Главная / Гуногун / Хиёнати зану шавҳар дар интернет маҳкум аст

Хиёнати зану шавҳар дар интернет маҳкум аст

Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон аз нашри наворҳои ба истилоҳ, “ифшогари хиёнати занон” ҷиддӣ нигаронӣ кард ва хостори пешгирӣ аз чунин амалҳо шуд. Мақомот гуфтанд, ки ин мавзуъ бояд дар чаҳорчӯби хонавода ҳал шавад, на инки оммавӣ гардад.

Якум, ба хонаи зан даромада, дахлнопазирии манзилро вайрон мекунанд. Дувум, бе иҷозат занро ба навор мегиранд ва сабт мекунанд, ки ин ҳам мувофиқи қонунунзорӣ манъ аст.

komp

Масъулони Кумита гуфтанд, масъалаи пахши чанд видеои сабтшуда аз саҳнаи мулоқоти “ошиқон”, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст, нораво буда, касе ҳақ надорад ба ҳарими хусусии шаҳрвандон ворид шавад. Масъалаи мавриди нигаронӣ ин аст, ки афроди ношинос ба худ ҳақ медиҳанд ба хонаи шаҳрвандон ворид шуда, саҳнаи ошкор шудани ошиқонро сабт ва ин наворҳоро дар интернет нашр кунанд.

Нигаронии Кумитаи занон дар ҳолест, ки ахиран чанд наворе ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки гӯиё аз саҳнаи хиёнати занон ба шавҳарони худ нақл мекунад.

“Чаро хиёнати мардон баррасӣ намешавад?”

Сабоҳат Маҳмадалиева, масъули робита бо ҷомеаи Кумитаи кор бо занон мегӯяд, ҳадафи онҳое, ки наворҳои “муҳокимаи занон”-ро пахш мекунанд, обрӯи зан ва модари тоҷикро мебаранд. Маҳмадалиева рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ суол гузошт, ки “мард хиёнат кунад, чаро занҳо наменависанд? Чаро танҳо мардон занҳоро маҳкум мекунанд?”

Масъули Кумитаи кор бо занон ва оила бо инки ҳақиати наворҳои “хиёнат”-ро зери суол бурд, гуфт, агар зан дар ҳақиқат хиёнат карда бошад, пас ин кор бояд дар доираи оила баррасӣ шавад, на дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Роҳ ёфтани чанд навори муҳокимаи занон дар ҳолати гӯё хиёнат баҳсҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Мазмуни аксари ин наворҳо якхела мебошанд. Дар ин сабтҳо дида мешавад, ки гуруҳе аз мардон ба хонаи зане худсарона ворид шуда, ӯро ҳамроҳи марде пайдо ва истинтоқ мекунанд. Гуруҳи мардон ба сари зан дод мезананд, ки чаро ба шавҳараш хиёнат мекунад?

Онҳо ҳамчунин аз ҷавони ҳамроҳи зан суол мекунанд, ки дар нисфи шаб ҳамроҳи зани шавҳардор чӣ кор мекунад? Аммо дар чанд навор кор танҳо бо пурсиш тамом намешавад ва ҷавонро латту кӯб карда, дашномаҳои қабеҳ ҳам медиҳанд.

Занҳои гӯё дар болои хиёнат дастгиршуда гуноҳи худро рад мекунанд ва иддао мекунанд, ки ҷавони ҳамроҳашон буда, хешашон аст. Иштирокчиёни ин наворҳо ҳамагӣ бо забони тоҷикӣ суҳбат мекунанд ва тахмин карда мешавад, ки онҳо дар дохили Тоҷикистон сабт шудаанд. Баъзе занҳоро дар бевафоӣ ба ҳамсарони муҳоҷирашон муттаҳам мекунанд. Дар як ҳафтаи охир ҳадди ақалл ду навори видеоие ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки аз ҷониби афроди ношинос ҷуфтҳои ошиқонро ошкор ва шарманда мекунанд. Охири моҳи июл Вазорати умури дохилӣ дар бораи муҳокимаи худсаронаи сокинони деҳае дар Файзобод хабар дод, ки марди ошиқи як сокини ин деҳро шабонгоҳ ошкор ва шадидан латту кӯб кардаанд.

Дар ҳоле ки аз рӯи ҳодисаи муҷозоти худсаронаи марде дар Файзобод пулис парванда боз кард, мушаххас кардани ҷузъиёти ду навори ахиран дар интернет роҳёфта имкон надорад. Ин наворҳо аз тариқи чанд нафар дар Интернет гузошта шудаанд ва маълум нест, дар куҷо ва кай сабт шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, аз ин наворҳо хабар доранд, вале то ҳол дар ин зимн шикояте дарёфт накардаанд. Як масъули дафтари матбуоти ВКД ба Радиои Озодӣ гуфт, бо маҳзи дарёфти муроҷиат ҳатман дастбакор хоҳанд шуд.

Ин масъули ВКД батакрор гуфт, қонунҳои Тоҷикистон муҳокимаву муҷозоти худсаронаро иҷозат намедиҳад ва танҳо ниҳодҳои дахлдор ҳастанд, ки ҳақ доранд дурустиву нодурустии аъмоли шаҳрвандонро баҳогузорӣ кунанд. Омилони муҳокимаҳои худсарона муҷозот мешаванд, гуфт ин масъули пулис, ки нахост номаш нашр шавад.

“Қонун чӣ мегӯяд?”

Зоҳиран мақомоти умури дохилӣ бо нигоҳ ба ҳассос будани масъала хеле эҳтиёткорона амал мекунанд. Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, масъаларо набояд содда гирифт.

Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшиноси ширкати ҳуқуқии “Ҳимоя” гуфт, аз нуқтаи назари одобу ахлоқ, албатта, ин занон сазовори маломату таъна буда, ҳаракати онҳо расму оини тоҷиконро вайрон мекунад, аммо дар қонунгузории кишвар моддаи “хиёнат ба оила” вуҷуд надорад.

Одинаев гуфт, “ошкоркунандагони хиёнат” бо ин кори худ гуё ки адолатро дар намуди “шармандакунии зани бевафо” барпо мекунанд, намедонанд, ки чанд муқаррароти қонунгузориро вайрон кардаанд. “Якум, ба хонаи зан даромада, дахлнопазирии манзилро вайрон мекунанд. Дувум, бе иҷозат занро ба навор мегиранд ва сабт мекунанд, ки ин ҳам мувофиқи қонунунзорӣ манъ аст. Севум, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ҳам дар ин ҷо нақз мешавад. Агар сабти чунин ҳолатҳо ба худкушии зан оварда расонад, ин ҳам ҷиноят аст”, – гуфт Наврӯз Одинаев.

Ин ҳуқуқшиноси тоҷик даъват кард, ки намоиши ҳама гуна наворҳое, ки шаъну шарафи занро паст мезанад, қатъ карда шавад. Чун, ба қавли ӯ, бо мақсади ошкор намудани “занони хиёнаткор” метавонад ба аъзои оилаи онҳо, махсусан ба фарзандони бегуноҳ осеб расонад.

Роҳ ёфтани навори муҳокимаи занони муттаҳам ба хиёнаткорӣ ба вокунишҳои гуногун дар ҷомеа рӯ ба рӯ шудааст. Бархе агар инро “дарси ибрат” барои занони дигар арзёбӣ кунанд, гуруҳи дигар чунин рафторро барои як ҷомеаи ҳуқуқбунёд ғайри қобили қабул меноманд.

Умар Солеҳ, як ҷавони тоҷик мегӯяд, хиёнат ба шавҳар ҳеҷ гуна шарҳу тавзеҳ надорад ва бояд ба таври ошкор маҳкум шавад. Ба бовари ин ҳамсуҳбати мо, шармсор шудани чанд зане, ки ба шавҳарони худ хиёнат мекунанд метавонад дарси ибрате барои дигар занон бошанд то кори бадро такрор накунанд.

Аммо на ҳама ба фикри Умар Солеҳ мувофиқанд. Аз ҷумла, Шаҳноз Комилзода, рӯзноманигор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯяд, хиёнат масъалаи сирф хусусӣ аст ва бояд танҳо дар миёни зану шавҳар баррасӣ шавад.

Комилзода гуфт, хиёнат дар ҳеҷ ҳолат қобили қабул нест, вале ҳеҷ кас ҳам ҳуқуқ надорад мисли асрҳои гузашта худҷазодиҳиро пиёда кунад. “Аз сабти навори зан дар “ҳолати хиёнат” агар ҳадаф исботи ҷурми ӯст, пас, бигзор он наворро ба шавҳари зан бидиҳанд ва масъаларо пӯшонанд. Он тарафаш мушкили худи зану шавҳар аст, ки чӣ тасмим мегиранд. Яъне, масъалаи хиёнатро бигзор худи зану шавҳар ҳал кунанд. Ҳатто падару модар ҳақ надоранд ба ин масъала дахолат кунанд”, – гуфт Шаҳноз Комилзода.

Худҷазодиҳӣ аз падидаҳое мебошад, ки моҳҳои охир баҳсҳои зиёдеро ба миён овардааст. То имрӯз муттаҳамони яке аз ин ҳолатҳо дар ноҳияи Файзобод ба ҷавобгарӣ кашида шудааст. Моҳе қабл Вазорати умури дохилӣ аъзои як шӯрои маҳалла дар ноҳияи Файзободро дар ташкили дидбонгоҳ ва мурофиаҳои ғайриқонунӣ муттаҳам кард. Масъулини ин ниҳод гуфта буданд, раиси ин деҳа худро “қозӣ” ва “мулкдор” ҳисобида, никоҳи ду оиларо бекор кардааст. Иддаое, ки худи раиси маҳалла рад карда буд. Тафтиши қазияи мазкур феълан идома дорад.

Ҷомеашиносон дар Тоҷикистон мегӯянд, афзоиши ҳодисаҳои сабти ғайриқонунии ҳаёти хусусии шаҳрвандон ва истинтоқу латту кӯби онҳо барои гӯё содир кардани гуноҳ дар сурати бе ҷазо монданаш метавонад ҷомеаро бебандубор кунад ва ба падидаи хатарнок табдил шавад.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …