Главная / Гуногун / Хиёнати зану шавхар дар интернет махкум аст

Хиёнати зану шавхар дар интернет махкум аст

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Точикистон аз нашри наворхои ба истилох, “ифшогари хиёнати занон” чидди нигарони кард ва хостори пешгири аз чунин амалхо шуд. Макомот гуфтанд, ки ин мавзуъ бояд дар чахорчуби хонавода хал шавад, на инки оммави гардад.

Якум, ба хонаи зан даромада, дахлнопазирии манзилро вайрон мекунанд. Дувум, бе ичозат занро ба навор мегиранд ва сабт мекунанд, ки ин хам мувофики конунунзори манъ аст.

komp

Масъулони Кумита гуфтанд, масъалаи пахши чанд видеои сабтшуда аз сахнаи мулокоти “ошикон”, ки ба шабакахои ичтимои рох ёфтааст, нораво буда, касе хак надорад ба харими хусусии шахрвандон ворид шавад. Масъалаи мавриди нигарони ин аст, ки афроди ношинос ба худ хак медиханд ба хонаи шахрвандон ворид шуда, сахнаи ошкор шудани ошиконро сабт ва ин наворхоро дар интернет нашр кунанд.

Нигаронии Кумитаи занон дар холест, ки ахиран чанд наворе ба шабакахои ичтимои рох ёфт, ки гуиё аз сахнаи хиёнати занон ба шавхарони худ накл мекунад.

“Чаро хиёнати мардон барраси намешавад?”

Сабохат Махмадалиева, масъули робита бо чомеаи Кумитаи кор бо занон мегуяд, хадафи онхое, ки наворхои “мухокимаи занон”-ро пахш мекунанд, обруи зан ва модари точикро мебаранд. Махмадалиева рузи 4-уми сентябр дар сухбат бо Радиои Озоди суол гузошт, ки “мард хиёнат кунад, чаро занхо наменависанд? Чаро танхо мардон занхоро махкум мекунанд?”

Масъули Кумитаи кор бо занон ва оила бо инки хакиати наворхои “хиёнат”-ро зери суол бурд, гуфт, агар зан дар хакикат хиёнат карда бошад, пас ин кор бояд дар доираи оила барраси шавад, на дар шабакахои ичтимои.

Рох ёфтани чанд навори мухокимаи занон дар холати гуё хиёнат бахсхои зиёдеро дар шабакахои ичтимои ба миён овард. Мазмуни аксари ин наворхо якхела мебошанд. Дар ин сабтхо дида мешавад, ки гурухе аз мардон ба хонаи зане худсарона ворид шуда, уро хамрохи марде пайдо ва истинток мекунанд. Гурухи мардон ба сари зан дод мезананд, ки чаро ба шавхараш хиёнат мекунад?

Онхо хамчунин аз чавони хамрохи зан суол мекунанд, ки дар нисфи шаб хамрохи зани шавхардор чи кор мекунад? Аммо дар чанд навор кор танхо бо пурсиш тамом намешавад ва чавонро латту куб карда, дашномахои кабех хам медиханд.

Занхои гуё дар болои хиёнат дастгиршуда гунохи худро рад мекунанд ва иддао мекунанд, ки чавони хамрохашон буда, хешашон аст. Иштирокчиёни ин наворхо хамаги бо забони точики сухбат мекунанд ва тахмин карда мешавад, ки онхо дар дохили Точикистон сабт шудаанд. Баъзе занхоро дар бевафои ба хамсарони мухочирашон муттахам мекунанд. Дар як хафтаи охир хадди акалл ду навори видеоие ба шабакахои ичтимои рох ёфт, ки аз чониби афроди ношинос чуфтхои ошиконро ошкор ва шарманда мекунанд. Охири мохи июл Вазорати умури дохили дар бораи мухокимаи худсаронаи сокинони дехае дар Файзобод хабар дод, ки марди ошики як сокини ин дехро шабонгох ошкор ва шадидан латту куб кардаанд.

Дар холе ки аз руи ходисаи мучозоти худсаронаи марде дар Файзобод пулис парванда боз кард, мушаххас кардани чузъиёти ду навори ахиран дар интернет рохёфта имкон надорад. Ин наворхо аз тарики чанд нафар дар Интернет гузошта шудаанд ва маълум нест, дар кучо ва кай сабт шудаанд.

Дар хамин хол, макомоти умури дохили мегуянд, аз ин наворхо хабар доранд, вале то хол дар ин зимн шикояте дарёфт накардаанд. Як масъули дафтари матбуоти ВКД ба Радиои Озоди гуфт, бо махзи дарёфти мурочиат хатман дастбакор хоханд шуд.

Ин масъули ВКД батакрор гуфт, конунхои Точикистон мухокимаву мучозоти худсаронаро ичозат намедихад ва танхо ниходхои дахлдор хастанд, ки хак доранд дурустиву нодурустии аъмоли шахрвандонро бахогузори кунанд. Омилони мухокимахои худсарона мучозот мешаванд, гуфт ин масъули пулис, ки нахост номаш нашр шавад.

“Конун чи мегуяд?”

Зохиран макомоти умури дохили бо нигох ба хассос будани масъала хеле эхтиёткорона амал мекунанд. Аммо хукукшиносон мегуянд, масъаларо набояд содда гирифт.

Навруз Одинаев, хукукшиноси ширкати хукукии “Химоя” гуфт, аз нуктаи назари одобу ахлок, албатта, ин занон сазовори маломату таъна буда, харакати онхо расму оини точиконро вайрон мекунад, аммо дар конунгузории кишвар моддаи “хиёнат ба оила” вучуд надорад.

Одинаев гуфт, “ошкоркунандагони хиёнат” бо ин кори худ гуё ки адолатро дар намуди “шармандакунии зани бевафо” барпо мекунанд, намедонанд, ки чанд мукаррароти конунгузориро вайрон кардаанд. “Якум, ба хонаи зан даромада, дахлнопазирии манзилро вайрон мекунанд. Дувум, бе ичозат занро ба навор мегиранд ва сабт мекунанд, ки ин хам мувофики конунунзори манъ аст. Севум, дахлнопазирии хаёти шахси хам дар ин чо накз мешавад. Агар сабти чунин холатхо ба худкушии зан оварда расонад, ин хам чиноят аст”, – гуфт Навруз Одинаев.

Ин хукукшиноси точик даъват кард, ки намоиши хама гуна наворхое, ки шаъну шарафи занро паст мезанад, катъ карда шавад. Чун, ба кавли у, бо максади ошкор намудани “занони хиёнаткор” метавонад ба аъзои оилаи онхо, махсусан ба фарзандони бегунох осеб расонад.

Рох ёфтани навори мухокимаи занони муттахам ба хиёнаткори ба вокунишхои гуногун дар чомеа ру ба ру шудааст. Бархе агар инро “дарси ибрат” барои занони дигар арзёби кунанд, гурухи дигар чунин рафторро барои як чомеаи хукукбунёд гайри кобили кабул меноманд.

Умар Солех, як чавони точик мегуяд, хиёнат ба шавхар хеч гуна шарху тавзех надорад ва бояд ба таври ошкор махкум шавад. Ба бовари ин хамсухбати мо, шармсор шудани чанд зане, ки ба шавхарони худ хиёнат мекунанд метавонад дарси ибрате барои дигар занон бошанд то кори бадро такрор накунанд.

Аммо на хама ба фикри Умар Солех мувофиканд. Аз чумла, Шахноз Комилзода, рузноманигор ва фаъоли чомеаи шахрванди мегуяд, хиёнат масъалаи сирф хусуси аст ва бояд танхо дар миёни зану шавхар барраси шавад.

Комилзода гуфт, хиёнат дар хеч холат кобили кабул нест, вале хеч кас хам хукук надорад мисли асрхои гузашта худчазодихиро пиёда кунад. “Аз сабти навори зан дар “холати хиёнат” агар хадаф исботи чурми уст, пас, бигзор он наворро ба шавхари зан бидиханд ва масъаларо пушонанд. Он тарафаш мушкили худи зану шавхар аст, ки чи тасмим мегиранд. Яъне, масъалаи хиёнатро бигзор худи зану шавхар хал кунанд. Хатто падару модар хак надоранд ба ин масъала дахолат кунанд”, – гуфт Шахноз Комилзода.

Худчазодихи аз падидахое мебошад, ки моххои охир бахсхои зиёдеро ба миён овардааст. То имруз муттахамони яке аз ин холатхо дар нохияи Файзобод ба чавобгари кашида шудааст. Мохе кабл Вазорати умури дохили аъзои як шурои махалла дар нохияи Файзободро дар ташкили дидбонгох ва мурофиахои гайриконуни муттахам кард. Масъулини ин ниход гуфта буданд, раиси ин деха худро “кози” ва “мулкдор” хисобида, никохи ду оиларо бекор кардааст. Иддаое, ки худи раиси махалла рад карда буд. Тафтиши казияи мазкур феълан идома дорад.

Чомеашиносон дар Точикистон мегуянд, афзоиши ходисахои сабти гайриконунии хаёти хусусии шахрвандон ва истинтоку латту куби онхо барои гуё содир кардани гунох дар сурати бе чазо монданаш метавонад чомеаро бебандубор кунад ва ба падидаи хатарнок табдил шавад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …