Главная / Гуногун / Инкишофи илм дар асрхои XVII-XVIII

Инкишофи илм дар асрхои XVII-XVIII

Дар асри XVII ва нимаи аввали асри XVIII бо вучуди харачу марачи сиёси ва вазнин шудани шароит илму фанни точик ривоч дошта як зумра олимон ба таълифу таснифи асархои илми ва тадрис дар мадрасахо машгул буданд. Баъзе аз олимон баробари фаъолияти илми ба шеъру адаб низ сарукор доштанд. Дар даврони мазкур натанхо улуми расмии дини, балки илмхои сирф дуняви, монанди хайъат, зич, хандаса, чабру мукобала (алгебра ва муодилахо), кимиё ва гайра низ инкишоф меёфтанд.

Намоёнтарин олими ин давр Мулло Турсуни Фароизи Самарканди бо илмхои дуняви ва дакик машгул буд. У дар сохаи гуногуни илмхои математика, астрономия, химия ва гайра махорат дошт. Ва дар улуми дини — фикх (конунхои дини), хадис ва тафсир низ сохибфан буд. Фароизи асархои зиёд эчод кардааст. Чанде аз онхо чунин номхо доштанд: “Масоили хисобия” (“Масъалахои хисоб”), “Шархи сирочият ул-чабрия” (оид ба алгебра ва муодилахо), “Чомеъ-ул-хисоб”, “Шархи викоя” (оид ба фикх) ва гайра буданд.

ilm

Олим ва шоири намоёни ин давр Кози Лутфулло Шокири Бухорои низ дар улуми дини ва гайридини забардаст буда, дар фикху хадис, калому тафсир, хикмату хайъат, мантик ва нахву сармф мутасадди буд. Вай дар мадрасахои Бухорову Самарканд дарс хам мегуфт. Ин олим ба фанхои фалсафа (хикмат ва мантик) ва табиатшиноси низ таваччух дошт. У хамчун шоир шухрати бештаре пайдо кардааст.

Олим ва шоири боистеъдоди аср Миршарифи Муисифи Самарканди буд. У дар мадрасаи Бухоро ба машки хандаса (геометрия), танзим (ситорашиноси), аркоми зич машгул шудааст.

Дар ин давр машхуртарин олими сохаи дин Мирмухаммадшарифи Шахрисабзи, ки мударрис ва аълами Бухоро буд, бо тахаллуси Шариф шеър низ эчод мекард.

Дар асри XVII – нимаи аввали асри XVIII баробари намояндагони бузурги адабиёт ва илм таърихнависони бузург низ буданд. Махмуд ибни Вали яке аз таърихнависони маъруфи ин давра мебошад. Асари у “Бахр- ул-асрор фи манокиб-ул-ахбор“ як навъ энциклопедияест, ки аз чор чилд иборат буда, таърихи давраи аз Чингизхон то Чониёнро дарбар мегирад. Муаллифи дигар Хочи Мухаммад Салим асари таърихиро бо номи “Силсилат-ус-салотин” таълиф кардааст. У бо хонхои Бухоро хешутабори дошта, солхои дароз дар дарбори сулолаи Аштархониён хаёт ба сар мебурд, Асари мазкур векеахои таърихиро аз соли 1468 то соли 1711 дар бар карда, соли 1730 навишта шудааст.

Азбаски Мухаммадсалим аз хешовандони хонхои Бухоро буд, вокеахои зиёди дарбори, хархашахои байнихамдигарии хонадони сулолаи Аштархони ва муносибатхои онхо бо давлатхои хамсоя, махсусан бо Эрону Хиндустон ва хокхои казоку Хоразм чабру истисмори ахолии зеридасти онхо, ошубхои халки ва монанди инхоро, ки аз пеши назари муаллиф гузаштаанд, хело хуб баён кардааст.

Дигар асари мухиме, ки дар ин давра таълиф ёфтааст. “Таърихи Сайид Роким” мебошад. Муаллифи асар Мулло Шарофуддини Самарканди вокеахои таърихиро бо як тартиби муайян тасвир накарда бошад хам дар бораи одамони машхур, дар хусуси бинокори ва осори адабии асрхои XV- XVIII маълумоти хеле пуркимат медихад.

Аз таълифоти дигаре, ки дар ин давра навишта шудааст, асари Мухаммадюсуф Мунши “Таърихи Мукимхони” мебошад. Ин асар дар солхои хукмронии набераи Субхонкулихон—Мухаммад Мукимхон (1702-1707) дар Балх навишта шуд. Бинобар он муаллиф бобхои алохидаи асарашро ба масъалахои мухталифи хаёти иктисодию ичтимои ва сиёсии вилояти Балх, таърихи хонхои Бухоро, хусусан, сулолаи Аштархониён, муносибати байни Бухоро ва Балх бахшидааст.

Мухимтарин асари таърихии ии давра “Убайдуллонома”-и Мирмухаммадамини Бухори аст, ки комилан ба даври хукмронии Убайдуллохон ( 1702 -1711) бахшида шуда вокеоти гуногунро, аз чумла, ислохоти пул, ки боиси норозигии ахоли дар Бухоро ва cap задани шуриш гардид, дар бар гирифтаасг.

Дар ин давр асархои дигари таърихи низ навишта шудаанд, ки яке аз онхо асари Хучамкулбеки Балхи “Таърихи Кипчокхони” мебошад. Ин асар сарчашмаи таърихии судманд ба шумор меравад. Чунки муаллифи он шохиди вокеахои тасвиркардааш мебошад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …