Главная / Чамъият / Хомиладор шудани духтар аз падар: Вокеаи нангин

Хомиладор шудани духтар аз падар: Вокеаи нангин

Рузе дар пеши суди оли ду занаку як духтара дидам. Харсешон гиряву нола доштанд. Шиками духтар компютер бори дам кардаги, аз отаи худаш бугуз (хомиладор) шудаст”,-ин хабарро аз забони фарроши идораамон шунида, хамаамон дар чоямон шах шуда мондем. Ин хабари гушношунид моро ба дахшат овард. Бовар кардан душвор буд, ки чунин ходиса дар чомеае, ки 90-95-фоизи мардумаш мусалмон ва хам аз конунхои ин дунёю хам аз охират бохабаранд, руй дода метавонад.

duxtar

Насли нисбатан калонсол шояд пештар чунин ходисахоро дида ё шунида бошанд, вале барои мо, насли нав, ин хабар мисли барфи дар чиллаи тобистон борида гайри интизор буд.  Нобоварона ба у нигаристанамонро дида, фаррошамон абру чин карда гуфт: “Бовар надошта бошен, ягонтатон рафта санчен, хонашон дар  тарафои дараи Алмосии Хисор будай…”

Дар чустучуи хакикат

Хабари дастдарози кардани падар ба духтар моро хеч ором намегузошт. Редаксия ба ду гурух таксим шуда, кариб хар руз сари хамин масъала бахс мекардем. Як гурух даст афшонда мегуфтанд: “Дуруг аст, ягон падар ин кори нангинро намекунад, охир падар киблагох ва пушту панохи фарзанд аст…” Гурухи дуюм “дар ин замона хар кор шуданаш мумкин аст” гуён, талаб менамуданд, ки аз пайи тахкики ин ходиса шавем. Нихоят пас аз бахсу мунозирахои бисёр карор додем, ки харчи бодо бод ба Хисор сафар карда, то кучо хакикат доштан ё надоштани хабари шунидаамонро месанчем.

Вакте дар кучо руй додани ин ходисаи нангинро аник кардан мехостем, баъзе “холдонхо” номи дехаи Гурриётро ба забон оварданд, аз ин хотир сари субх бо нияти чустучуи хакикат мо ба таксихое, ки ба самти дехаи Гурриёт мерафтанд, нишастем. Одатан ду тоифаи одамон аз хама гапу кори дунё бохабаранд: ронандахо ва  милисахо. Мо карор додем аз ронандахо дар ин бора маълумот бигирем, вале чавоби хамаашон як буд: “Намедонам, нашунидаам, надидаам…”

Раиси махалла чи гуфт?

Ронандаи такси моро дар даромадгохи дехаи Гурриёт фароварда маслихат дод, ки рост ба хонаи раиси махала равам, чунки хама баду неки  мардуми дехаро махз хамин одам медонад. Мутаассифона, раисро  дар хонааш наёфтем. Писари калониаш максади моро пурсон шуд ва бо шунидани он ки рузноманигор хастем, лахзае сукут намуда гуфт: “Росташро гуям, ман ин хабарро чанд руз пеш дар масчид шунида будам. Дар хакикат як духтараки 16-17- сола аз падари худаш хомиладор шудааст, лекин онхо аз ин деха нестанд. Хохед сурогаашро медихам, худатон ба хонаашон рафта хамаашро фахмида мегиред… “

Аз Гурриёт ба Хамдилон

Сурогаро гирифта ба колхози Хайдар Миров, аниктараш ба участкаи Хамдилон омадем ва сурог карда хонаеро ёфтем, ки ин ходисаи нангин дар он чо руй додааст. Дар паси дарвоза кудакони бисёре бози доштанд. Ягон одами калонсол наменамуд, ки чизе бипурсем. Ночор илоче карда максадамонро ба бачахо фахмондем. Яке аз бачахо бо сари хам  “ман додараш мешавам” гуён ишора кард, ки ба хона дароем. Хавлии пурдолу дарахт, хонахои навсохти нотамом, мошини тамгаи Тико дар як гушаи хавли бесохиб мехобид. Бо садои писарак аз хона зане баромада бо мо холпурси намуду гуфт:

-Биёед, ман модари хамон духтараки бадбахт хастам!

Сухбати мо бо апаи Инобат (ном иваз шудааст) дурудароз ва бисёр хузнангез буд. Дар тули ду соли охир бо супориши редаксия даххо ходисахои дахшатнокро аз кабили куштор, худсузи, занкуши, хохаркуши, модару моиндаркуши тахкик намуда, гумон доштам, ки аллакай ба чунин руйдодхои дахшатангез одат кардаам, вале хангоми сухбат бо ин зани дилшикаста муйи танам вичиррос зад. Дар дил худ ба худ мегуфтам: Барои ман, як одами бегона шунидани ин ходиса ин кадар риккатовар аст, ин занаки бечора аз падари худаш хомиладор будани духтарашро шунида ба чи хол афтида бошад. Холи зори дили ин занро ба фикрам чуз худованд, дигар касе фахмида наметавонад…

Аз падараш чи хел шубха кунам?

Соли гузашта модарамро давлени зад (фишораш якбора баланд шуда як нимаи баданаш аз кор мондааст) ва ман хамчун духтар мачбур шудам, ки модарамро беморбони кунам,-охи сард кашида ба накли ходиса сар кард апаи Инобат,-Кудаконамро хамрохам ба хонаи бибиашон мебурдам, вале як бегохи шум падарашон хохиш кард, ки Мавлударо дар хона монда равам, то барояш чою хурок тайёр кунад. Падари худашон, ки хаст, ягон гумони бад набурда ду фарзанди дигарамро бо худ гирифтаму Мавлударо дар хона монда рафтам. Хамон шаб хобхои дахшатнок дида, дилам худ аз худ сиёх шуд. Нисбати шавхарам ягон фикри бад надоштам, аз он ташвиш будам, ки духтари калон шаб танхо берун баромада аз ягон сиёхи ё саг натарсад. Хулоса, сахар ба хона баргашта духтарамро маъюсу гирён дарёфтам. Сабаби гиря карданашро пурсидам. Гуфт, ки тамоми аъзои баданаш дард карда истодааст. Мани сода дигар пурсучу накарда ба вай доруи таскинбахши дард додам ва гуфтам, ки каме хоб карда, дам гирад,  хамааш мегузарад.

Аз шубхаи авсун, то фиреби падар

Аз байн чанд мох гузашт. Дар ин миён чандин бори дигар Мавлударо бо падараш танхо гузошта ба аёдати модарам рафта омадам. Авсунам, ки гох-гох аз дари мо сар мехалонд, рузе маро хушдор дод, ки аз духтарам бохабар бошам, чунки дар руяш догхо пайдо шудаанд ва шикамаш хам дамидаги барин метобад. Дар чавоб хандида гуфтам: “Мавлудаи ман худаш фарбехак набошад хам, шикамаш аз кудакиаш хамин хел равгандор аст, догхои руяш бошанд, аз кирм пайдо шудаги”. Дар хакикат Мавлуда кирм дошт. Пештар дар пояш захм баромада буд, вакте Мавлударо ба назди духтур бурдам, гуфт, ки аз кирм аст ва таъкид кард, ки агар дуруст табобат накунем, эхтимол дар руяш хам догхои бисёре пайдо шаванд. Ман хамин гапи духтурро ба гушам халка карда, тагйиротхои духтарамро аз кирм медонистам, бехабар аз он ки Мавлудаи ман курбони кирми нафси падари худаш гаштааст.

Доруи розкушо

Падараш Мавлударо барои захмхои пояш аз муоина гузаронидани шуда ба Регар бурд. Шавхари худобехабарам барои пинхон мондани сирру асрораш аз хамон чо аз ким-кадом духтур бо бахонаи он ки зани дуюмаш хомиладор шудааст, доруи несткунандаи хамл гирифта будааст, бехабар аз он ки дору танхо то 2-3 мохаги кудакро меафтонад. Хушдоманам аз касалии саратон вафот карда буд ва хамон руз мо бояд чумъагии аввалинашро мегузарондем. Сахар ба Мавлуда фармудам, ки хамир шурида, чанд хел кандина пазад ва мисли харруза ба чойи корам рафтам. Баъди рафтани ман падараш бо максади нест кардани тифли батни Мавлуда хамон доруро ба духтарам дода, мачбур мекунад, ки хурад, то кудак афтад. Нисфирузи аз кор чавоб гирифта ба хона хамирпази омадам, вале на аз хамир дарак буд, на аз кандина. Мавлударо кохиш кардани  шуда ба хона даромадаму холи зори фарзандамро дида, хуш аз сарам парид. Духтарам мисли мор ба худ печида намедонист худашро ба кучо занад. Аз ранги заъфарониаш тарсида дубора ба бунгохи тибби, ки худам низ он чо кор мекунам, давидам ва чанд духтурро гирифта овардам. Духтури занона-Малика пас аз муоина кардани духтарам суйи ман нигохи шубхаомезе афканд ва охи сард кашида гуфт: “Бехтараш уро ба беморхонаи маркази баред, мабодо апендитсит нашуда бошад…” Якчоя ба марказ рафтем. Мавлударо муоина намуда духтурхо аввал байни худ пичир-пичир карданд, баъд яке аз онхо ба ман руй оварда гуфт: “Апа, худатона ба даст гиред, духтаратон хомиладор аст…” Бо шунидани ин гап дунё гуё ба сарам чапа шуд. Сарамро бо кафи дастонам дошта дод задам: “Духтари ман аз хона берун намебарояд, чи хел вай хомиладор аст?! Шумо хато мекунед, нагзтар бинед, ягон дарди дигар доштагист…” Мавлударо дубора ташхис намуда духтурхо боз хамон гапро гуфтанд.

Натичаи УЗИ кучо шуд?

Ба гушаи хаёлам хам намеомад, ки тифли батни духтарам аз падараш аст, бинобар ин, аз тарси он ки шавхарам хомиладор шудани духтарамро фахмад, сарамонро аз танамон чудо мекунад, ин сирро пинхон доштам. Вакте пурсид, ки ба Мавлуда чи шудааст, гуфтам, ки духтурхои район дардашро фахмида натавонистанд, бехтараш пагох худаш уро ба шахр бурда ба табибони дигар нишон дихад. Шавхарам сир бой надода рузи дигар Мавлудро ба беморхона бурд. Интизор будам, ки окибати кор чи мешуда бошад. Вакте ки отаю духтар ба хона баргаштанд, чи гуфтани духтурхоро пурсон шудам. Шавхарам варакеро ба ман дароз карда гуфт: “чигару талхааш иллат доштааст.” Мавлударо ба хонаи дигар дароварда кохиш намудам, ки барои чи бачадонашро УЗИ накарда баргаштааст. Духтарам охи сард кашида гуфт: “УЗИ кардем, вале хамон варакашро дадам даронда партофт…”

 Пуштибони тачовузкор

Баъди маъракаи хушдоманамро гузарондан аз кайсингилхоям хохиш намудам, ки Мавлударо ба нохияи Рудаки бурда аз духтур гузаронанд. Аммахояш духтарамро ба духтурхона бурда аз ташхис мегузаронанд ва мефахманд, ки тифли батнаш аллакай 7-моха шудаасту дигар илочи искоти хамл кардан нест. Ба чойи аз гиребони бародарашон гирифтан онхо ба духтарам фишор оварда, талаб кардаанд, ки гунохи падарашро руйпуш намуда, хама айбро ба гардани худаш бигирад ва ба очааш, яъне ба ман бигуяд, ки вай бо чанд кас мегашту намедонад аз ки хомиладор шудааст…

Аз падарам пурсед

Харчанд мепурсидам, ки падари тифли батнаш кист, Мавлуда коил намешуд. Дидам, ки бо зурию тахдид намешавад, илтичо кардам, ки номашро бигуй, зарур бошад, бо воситаи суд шуморо якчоя мекунем. Мавлуда гиря карда “аз дадем пурсед” гуён, ба хонаи дигар даромад. Рост ба назди шавхарам рафта гуфтам: “Мавлуда аз дадем пурсед мегуяд, шумо, ки хамон падарлаънатро медониста бошед, номашро гуед, ман худам рафта бо вай гуфтугу мекунам ва мачбур месозам, ки духтарамонро ба зани бигирад…” Шавхарам сарашро хам карда гуфт: “Ману чурем хамун одама кофсодем, ёбам, аз гирбонаш гирифта, кашола карда пешат мебиёрам»

Хамин тавр ин мардаки худонотарс маро ахмак карда мегашт, то он рузе, ки….

Хамсояхо ба милиса хабар доданд

Азбаски дар деха дар бораи Мавлуда гапу калочаи бисёре пайдо шуда буд, мо карор додем, ки то ёфт шудани гунахкор ва хал шудани ин масъала дар хонаи Рачабмох (аммаи Мавлуда) меистем, вале тавре, ки мегуянд, савдои хона ба бозор рост намеояд. Дар хонаи Рачабмох будем, ки милисахо занг зада моро ба милисахона даъват карданд. Хамсояхо ба милиса дар ин бора хабар дода будаанду онхо пурсучуро аз ахли оила сар карданд. Онхо аз падараш гумонбар шуданд, вале Ахлиддин пофишори мекард, ки суханхо дар хаки ман тухмат аст, наход ман бо фарзанди худам чунин кори харомро кунам. Рости, худам хам аввал ба ин гап бовар накардам, вале вакте духтарам икрор шуд, ки тифли батнаш аз падараш аст, хангу мангам канда назди шавхарам даромадам ва зори кардам, ки рости гапро гуяд. Ахлиддин коил нашуд, ки ин кори разилонаро бегона не, худи вай кардааст. Милисахо чиянхояшро як –як пурсидан гирифтанд. Билохира, баъд аз пурсучухои бисёр рузе худи шавхарам ба гунохаш икрор шуда гуфт: “Занак, маро бубахш, ин корро каси дигар не, худи ман кардам!» Сахттарин зарбае, ки дар зиндаги хурдам, хамин икрори кисматсузи шавхарам ба гунохи гушношунид ва нобахшиданиаш буд…

 Аз парванда то парванда

Чиянхои шавхарам маро ба гап даровардани шуда гуфтанд, ки янга, шумо боз ду фарзанди дигар доред, фикри бачахоятро карда, гунохи тагоямро бубахш ва зиндагиатро давом дех, вале вичдонам набардошт. Ман наметавонистам бо марде, ки ба фарзанди худаш дастдарози кардааст, дубора дар як болин сар монам. Харчанд зориву тавалло карданд, гунохи Ахлиддинро набахшидам. Чиянхои шавхарам диданд, ки маро ба гап дароварда наметавонанд, бо кадом рохи дигари барои ман нофахмо парвандаро хобонда, тагояшонро ба Русия гурезондан хостанд, аммо тирашон хок хурд. Бародаронам ба суди оли мурочиат намуданд ва дере нагузашта шавхарамро аз махаллаи Мясокомбинат дастгир карда, ба дастонаш завлона заданд ва бо хукми суд ба мухлати 25 сол ба зиндон равон карданд. Хукмаш рузи 21-июл баромада буд ва холо Ахлиддин дар махбас аст.

Мавлуда аз писараш даст кашид, вале…

-Холо духтаратон дар кучост?

-Дар таваллудхона. Се руз пеш Мавлударо дарди зодан гирифт. Аввал ба таваллудхонаи колхоз бурдем, вале аз сабаби камхун буданаш уро кабул накарда ба таваллудхонаи маркази фиристоданд. Ду руз дард кашида нихоят писар таваллуд кард. Пагох забонхат навишта аз кудакаш даст мекашад, баъд духтарамро ба хона мебиёрам.

-Кори нашудани аллакай шудааст, даст кашидан аз кудак дигар маъни надорад…

-Медонам, ки ин сир аллакай овоза шудаасту дигар офтобро бо доман пушонда намешавад, вале мо он кудакро ба хона оварда наметавонем. Метарсам, ки хамсояхо моро аз деха бадарга мекунанд.

-Духтаратонро нагзакак пурсучу накардед, шояд ин кор мачбури нею бо ихтиёри худаш шуда бошад…

Вакти тафтишот ин саволро ба Мавлуда чанд бор доданд. Духтарам гиря карда гуфт, ки вакте модарам ба хонаи бибиам рафтанд, падарам бо зури мушту лагад бокирагии маро гирифт ва кордро дар гулуям монда, тахдид кард, ки агар ба касе дар ин бора дахон кушои, туро бо хамин корд реза-реза мекунам. Либосхоям пур аз хун буданд, падарам худаш дар болои сарам истода мачбур кард, ки онхоро шуста обашро ба хочатхона партоям, то касе набинаду пай  набарад.

-Ин ходиса танхо як маротиба руй додааст?

-Не, аз руйи гуфти Мавлуда се маротиба, як бор дар хонаю ду бор дар таххонаи худамон.

 Ахлиддин золим буд, аммо…

Ахлиддин табиатан марди золим буд, хам ман ва хам духтарамро берахмона мезад, вале ман хеч гумон надоштам, ки вай ба чунин кори паст кодир аст. Гумон мекардам, ки баркасди ахли оилаашон моро мезанад. Рамазони соли гузашта вай маро чунон сахт мурдакуб кард, ки як мохи дароз ба тахтаи пушт хобидам. Духтурон маслихат доданд, ки барои зулму фишор шавхарамро ба суд дихам, то ислох шавад, вале ин корро накардам. Кошки хамон вакт уро ба милиса месупоридам, то шояд ин ходисаи нангин руй намедод ва ману духтарам шармандаи ду олам намегаштем. Шавхарам натанхо маро бо духтару ахлу авлодам шармандаи дусту душман гардонд, балки худашро низ бо тамоми хешу табораш русиёхи харду олам кард. Кайсингилхоям аз алам мехоханд хонаро ба номи модарашон кунанд ва баъд онро фурухта моро овораю дарбадару хокбасар созанд. Дастони ман дар сохтани ин хонахо аз кори вазнин пуробила гашта буданд, худам хишт рехтам, худам мард барин лой кашондам, имруз бошад, хохарони шавхарам маро аз манзили бо обилаи кафи дасту араки чабин ва хуни чигар бунёдкардаам берун карданиянд. Хешовандони шавхарам маро дар зиндон шудани Ахлиддин гунахкор мехисобанд, вале магар ин сирри нангинро пинхон дошта мешавад?!

Ашки чашмони апаи Инобат руяшро мешуст. Дилам ба холи ин зани аз руйи шавхари худобехабар шармсору шарманда гашта сухт, вале харчанд кушиш кардам сухани тасаллибахше ёфта натавонистам. Хомиладор шудану таваллуд кардани духтар аз падари худаш дар хакикат фочиаи гушношунид аст, худо ба сари ягон бандааш чунин рузи сахтро наорад!

Муаллиф: Махинаи Давлат

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …