Главная / Чамъият / Хукук ва ухдадорихои асосии корманд

Хукук ва ухдадорихои асосии корманд

Моддаи 18-и Кодекси Мехнат. Хукук ва ухдадорихои асосии корманд

  1. Корманд хукук дорад:

– ба бастан, тагйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи мехнати бо тартиб ва шартхои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– аз корфармо ичрои шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективиро талаб кунад, аз чумла барои мухайё намудани кори мувофик барои хатмкунандагони муассисахои таълимии тахсилоти олии касби ва муассисахои таълимии тахсилоти миёнаи касби дар асоси квотахои давлати, роххати ташкилот, бо дархости ташкилот, макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли ва муассисахои таълими ба кор омадаанд, ба истиснои мансабхои давлати дар макомоти давлати, ки таъйинот ба он тибки тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон амали карда мешавад;

– ба бехатари ва хифзи мехнат;

– ба гирифтани иттилооти пурра ва дуруст оид ба шароити мехнат ва хифзи мехнат;

– ба сари вакт ва дар хачми пурра гирифтани музди мехнат тибки шартхои шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи;

– ба пардохти музди мехнат хангоми бекористи мутобики Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– ба истирохате, ки бо рохи мукаррар намудани давомнокии вакти кори, рузхои истирохати хархафтаина, рухсатии харсолаи пардохтшаванда ва пардохтнашаванда, рузхои кутохи кор барои як катор ихтисос ва корхо таъмин карда мешавад;

– ба муттахидшави, ба хукуки таъсис додани иттифоки касаба ё дигар иттиходияхо, инчунин аъзоги ба онхо, барои муаррифи ва химояи хукукхои мехнатии худ, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон;

– ба воситаи макомоти намояндагии худ дар гуфтушунидхои коллективона ва тахияи лоихаи шартномаи коллективи иштирок намояд, инчунин бо шартномаи коллективии имзошуда шинос шавад;

– ба тачрибаомузи (коромузи), тайёркунии касби, азнавтайёркуни ва такмили ихтисоси худ бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– барои руёнидани чуброни зарари ба саломати ва молу мулки у расонидашуда бинобар ичрои ухдадорихои мехнати;

– ба сугуртаи хатмии ичтимои ва кумакпулихо аз руи сугуртаи ичтимои дар холатхои муваккатан гум кардани кобилияти мехнати ва дигар холатхое, ки санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд;

– ба кафолатхо ва чубронпулихо, аз чумла чуброни харочоти модди хангоми кучидан ба чойи нави истикомат вобаста ба кор тибки мукаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон;

– ба хифзи хукук ва манфиатхои конунии худ бо хама воситахои ба конун мухолифатнадошта;

– ба пардохти музди баробар барои ичрои кори якхела;

– мурочиат намудан барои халли бахсхои мехнати ба комиссияи созиш ё суд;

– ба чойи кори тачхизонидашуда тибки талаботи коидахои бехатари ва хифзи мехнат;

– ба таъминоти воситахои мухофизати инфироди ва коллективи, либосхои махсус вобаста ба бехатари ва хифзи мехнат мутобики талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, шартномаи мехнати, созишнома ва шарномахои коллективи;

– ба даст кашидан аз ичрои кор хангоми ба вучуд омадани вазъияте, ки ба хаёт ё саломати тахдид мекунад, бо хабар додан ба рохбари бевосита ё намояндаи корфармо;

– ба нигох доштани музди миёнаи мехнат хангоми боздоштани кори ташкилот, бинобар мутобикат надоштан ба талабот оид ба бехатари ва хифзи мехнат;

– ба мурочиат ба макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли дар бораи гузаронидани санчиши шароити бехатари ва хифзи мехнат дар чойи кор, инчунин ба иштирок дар хайати намояндаги дар санчиш ва баррасии масъалахои ба бехдошти шароитхо, бехатари ва хифзи мехнат алокаманд;

– ба шикоят аз руи амали (беамалии) корфармо дар муносибатхои мехнати;

– ба пардохти музди мехнат мувофики тахассус, мураккабии мехнат, хачм ва сифати кори ичрошуда, инчунин шароити мехнат;

– ба иштирок дар идоракунии ташкилот дар шаклхои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон, созишнома ва шартномахои коллективи;

– ба халли бахсхои мехнатии фарди ва коллективи, аз чумла ба корпартои бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон;

– дорои дигар хукукхое бошад, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар намудаанд.

  1. Корманд ухдадор аст:

– ухдадорихои мехнатиро мутобики шартномаи мехнати, созишнома ва шартномахои коллективи, санади корфармо ичро намояд;

– интизоми мехнатиро риоя кунад;

– талаботи мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон оид ба бехатари ва хифзи мехнат, бехатарии сухтор ва санитарияи истехсолиро дар чойи кор риоя кунад;

– ба молу мулки корфармо ва кормандон эхтиёткорона муносибат намояд;

– дар бораи вазъи баамаломада, ки ба хаёт ва саломатии одамон, моликияти корфармо ва кормандон тахдид мекунад, инчунин дар бораи ба вучуд омадани бекористи ба корфармо хабар дихад;

– маълумотхои дорои сирри давлати, хизмати, тичорати ё сирри дигари бо конун хифзшавандаро, ки бинобар ичрои ухдадорихои мехнати ба у маълум гардидааст, фош накунад;

– ба корфармо зарари расонидаашро дар доираи мукаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон чуброн намояд;

– дигар ухдадорихоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон пешбини намудаанд, ичро намояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …