Пас аз эхёи дини Ислом дар илми табиатшиноси кашфиётхои чидди ба вукуъ пайвастаанд?
Чавоб: Кашфиёте, ки дар сохаи улуми табиатшиносиву дакик пас аз эхёи дини Ислом, ё бо шарофати Мухаммад (а) ва Имоми Аъзам дар Мовароуннахру Хуросон ва Багдоду Димишк ба вучуд омаданд мислашро то нимаи дуюми асри XX, мо дар хеч кадом гушаву канори дунё надидаем. Масалан, пас аз ба вучуд омадани дини Ислом Ал-Кинди дар чодаи фалсафа хамчун нахустин файласуф шинохта шуд. У дар охири асри VII ба дунё омада, солхои 850-860 аз олам гузашт. Ба кавли мухаккикон фалсафаи асри Миёнаи Шарк бо номи ду кас меболад: яке Ал-Кинди, дигаре Хасани Хамадони. Ал-Кинди бо супориши халифаи араб Маъмун китобхои Афлотун, Арасту ва дигар файласуфхои Юнонро ба забони араби тарчума кардааст. Шумораи китобхои тарчума кардан у зиёда аз 200 китоб буда, 65 китоби дигарро аз нав тарчума кардааст. Таснифи илмхо бори аввал дар Шарк ба калами Ал-Кинди мансуб аст. У мантик, сиёсатшиноси, ахлоку одоб, риёзиёт, курашиноси (сферология), назарияи мусики, муначчими, метеорология, геометрия, космология (коинотшиноси), астрология, табб ва гайраро тасниф (классификация) кардааст.
Дар Асрхои Миёна дар Аврупо номи Ал-Киндиро дар катори номхои Бэкон, Ал-Газен, Птоломей ва дигар бехтарин ашхоси бузурги чахони мегузоштанд ва асархои уро тарчима мекарданд. О. Лутх дар мусаввадаи худ бо унвони «Ал-Кинди алс астролог» хабар медихад, ки Ал-Кинди рузи фанои халифатро пешгуи карда буд.
Ал-Хоразми ва Насриддини Туси алгебра ва тригонометрияро кашф карда, онро ба илми мустакил табдил доданд. Илми нучум вусъат ёфта, на факат сабабгори инкишофи риёзиёт гардид, балки илми хайат (космогония) хам шуд. Олимони точик дар бораи вучуд доштани галактикаи дигар низ иттилоъ доданд. Масалан, Абдурахмон Ал-Суфи соли 946 дар китоби худ «Кавкаби сокин» дар бораи мавчуд будани Галактикаи дигар хабар дод, ки пас аз 835 сол, яъне дар соли 1781 мелоди, инро Шарл Мэссе дар фехрасти маъруфи хеш «Тумани ва мачмуи ахтарон» тасдик кард.
Ибни Хайсам, Ал-Беруни ва Ибни Сино дар сохаи физика ва оптика кашфиёти нодир карда, инъикоси нурро дар замин, ситорахо, фавворахо, куххо ва г. муайян карданд, заминчунби ва дигар хаводиси табиатро шарх доданд. Абубакри Рози ва Ибни Хайём дар илми кимиё кашфиёти беназире кардаанд. Онхо чараёни булуршави, хал шудани моддахои кимиёви дар моеъ, гудохтани филизот, ранг кардани матоъхо ва г. ноил гардиданд, бори аввал дар таърихи инсоният кислотаи нитроген, симоби хлор ва навшотирро хосил карданд. Бо сарпарастии Умари Хайём дар арзи панч сол таквими навро ба вучуд оварданд, ки ба кавли Карл Маркс «ин хисоби нави вакт буда, дар асоси мушохидаи муначчими аз 15 марти соли 1079 огоз ёфтааст. Хамчунин таквим дар Аврупо пас аз 503 сол аз тарафи саррухонии католикхо Григории XIII ба вучуд оварда шуда буд».