Главная / Илм / КАРИЕСИ ДАНДОН

КАРИЕСИ ДАНДОН

kariesi-dandonКАРИЕСИ ДАНДОН (Caries dentium), хураи дандон, бемории маъмули дандонхо. Хангоми К. д. бофтахо нарму вайрон ва дандон сурох мегардад. К. д. дар овони чавони руй медихад. Дар кудакон бештар дандонхои курсии аввал ба кариес дучор мешаванд.
Сабабхои пайдоиши К. д. алхол пурра муайян нашудааст. Вале як чиз маълум аст, ки тагзияи нодуруст, мас., бисёр истеъмол кардани канду гизохои хамири, нарасидани витаминхо, калсий ва фосфор, кам истеъмол кардани сабзавоту мева (вакти жовидани онхо дандонхо худ ба худ тоза мешаванд), нигохубини нодурусти дандонхо ба инкишофи К. д. мусоидат мекунанд. Азбаски мабдаи дандонхо хануз дар 5 – 6 хафтагии чанин (дар батн) ташаккул меёбад, тагзияи нодуруст ва беморихои давраи хомилагии модар низ боиси ба К. д. гирифтор шудани кудак мегарданд. Дар баъзе нохияхои чугрофи дар таркиби об фтор намерасад. Ин холат, албатта, ба дандони кудакон бе таъсир намемонад. К. д. дар мавриди хуручи табларза ва беморихои сироятии вазнин, дар давраи ба балогат расидани кудакон (алалхусус духтарон) низ мушохида мешавад. Хуручи бештари К. д. ба давраи хомилаги вобаста аст. Сабаби он тагийроти физиологии организми модар, дигаргунии фаъолияти гадудхои усораи дохили, ихтилоли мубодилаи моддахо (бинобар ташаккули скелети чанин бисёр зарур шудани калсий) махсуб мешаванд.
Огози К. д., одатан, ноаён мемонад, чунки кариб ягон нишона надорад; баъзан дар гилофаки дандон ё назди вора догхои бурмонанд ё зардча намоён мешаванд, ки аломати тагйир ёфтани сирри дандон аст. Минбаъд сирри хамин чои дандон нарм мешавад (онро факат духтур бо асбобхои махсус ошкор мекунад). Ин иллатро кариеси сатхи меноманд. Дар ин давра хангоми ба дандон расидани чизи ширин, турш, бо чутка шустани дандон дард ба вучуд меояд. Сурохи тадричан чукур ва устухони дандон вайрон мешавад, агар ба сурохи хурок дарояд ё оби гарму хунук расад, дард мекунад (баъди дур кардани ангеза дарди дандон зуд бартарф мегардад). Ин давраи кариеси амик аст. Агар саривакт ба духтури дандон мурочиат карда, иллати кариес боздошта нашавад, бактерияхо ба магзи дандон – пулпа медароянд ва он газак мегирад (ниг. Пулпит). Хамзамон бо ин пулпите, ки табобат наёфтааст ахволро вазнинтар карда, боиси газаки бофтахои атрофи решаи дандон мегардад (ниг. Периодонтит). К. д.-хои шири ва доимии бачахои синни мактаби нисбат ба калонсолон зудтар ба амал меояд. Дар давоми 1 – 1,5 сол дандон вайрон шуда, оризахои гуногун сар мезананд. Баъзан дандон дар зери пломба низ аз кор мебарояд. Сабаб дар он аст, ки бофтахои сахти дандони бачахо нисбат ба калонсолон камтар охак бастаанд ва ба таъсири микроорганизмхо чандон бардошт надоранд.
К. д.-ро духтури стоматолог табобат мекунад. Муоличаро хар чи пештар, дар ибтидои пайдоиши сурохи, огоз бояд кард. Муолича аз коркарди махсус ва пломба кардани дандонхои иллати иборат аст. Вакти тоза кардани сурохи дандон ва пломба гузоштан ба кариеси сатхи одам дардро хис намекунад. Азбаски табобати кариеси амик дарднок мешавад, бинобар ин мавриди муолича аз усули бедардгардони истифода мебаранд.
Пешгирии К. д. ба маънои васеъаш бояд дар давраи хомилаги огоз ёбад: табобати беморихои зани хомила; истеъмоли гизои хушсифате, ки ба микдори зарури сафеда, равган, карбогидрат, витамину намакхои минерали, хусусан калсий ва фосфор дорад (онхо барои бунёди скелети чанин ва мубодилаи моддахои хомилагон хеле мухиманд) ва г. Хамаи ин барои инкишофи чанин, аз чумла, бунёди дурусти мабдаъ ва ташаккули минбаъдаи дандонхо заминаи мусоид фарохам меоранд.
Ба навзодхо ва кудакони ширмак, агар хурондани шири сина гайриимкон бошад, омехтахои хурокии махсус додан зарур аст (ниг. Кудаки ширмак). Бачахои синни ясли бояд гизоеро истеъмол кунанд, ки сафедахои хайвонот доранд (шир, гушт, тухм ва г.). Баробари пайдо шудани ширдандонхои курси (такрибан аз дусолаги) ба кудак сабзи, себ ва карам додан зарур аст. Ба гизои кудакони синни томактаби канд ва махсули каннодиро бисёр дохил кардан чоиз нест. Дар ин синну сол кудаконро мунтазам бояд ба стоматолог нишон дод. Агар духтур К. д.-хои шириро ошкор кунад, ба табобати он зуд шуруъ намуда, минбаъд назорат бояд кард, ки иллат дуюмбора пайдо нашавад (дар зери пломба); дар мавриди дар зери пломба ба вучуд омадани кариес пломбаро нав мекунанд, кушиш менамоянд, ки ширдандонхои иллатиро то баромадани дандонхои доими нигох доранд. Барвакт кандани ширдандонхо инкишофи устухони чогро суст карда, ба нодуруст баромадани дандонхо сабаб мешавад, таносуби раддаи дандонхоро вайрон месозад. Ба кудакон дуруст ва доимо истифода бурдани чуткаи дандон, дандонковак ва баъди тановул обгардон кардани дахонро ёд бояд дод.
Агар дар таркиби оби нушоки фтор кам бошад, ба он фтор илова мекунанд. Дар холати зиёд будани фтор микдори онро кам менамоянд, то ки сири дандонро вайрон насозад. Барои шустани дандонхо аз хамирахои фтордор истифода бурда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …