Главная / Чамъият / Хочагии ёрирасони шахсИ

Хочагии ёрирасони шахсИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи хочагии ёрирасони шахсИ

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2003, №12, мод.675; соли 2006, № 7, мод. 349; с.2011, №6, мод. 449;)

 Мачлиси намояндагон                                     4 июни соли 2003 кабул кардааст

Мачлиси милли                                                21 ноябри соли 2003 чонибдори кардааст

БОБИ 1

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

Конуни мазкур асосхои хукукии ташкил ва пешбурди хочагии ёрирасони шахсиро аз тарафи шахрвандон ва хамчунин чорахои аз чониби макомоти хокимияти давлати ва махалли дастгири кардани онхоро муайян карда, ба шахрвандони Чумхурии Точикистон хукуки ташкил кардани хочагии ёрирасони шахси, мустакилияти хочаги, хифзи хукук ва манфиатхои конунии шахрвандонеро, ки дорои хочагии ёрирасони шахси мебошанд, кафолат медихад. 

Моддаи 2. Конунгузори дар бораи хочагии ёрирасони шахси

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хочагии ёрирасони шахси ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун ва санадхои дигари  меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад. 

Моддаи 3. Мафхуми хочагии ёрирасони шахси

1.Хочагии ёрирасони шахси хочагиест, ки бо мехнати шахсии шахрванд ва аъзои оилаи у бо максади истехсоли махсулоти кишоварзи ва конеъ гардонидани талаботи худ бо озукавори ва эхтиёчоти дигар пеш бурда мешавад.

2.Фаъолияти шахрвандон  дар бобати пешбурди хочагии ёрирасони шахси фаъолияти сохибкори эътироф карда намешавад.

3.Пешбурди хочагии ёрирасони шахси бар души шахрванд ё аъзои оилаи у мебошад.

4.Аъзои хочагии ёрирасони шахси хамсарон, фарзандон, фарзандхондагон, падару модар ва хешовандони дигаре, ки якчоя зиндаги мекунанд, шуда метавонанд. 

БОБИ 2

ТАШКИЛ ВА ПЕШБУРДИ ХОЧАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСИ 

Моддаи 4. Хукуки шахрвандон ба ташкил ва пешбурди хочагии ёрирасони шахси

  1. Шахрвандони кобили амали Чумхурии Точикистон ба ташкил ва пешбурди хочагии ёрирасони шахси дар сурати бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори дар бораи замин ба истифодаи меросии якумра ё бемухлат гирифтани китъахои замин хукук пайдо мекунанд.
  2. Шахрвандони Чумхурии Точикистон, ки дар дехот  мукими зиндаги менамоянд, хукук доранд мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз фонди ягонаи замини давлати бо максади ташкил ва пешбурди хочагии ёрирасони шахси китъаи замин гиранд.
  3. Шахрвандони сокини шахр ва шахракхо дар замини барои истифодаи меросии якумра ё бемухлат гирифтаашон барои ташкилу пешбурди хочагии ёрирасони шахси мутобики конунугузории Чумхурии Точикистон хукук доранд. Шартхои ба шахрвандони ин категорияхо чудо кардани китъахои замин барои пешбурди хочагии ёрирасони шахси мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.
  4. Шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд дар асоси тартибу шартхои муайянкардаи  конунгузории Чумхурии Точикистон  ва дар сурати мавчуд будани захираи озоди замин ба ташкил ва пешбурди хочагии ёрирасони шахси хукук пайдо мекунанд. 

Моддаи 5. Китъахои замини хочагии ёрирасони шахси

1.Китъаи замини хочагии ёрирасони шахси ба шахрванд барои истифодаи меросии якумра ё бемухлат аз хисоби фонди ягонаи давлатии замин бо пешниходи макомоти худидоракунии шахрак ва дехот ва дар асоси карори  макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии дахлдор мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон  дар бораи замин  чудо карда мешавад. (К ЧТ аз 28.06.11с., №738)

  1. Китъаи замини хочагии ёрирасони шахсии шахрвандон аз китъаи замини наздихавлиги ва китъаи замини иловагии хочагии ёрирасони шахси (минбаъд – китъаи замини иловаги) иборат мебошад.

3.Китъаи замини наздихавлиги, одатан, дар шафати манзили истикомати ва хамчунин имкон дорад дуртар аз он вокеъ бошад.

4.Китъаи замини иловаги  ба шахрванд аз хисоби заминхои фонди ягонаи давлати чудо карда мешавад. Дар китъаи замини иловаги сохтани бинохо, иморату иншоот ва шинонидани дарахтхои бисёрсола манъ аст.

5.Тартиби ба шахрвандон чудо кардани китъаи замини хочагии ёрирасони шахси бо конунгузори дар бораи замин  мукаррар карда мешавад.

6.Масохати нихоии китъаи замини наздихавлиги ва замини иловаги , ки барои хочагии ёрирасони шахси чудо карда мешаванд, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи замин мукаррар мегардад.

  1. Китъаи замини наздихавлиги ва китъаи замини иловаги ба заминхои таъиноти кишоварзи мансуб дониста мешаванд. 

Моддаи 6. Тартиби пешбурди хочагии ёрирасони шахси

1.Аъзои хочагии ёрирасони шахси хочагиро бо салохдиди худ пеш мебаранд ва масъулиятро ба зимма доранд, инчунин бо созиши тарафайн сарвари хочагии ёрирасони шахси ё шахсони дигарро  барои содир намудани ахд ва намояндаи дорои ваколатномаи махсусро таъин менамоянд. Номи сарвари хочагии ёрирасони шахси дар дафтари хочагии чамоати дехот (шахрак) зикр карда мешавад.

2.Шахрвандони дар пешбурди хочагии ёрирасони шахси иштирокдошта метавонанд дар сохаи истехсол, контрактасия ё тахвили махсулоти кишоварзи, ичрои кор  ва хизматрасони бо ташкилотхои кишоварзи ва дигар ташкилотхо, хочагихои дехкони (фермери)  ва шахрвандони алохида  бевосита ва ё ба воситаи  кооперативхои матлубот, ки манфиатхои онхоро химоя мекунанд, шартнома банданд.

3.Дахолати макомоти хокимияти давлати  ва махалли ба фаъолияти шахрвандон  дар бобати пешбурди хочагии ёрирасони шахси, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон, манъ аст.

4.Бо максади амали намудани фаъолияти якчоя оид ба истехсол, коркард, нигохдории махсулоти кишоварзи ва ба фуруш баровардани махсулоти зиёдати, хамчунин сугурта, карзгири, таъминоти моддию техники ва хизматрасонии хочагии ёрирасони шахси бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузори метавонад дар кооперативхои истехсоли (кишоварзи) ва кооперативхои матлубот муттахид гардад. 

Моддаи 7. Дастгирии давлати ва дигар намудхои дастгирии хочагии ёрирасони шахси

1.Хочагии ёрирасони шахси аз тарафи давлат  бо тартиби мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон дастгири карда мешавад.

2.Макомоти дахлдори хокимияти давлати хочагии ёрирасони шахсиро дар сохахои зерин дастгири мекунанд:

– дар ташкили кооперативхои кишоварзи, оид ба истифодаи техникаи кишоварзи, коркарди замин, истехсолу коркард, нигохдории махсулоти кишоварзи;

– дар густариш додани хизматрасонии мухандисию техники, мелиоративи, байтори, зоотехники, агрономи ва иттилоотию машварати;(К ЧТ аз 28.06.11с., №738)

-дар истехсол ва фуруши махсулоти зиёдатии кишоварзи;

– бархам додани окибати холатхои фавкуллода;

-чудо кардани чарогох ва алафзор;

-додани карз бо гарав барои харидани техникаю тачхизот, чорвои зоти бо тартиби нисбати хочагии дехкони (фермери) мукарраргардида;

-дар масъалахои дигаре, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст. 

БОБИ 3

ХУКУК ВА УХДАДОРИХОИ ШАХРВАНДОНИ ДОРОИ ХОЧАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСИ 

Моддаи 8. Хукуки шахрвандони дорои хочагии ёрирасони шахси

1.Шахрвандони дорои хочагии ёрирасони шахси хукук доранд дар моликияти худ молу  мулк дошта бошанд, молу  мулкро мерос гузоранд ва васият намоянд, хамрохи дигар шахрвандон ва шахсони хукуки шахси хукуки таъсис намоянд, хар гуна ахди хилофи конун набударо анчом диханд ва ухдадорию хукукхои  дигари молу  мулки ва шахсии гайримолу  мулки дошта бошанд.

2.Шахрвандоне, ки пешбурди хочагии ёрирасони шахсиро дар китъаи замини ба истифодаи меросии якумра гирифта ё худ истифодаи бемухлат амали менамоянд, хак доранд дар китъахои замини наздихавлиги бо шарти риоя намудани меъёрхои шахрсози, бинокори ва хамчунин талабхои  таъиноти максадноки китъаи замин хонахои истикомати, бинохои истехсоли, иморату иншооти барои пешбурди хочагии ёрирасони шахси зарурро бунёд намоянд, онхоро аз нав созанд ё вайрон кунанд.

3.Китъахои замини наздихавлигии барои хочагии ёрирасони шахси чудошудаи шахрвандон барои эхтиёчоти давлати танхо баъди ба онхо барои пешбурди хочагии ёрирасони шахси бо шартхои пешаки чудо намудани китъахои баробарарзиши замини дорои хонахои ободи истикомати, бинохои истехсоли, иморату иншооти таъиноташон монанди иншооти гирифташаванда ва пурра чуброн намудани тамоми харочоти вобаста ба ободони ва дар чои нав, агар дар созишномаи тарафхо тартиби дигар мукаррар нашуда бошад ё бо салохдиди молики молу  мулк баъди пурра ба он чуброн кардани арзиши молу  мулки гирифташаванда ва молу  мулки дигар, аз чумла  манфиати аз дастрафтаи онхо гирифта мешаванд.

4.Истифодабарандаи китъаи замини барои хочагии ёрирасони шахси чудо шуда, хак дорад ба ин китъаи замин ворид шуданро манъ карда ва  бо тарзи дигар аломату нишон гузорад, ки бе ичозати  у ба ин китъаи замин шахсони дигар имкони даромадан надошта бошанд.

5.Руёнидани маблаг аз молу  мулки хочагии ёрирасони шахси аз руи ухдадории аъзоён дар асоси халномаи суд сурат мегирад.

6.Шахрвандоне, ки пешбурди хочагии ёрирасони шахсиро амали менамоянд, дар асоси конунгузории граждани ва конунгузори дар бораи замин  хукукхои дигарро низ доро мебошанд. 

Моддаи 9. Ухдадорихои шахрвандони  дорои хочагии ёрирасони шахси

Шахрвандони дорои хочагии ёрирасони шахси ухдадоранд:

-нигохубини китъахои заминро таъмин намоянд;

-китъахои заминро максаднок истифода намуда, дар рафти истифодаи онхо ба замин чун объекти табиию хочаги ва мухити зист муносибат карда, зарар нарасонанд;

-андози истифодаи китъахои заминро сари вакт супоранд;

-хонахои истикомати, бинохои истехсоли, иморату иншоотро аз руи талаботи меъморию накшави, бинокори, экологи, бехдошти санитарию гигиени, зиддисухтори ва талабхои дигари меъёру коидахои мукарраргардида бунёд кунанд, атрофи онхоро обод созанд;

-коидахои бехдошти санитарию гигиени ва байтории нигохубини хайвонот, талаботи мелиоративи ва агротехникии парвариши зироатхои кишоварзи, тартибу махдудиятхо ва хукуки истифодаи китъаи заминро риоя намоянд;

-китъаи заминро дар давоми мухлати мукарраркардаи конунгузории замин ба кор дароранд;

дар чамъбасти нимсолаи якум ва дар чамъбасти сол ба макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба фаъолияти мехнати маълумот пешниход намоянд; (К ЧТ аз 28.06.11с., №738)

-талабхои дигари пешбиникардаи конунгузориро ба чо оваранд. 

Моддаи 10. Катъи узвият дар хочагии ёрирасони шахси

Узвият ба хочагии ёрирасони шахси дар мавридхои зайл катъ мегардад:

– вафоти узви хочагии ёрирасони шахси;

– пешниходи ариза дар бораи катъи узвият;

– зиндагони накардан хамрохи  аъзои бокимондаи хочагии ёрирасони шахси;

– зиёда аз як сол иштирок надоштан дар пешбурди якчояи хочагии ёрирасони шахси, ба истиснои бемори, адои хизмати харби аз руи даъват дар сафи Куввахои Мусаллахи Чумхурии Точикистон, тахсили рузона дар муассисахои таълимии тахсилоти ибтидоии касбй, миёнаи касбй, олии касбй, касбии баъд аз муассисахои олии таълимй, кор кардан дар вазифахои  интихоби, бо розигии аъзои хочагии ёрирасони шахси ба кор  ба махалли дигари  чумхури ё ба хорича рафтан ва мавридхои дигари мукарраркардаи конунгузори; (К ЧТ аз 28.06.11с., №738)

– дар дигар холатхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини кардааст.

БОБИ 4

МОЛУ  МУЛКИ ХОЧАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСИ 

Моддаи 11. Молу  мулки хочагии ёрирасони шахси

1.Молу  мулки хочагии ёрирасони шахси чорвою мург, занбури асал, дарахтони бисёрсола, хонахои истикомати, бинохои истехсоли ва дигар иморату иншооти мавриди пешбурди хочагии ёрирасони шахси, техника, асбобу анчоми кишоварзи, воситахои наклиёт ва дигар захирахои модди, инчунин махсулоти кишоварзи шуда метавонанд.

2.Агар дар шартномаи байни аъзои хочагии ёрирасони шахси тартиби дигар пешбини нашуда бошад, молу  мулке, ки дар банди 1 хамин модда зикр шудааст, моликияти умумии якчояи аъзои хочагии ёрирасони шахси мебошад.

3.Даромади шахси ва пасандози узви хочагии ёрирасони шахси, инчунин молу  мулке, ки бо маблагхои худаш харидааст, мерос ё тухфа гирифтааст ва ба моликияти хочагии ёрирасони шахси хамрох карда нашудааст, моликияти шахсии ин ё он узви хочагии ёрирасони шахси хисоб меёбад.

4.Молу  мулки хочагии ёрирасони шахсиро факат бо розигии хамаи аъзои он сохиби, истифода ва ихтиёрдори намудан мумкин аст.

5.Аз руи ахдхои содирнамудаи аъзои хочагии ёрирасони шахси, агар аз холати кор маълум нагардад, ки ахд ба манфиати  шахсии узви  хочагии ёрирасони шахсии мазкур баста шудааст, аъзои хочагии ёрирасони шахси ба молу  мулки худ масъуланд. 

Моддаи 12. Таксими (чудо кардани) молу  мулки хочагии ёрирасони шахси

1.Молу  мулки хочагии ёрирасони шахси метавонад бо талаби аъзои кобили амали хочагии ёрирасони шахси мутобики конунгузории граждании Чумхурии Точикистон таксим карда шавад.

2.Чудо намудани хисса аз молу  мулки якчояи хочагии ёрирасони шахси мумкин аст бо талаби яке аз аъзои кобили амали хочагии ёрирасони шахси дар мавриди катъ гардидани узвияти он анчом дода шавад. хамзамон китъаи замини назди хавлигиро ба китъахои алохидае таксим кардан мумкин аст, ки андозаи онхо бояд аз меъёри нихоии мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон камтар  набошад.

3.Агар  андозаи китъаи замини наздихавлиги аз меъёри нихоии мукарраркардаи конунгузории Чумхурии Точикистон камтар бошад, ин гуна китъа таксим карда намешавад. Узви хочагии ёрирасони шахси дар сурати катъ гардидани узвияташ дар хочагии ёрирасони шахси хукук дорад баробари хиссаи дар моликияти якчоя доштааш чубронпули гирад. 

Моддаи 13. Мерос гузоштани молу  мулки хочагии ёрирасони шахси

1.Молу  мулки хочагии ёрирасони шахси ва китъаи замин бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории граждани ва конунгузори дар бораи замини Чумхурии Точикистон ба мерос гузошта мешавад. Дар ин маврид меросхуроне, ки дар пешбурди хочагии ёрирасони шахси ширкат меварзанд, барои гирифтани молу  мулки мероси ва китъаи замин хукуки бартари доранд. Меросхуроне, ки  барои дар хочагии ёрирасони шахси шугл варзидан майлу хохиш надоранд, хукук доранд, баробари хиссаи дар молу  мулки меросмонда доштаашон чубронпули гиранд.

2.Дар сурати аз пешбурди хочагии ёрирасони шахси даст кашидани хамаи меросхурон молу  мулки хочаги бо розигии меросхурон, таксим карда мешавад ё худ онхо ин молу  мулкро якчоя ба максадхои дигар истифода мекунанд. Истифодаи китъаи замин дар ин маврид бояд тибки тартиби мукаррарнамудаи  конунгузори дар бораи замин муайян карда шавад.

3.Дар сурати набудани меросхурони конуни ё васияти масъалаи таксими молу  мулки хочагии ёрирасони шахси мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон хал карда мешавад.

БОБИ 5

ИХТИЁРДОРИ КАРДАНИ МАХСУЛОТИ КИШОВАРЗИЕ, КИ ДАР ХОЧАГИХОИ ЁРИРАСОНИ ШАХСИ ИСТЕХСОЛ ШУДААСТ, КОРКАРД ВА БА ХИСОБ ГИРИФТАНИ ОН 

Моддаи 14. Истехсол, коркард ва фуруши махсулоти кишоварзи дар хочагии ёрирасони шахси

1.Махсулоти кишоварзии дар хочагии ёрирасони шахси истехсолшуда моликияти шахрвандонест, ки бо хочагии ёрирасони шахси машгуланд ва онхо хукуки бо салохдиди худ ихтиёрдори карданро доранд.

2.Макомоти махаллии хокимияти давлати метавонанд ташкилотхои махаллии хариди махсулот барпо намоянд, ки махсулоти  дар хочагии ёрирасони шахси истехсолгардидаи кишоварзиро бо максади коркард, нигохдори ё фуруш кабул карда гиранд.

  1. Макомоти махаллии хокимияти давлати ба аъзоёни хочагии ёрирасони шахси, ки бо фуруши махсулоти кишоварзии истехсолкардаашон машгуланд, дар ташкили чойхои мучаххази савдо шароит мухайё намоянд. 

Моддаи 15. Ба хисоб гирифтани хочагии ёрирасони шахси

Хочагии ёрирасони шахсиро макомоти худидоракунии шахрак ва дехот дар дафтари хочаги ба хисоб мегирад. Дафтари хочаги хуччати асосии хисобгирии ибтидои буда, маълумотро дар бораи шумораи ахолии дехот, замину чорво, хонаву чой ва чизу чораи  дигар доштани онхо дар бар мегирад. Таркиби нишондихандахо ва тартиби чори кардани дафтари хочагиро Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд. (К ЧТ аз 28.06.11с., №738)

БОБИ 6

КАТЪИ ПЕШБУРДИ ХОЧАГИИ ЁРИРАСОНИ ШАХСИ

Моддаи 16. Асосхои катъи пешбурди хочагии ёрирасони шахси

Пешбурди хочагии ёрирасони шахси дар асоси карори макомоти хокимияти махалли дар холатхои зерин катъ меёбад:

– дар мавриди карор кабул кардани аъзои хочагии ёрирасони шахси оид ба  катъи пешбурди хочагии ёрирасони шахси;

– дар сурати мавчуд набудани ягон аъзои хочагии ёрирасони шахси ё меросхуре, ки майлу хохиши пешбурди ин хочагиро дошта бошад;

– катъ ёфтани хукук ба китъаи замин бо сабаби гирифтани китъаи замин мутобики тартиби мукаррарнамудаи конунгузори барои эхтиёчоти давлати ё коммунали;

– бо сабаби доштани дигар  китъаи замин аз пешбурди хочагии ёрирасони шахси даст кашидани аъзои хочагии ёрирасони шахси;

– дар дигар холатхои пешбининамудаи конунгузории ЧумхурииТочикистон дар бораи замин. 

Моддаи 17. Тартиби катъи фаъолияти хочагии ёрирасони шахси

1.Дар холати катъи пешбурди хочагии ёрирасони шахси тибки карори аъзоён  онхо ба макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлатии махалли чойгиршавии хочагии ёрирасони шахси аризаи дахлдор пешниход менамоянд. (К ЧТ аз 28.06.11с., №738)

  1. Дар сурати катъи хукуки истифодаи китъаи замин дар асоси халномаи суд ё карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати оихо ухдадоранд чунин халнома ё карорро ба макомоти худидоракунии шахрак ва дехоти махалли чойгиршавии хочагии ёрирасони шахсй фиристонанд. (К ЧТ аз 28.06.11с., №738)

3.Дар хама гуна мавридхои дигар карори катъи пешбурди хочагии ёрирасони шахсиро макомоти худидоракунии махали чойгиршавии хочагии ёрирасони шахси кабул мекунанд.

4.Фаъолияти хочагии ёрирасони шахси аз рузи ба дафтари хочаги даровардани навиштаи дахлдор, инчунин сабт дар китоби кайди кумитаи нохиявии (шахрии) замин катъ мегардад.

 

БОБИ 7

КОИДАХОИ ХОТИМАВИ

 

Моддаи 18. Андозбандии хочагии ёрирасони шахси

Андозбандии хочагии ёрирасони шахси мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон сурат мегирад.

 

Моддаи 19, Чавобгари барои риоя накардани Конуни мазкур

Шахсони вокей ва хукукибарои риоя накардани Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.” (К ЧТ аз 28.06.11с., №738)

 

Моддаи 20. Баррасии бахсхо

Бахсхое, ки вобаста ба хочагии ёрирасони шахси ба миён меоянд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон  хал карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

 

    Президенти                                                                                                 Э. РАХМОНОВ

Чумхурии Точикистон

    ш. Душанбе 

8 декабри соли 2003

        № 47

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …