Главная / Гуногун / Ислом дар илми табиатшиносӣ

Ислом дар илми табиатшиносӣ

Пас аз эҳёи дини Ислом дар илми табиатшиносӣ кашфиётҳои ҷиддӣ ба вуқўъ пайвастаанд?

Ҷавоб: Кашфиёте, ки дар соҳаи улуми табиатшиносиву дақиқ пас аз эҳёи  дини Ислом, ё бо шарофати Муҳаммад (а) ва Имоми Аъзам дар Мовароуннаҳру Хуросон ва Бағдоду Димишқ ба вуҷуд омаданд мислашро то нимаи дуюми асри XX, мо дар ҳеҷ кадом  гўшаву канори дунё надидаем. Масалан, пас аз ба вуҷуд омадани дини Ислом Ал-Киндӣ дар ҷодаи фалсафа ҳамчун нахустин файласуф шинохта шуд. Ў дар охири асри VII ба дунё омада, солҳои 850-860 аз олам гузашт. Ба қавли муҳаққиқон фалсафаи асри Миёнаи Шарқ бо номи ду кас меболад: яке  Ал-Киндӣ, дигаре Ҳасани Ҳамадонӣ. Ал-Киндӣ бо супориши халифаи араб Маъмун китобҳои Афлотун, Арасту ва дигар файласуфҳои Юнонро ба забони арабӣ тарҷума кардааст. Шумораи китобҳои тарҷума кардан ў зиёда аз 200 китоб буда, 65 китоби дигарро аз нав тарҷума кардааст. Таснифи илмҳо бори аввал дар Шарқ ба қалами Ал-Киндӣ мансуб аст. Ў мантиқ, сиёсатшиносӣ, ахлоқу одоб, риёзиёт, курашиносӣ (сферология), назарияи мусиқӣ, мунаҷҷимӣ, метеорология, геометрия, космология (коинотшиносӣ), астрология, табб ва ғайраро тасниф (классификация) кардааст.

kuhДар Асрҳои Миёна дар Аврупо номи Ал-Киндиро дар қатори номҳои Бэкон, Ал-Газен, Птоломей ва дигар беҳтарин ашхоси бузурги ҷаҳонӣ мегузоштанд ва асарҳои ўро тарҷима мекарданд. О. Лутҳ дар мусаввадаи худ бо унвони «Ал-Киндӣ алс астролог» хабар медиҳад, ки Ал-Киндӣ рўзи фанои халифатро пешгўи карда буд.

Ал-Хоразмӣ ва Насриддини Тусӣ алгебра ва тригонометрияро кашф карда, онро ба илми мустақил табдил доданд. Илми нуҷум вусъат ёфта, на фақат сабабгори инкишофи риёзиёт гардид, балки илми ҳайат (космогония) ҳам шуд. Олимони точик дар бораи вуҷуд доштани галактикаи дигар низ иттилоъ доданд. Масалан, Абдурахмон Ал-Сўфӣ соли 946 дар китоби худ «Кавкаби сокин» дар бораи мавҷуд будани Галактикаи дигар хабар  дод, ки пас аз 835 сол, яъне дар соли 1781 мелодӣ, инро Шарл Мэссе дар фехрасти маъруфи хеш «Туманӣ ва маҷмўи ахтарон» тасдиқ кард.

Ибни Ҳайсам, Ал-Берунӣ ва Ибни Сино дар соҳаи физика ва оптика кашфиёти нодир карда, инъикоси нурро дар замин, ситораҳо, фаввораҳо, кўҳҳо ва ғ. муайян карданд, заминчунбӣ ва дигар ҳаводиси табиатро шарҳ доданд. Абўбакри Розӣ ва Ибни Ҳайём дар илми кимиё кашфиёти беназире кардаанд. Онҳо ҷараёни булуршавӣ, ҳал шудани моддаҳои кимиёвӣ дар моеъ, гудохтани филизот, ранг кардани матоъҳо ва ғ. ноил гардиданд, бори аввал дар таърихи инсоният кислотаи нитроген, симоби хлор ва навшотирро ҳосил карданд. Бо сарпарастии Умари Ҳайём дар арзи панҷ сол тақвими навро ба вуҷуд оварданд, ки ба қавли Карл Маркс «ин ҳисоби нави вақт буда, дар асоси мушоҳидаи мунаҷҷимӣ аз 15 марти соли 1079 оғоз ёфтааст. Ҳамчунин тақвим дар Аврупо пас аз 503 сол аз тарафи саррўҳонии католикҳо Григории XIII ба вуҷуд оварда шуда буд».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …