардидани амали холатхое, ки ба баромадан монеъ мешаванд;

– дар назди Чумхурии Точикистон, шахсони вокеи ва хукукии он ухдадории молияви ва молумулки дошта бошад, то ичрои чунин ухдадорихо;

– холатхои дигари мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон вучуд дошта бошанд, ки ба баромадани у монеъ мешаванд.

Моддаи 26. Гузаштани транзити

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки раводиди транзитии Чумхурии Точикистонро доранд, метавонанд аз худуди Чумхурии Точикистон ба тарики транзити гузаранд, коидахои гузаштани транзитиро дар нуктаи сархадии Чумхурии Точикистон аз руи хати харакати мукарраршуда риоя кунанд ва дар худуди Чумхурии Точикистон ба мухлати дар раводиди транзити нишондодашуда таваккуф намоянд, агар конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалии Точикистон тартиби дигарро пешбини накарда бошанд.

Моддаи 27. Мукаррар намудани коидахои ворид шудан ба Чумхурии Точикистон,

будубош, баромадан аз Чумхурии Точикистон, гузаштани транзити тавассути

худуди Чумхурии Точикистон

Коидахои ворид шудан ба Чумхурии Точикистон, будубош, баромадани шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд аз Чумхурии Точикистон ва гузаштани транзитии онхо тавассути худуди Чумхурии Точикистон аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 28. Назорати будубоши шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд

дар Чумхурии Точикистон

Назорати будубош ва харакати транзитии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар Чумхурии Точикистон аз чониби макомоти корхои дохили ва макомоти дигари ваколатдор тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад.

БОБИ 4.

МАСЪУЛИЯТИ ШАХРВАНДОНИ ХОРИЧИ ВА ШАХСОНИ БЕШАХРВАНД БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ КОИДАХОИ БУДУБОШ ДАР ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН, КАМ КАРДАНИ МУХЛАТИ БУДУБОШ ВА БО РОХИ МАЪМУРИ БЕРУН КАРДАНИ ОНХО

 

Моддаи 29. Чавобгари барои амалхои зиддихукуки

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки дар худуди Чумхурии Точикистон амалхои зиддихукуки содир кардаанд, тибки асосхои умуми ба чавобгари кашида мешаванд, ба истиснои холатхои мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ва шартномахои байналмилалии Точикистон.

Моддаи 30. Масъулият барои риоя накардани коидахои будубош дар Чумхурии Точикистон

Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд ухдадоранд, ки коидахои будубошро дар Чумхурии Точикистон риоя кунанд, аз чумла бе хуччати хукуки истикомат ё бо хуччатхои калбаки дар Чумхурии Точикистон истикомат накунанд, тартиби мукарраршудаи бакайдгири ё сабти махалли истикомат, ё аз як чо ба чои дигар рафтан ва интихоби чои истикоматро риоя кунанд, баъди анчоми мухлати таъиншудаи будубоши худ аз баромада рафтан саркаши накунанд, инчунин коидахои гузаштани транзити тавассути худуди Чумхурии Точикистонро риоя кунанд.

Моддаи 31. Кам кардани мухлати будубош дар Чумхурии Точикистон

  1. Мухлати муайяни будубоши шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки талаботи Конуни мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистонро риоя намекунанд, кам карда мешавад.
  2. Мухлати будубоши шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд дар Чумхурии Точикистон дар холатхое низ кам карда мешавад, ки асос барои будубоши минбаъдаи у аз байн рафта бошад. Дар чунин холат шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд ухдадор аст дар мухлати муайяннамудаи макомоти ваколатдор, вале на дертар аз дах рузи таквими худуди Чумхурии Точикистонро тарк намояд. Карор дар бораи кам кардани мухлати будубоши шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд аз тарафи макомоти корхои дохили, корхои хоричи ва амнияти милли кабул карда мешавад.

Моддаи 32. Бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани

шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд

  1. Шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд барои риоя накардани конунгузории Чумхурии Точикистон оид ба будубош, ворид ва баромадан аз Чумхурии Точикистон, гузаштани транзити тавассути худуди Чумхурии Точикистон ва холатхои дигар бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон дар асоси санади суди бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун карда мешавад.
  2. Карор дар бораи бо рохи маъмури аз худуди Чумхурии Точикистон берун кардани шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд ба макомоте, ки парвандаро огоз намудааст, макомоти корхои дохили, корхои хоричи ва амнияти милли фиристода мешавад.
  3. Бо рохи маъмури берун кардани шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд аз худуди Чумхурии Точикистон аз хисоби худи шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд ё аз хисоби шахси даъваткунанда ва ё аз хисоби шахсони сеюм амали карда мешавад.
  4. Макомоти дахлдор карорро дар бораи бо рохи маъмури берун кардани шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд ичро намуда, аз натичааш ба суде, ки карорро кабул намудааст, хабар медиханд.
  5. Макоми давлатие, ки карорро дар бораи берун кардани шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд аз худуди Чумхурии Точикистон ичро менамояд, намояндагии дипломати ва муассисахои консулии давлати хоричиро, ки шахси берункардашаванда шахрванди он мебошад ва ё дар худуди он истикомат мекунад, ба воситаи макомоти корхои хоричии Чумхурии Точикистон огох месозад.
  6. Шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд, ки нисбати у карор дар бораи бо рохи маъмури берун кардан аз худуди Чумхурии Точикистон кабул гардидааст, метавонад то ичрои карори мазкур бо карори суд дар муассисаи махсус чудокардашудаи макомоти корхои дохили ва макомоти амнияти милли нигох дошта шавад ё ба кафилии шахрванди Чумхурии Точикистон супорида шавад.

БОБИ 5.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 33. Имтиёзхо ва масунияти рохбарон ва кормандони намояндагихои давлатхои хоричи ва шахсони дигар

Имтиёзхо ва масунияти рохбарон ва кормандони намояндагихои дипломати, консулгари ва шахрвандони хоричии ба онхо баробаркардашуда бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон мукаррар карда мешаванд.

Моддаи 34. Танзими будубоши кормандони намояндагихои хоричи

Будубоши кормандони намояндагихои дипломати ва муассисахои консулии давлатхои хоричи, инчунин аъзои оилахои онхо бо конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Точикистон танзим карда мешавад.

Моддаи 35. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

Моддаи 36. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон

«Дар бораи вазъи хукукии шахрвандони хоричи дар Чумхурии Точикистон»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 1 феврали соли 1996 «Дар бораи вазъи хукукии шахрвандони хоричи дар Чумхурии Точикистон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1996, №3, мод. 55; с. 1997, №9, мод. 117, фасли XXIII; с. 1998, №10, мод. 119, фасли XII; с. 2001, №7, мод. 475; с. 2003, №8, мод. 452; с. 2009, №3, мод. 93, №12, мод. 817; с. 2011, №12, мод. 834; с. 2012, №7, мод. 713; с. 2014, №3, мод. 146) аз эътибор сокит дониста шавад.

Моддаи 37. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

           Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                              Эмомали Рахмон

 

       ш. Душанбе,

2 январи соли 2018,

           № 1471

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …