Главная / Ҷамъият / Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корманд

Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корманд

Моддаи 18-и Кодекси Меҳнат. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корманд

  1. Корманд ҳуқуқ дорад:

– ба бастан, тағйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– аз корфармо иҷрои шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективиро талаб кунад, аз ҷумла барои муҳайё намудани кори мувофиқ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси квотаҳои давлатӣ, роҳхати ташкилот, бо дархости ташкилот, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба кор омадаанд, ба истиснои мансабҳои давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, ки таъйинот ба он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;

– ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

– ба гирифтани иттилооти пурра ва дуруст оид ба шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат;

– ба сари вақт ва дар ҳаҷми пурра гирифтани музди меҳнат тибқи шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

– ба пардохти музди меҳнат ҳангоми бекористӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ба истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рўзҳои истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва пардохтнашаванда, рўзҳои кўтоҳи кор барои як қатор ихтисос ва корҳо таъмин карда мешавад;

– ба муттаҳидшавӣ, ба ҳуқуқи таъсис додани иттифоқи касаба ё дигар иттиҳодияҳо, инчунин аъзогӣ ба онҳо, барои муаррифӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии худ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ба воситаи мақомоти намояндагии худ дар гуфтушунидҳои коллективона ва таҳияи лоиҳаи шартномаи коллективӣ иштирок намояд, инчунин бо шартномаи коллективии имзошуда шинос шавад;

– ба таҷрибаомўзӣ (коромўзӣ), тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси худ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– барои рўёнидани ҷуброни зарари ба саломатӣ ва молу мулки ў расонидашуда бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ;

– ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ ва кумакпулиҳо аз рўи суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолатҳои муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

– ба кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо, аз ҷумла ҷуброни хароҷоти моддӣ ҳангоми кўчидан ба ҷойи нави истиқомат вобаста ба кор тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ бо ҳама воситаҳои ба қонун мухолифатнадошта;

– ба пардохти музди баробар барои иҷрои кори якхела;

– муроҷиат намудан барои ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ ба комиссияи созиш ё суд;

– ба ҷойи кори таҷҳизонидашуда тибқи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

– ба таъминоти воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, либосҳои махсус вобаста ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шарномаҳои коллективӣ;

– ба даст кашидан аз иҷрои кор ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъияте, ки ба ҳаёт ё саломатӣ таҳдид мекунад, бо хабар додан ба роҳбари бевосита ё намояндаи корфармо;

– ба нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ҳангоми боздоштани кори ташкилот, бинобар мутобиқат надоштан ба талабот оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

– ба муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бораи гузаронидани санҷиши шароити бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ҷойи кор, инчунин ба иштирок дар ҳайати намояндагӣ дар санҷиш ва баррасии масъалаҳои ба беҳдошти шароитҳо, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат алоқаманд;

– ба шикоят аз рўи амали (беамалии) корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ;

– ба пардохти музди меҳнат мувофиқи тахассус, мураккабии меҳнат, ҳаҷм ва сифати кори иҷрошуда, инчунин шароити меҳнат;

– ба иштирок дар идоракунии ташкилот дар шаклҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

– ба ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва коллективӣ, аз ҷумла ба корпартоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– дорои дигар ҳуқуқҳое бошад, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

  1. Корманд уҳдадор аст:

– уҳдадориҳои меҳнатиро мутобиқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санади корфармо иҷро намояд;

– интизоми меҳнатиро риоя кунад;

– талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, бехатарии сўхтор ва санитарияи истеҳсолиро дар ҷойи кор риоя кунад;

– ба молу мулки корфармо ва кормандон эҳтиёткорона муносибат намояд;

– дар бораи вазъи баамаломада, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон, моликияти корфармо ва кормандон таҳдид мекунад, инчунин дар бораи ба вуҷуд омадани бекористӣ ба корфармо хабар диҳад;

– маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро, ки бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ба ў маълум гардидааст, фош накунад;

– ба корфармо зарари расонидаашро дар доираи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд;

– дигар уҳдадориҳоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро намояд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …