Хайтолиён, Хиптолиён ё Хафтолиён (юн.-кад. Εφθαλιται) ё Хунхои сафед — кавме буданд, ки аз иёлати Гонсуи Чин ба худуди Тахористон хучум оварданд. Шуруи кудрати Хайтолиён аз соли 420 мелоди буд ва дар соли 567 мелоди ба даст кувваи муштараки Хусрави Анушервон ва Туркон аз байн рафтанд.
Таъсисёбии Давлати Хайтолиён
Дар Осиёи Марказии асри IV ва то миёнахои асри V се давлат ташкил меёбад: Кидориён, Хиёниён ва Хайтолиён. Дар байни онхо Хайтолиён калонтару пурзуртар буда, дар аввал кисмати шаркии Осиёи Маркази ва аз он чумла, Помирро хам дар бар мегирифт. Хайтолиён аз тарафи як подшох идора карда мешуданд. Лекин баъзе хокимони махалли мустакилияти худро нигох дошта буданд. Тахту точи подшохи мероси буд. Вазифаи шохиро вориси аз хама кобилиятноки шох ишгол мекард. То миёнахои асри V давлати Хайтолиён дар Осиёи Маркази макоми хукмронро ба даст даровард. Дар ин давра худудхои он васеъ шуданд. Шоххои Хайтолиён Сугд ва Тахористонро хам забт карданд. Давлати Хайтолиён дар замони хукмронии Хушнавоз — солхои 50-ум ва 70-уми асри V боз хам васеътару пуриктидортар гардид.
Дар мукобили давлати Хайтолиён ду давлати пурзур меистод, ки яке Давлати Сосониён ва дигаре Хоконии Турк буд. Далели марказиятнок будани давлати Хайтолиён пойтахти ягона доштани он мебошад. Пойтахти давлати Хайтолиён шахри Бомиён буд, ки холо дар Афгонистони Шимолии имруза вокеъ аст.
Чангхои Хайтолиён бо Давлати Сосониён
То ба давлати марказиятнок табдил ёфтани давлати Хайтолиён дар Эрон давлати пурзури Сосониён вучуд дошт, ки ба мавчудияти давлати Хайтолиён тахдид мекард. Барои хамин шоххои Хайтолиён кариб дар тамоми давраи хукмрониашон худро аз хамлахои лашкари давлати Сосониён химоя мекарданд. Вале дар миёнахои асри V давлати Хайтолнён чунон пурзур шуд, ки бар зидди хамлахои харобиовари давлати Сосониён истодагари карда хатто бар он галаба хам карда метавонист.
Хайтолихо баъди каламрави Точикистони Чанубии имрузаро ишгол кардан мавкеи худро хуб мустахкам намуда, ба сархадхои шаркии давлати Сосониён наздик шуданд. Вале ташаббускори огози чанг шох Пируз гардид, ки навакак дар Эрон ба тахти подшохи нишаста буд. Хамин тарик, соли 457 чанги Пируз бар зидди Хайтолиён, ки шохашон Шахнавоз буд, огоз гардид. Дар ин чанг тарафи мухофизаткунанда хайтолихо буданд. Хайтолихо хамлаи лашкари Сосониёнро «хуб пешвоз» гирифтанд.
Дар чанги пешина Хайтолихо бар Эрони Сосони голиб баромада, дар созишномаи сулх сархадхои байни ин давлатхоро мукаррар карда буданд. Кушиши Сосониён барои васеъ кардани худудхои давлати худ маънии вайрон кардани шартхои хамин созишномаро дошт. Аз маъхази зерин шумо мебинед, ки шохи Сосониён бо хиллаю найранг чи тавр ахдшикани кардааст: «Пируз бо лашкари худ то таги хамон бурче расид, ки Бахроми Гур сохта буд… Пируз илоче ёфта, ваъдахилоф набудани худро нишон додани шудааст (гап аз он ваъдае меравад, ки Пируз ба подшохи Хайтолиён Хушнавоз дода буд ва мувофики он бояд аз сархади Хайтолиён намегузашт). Маълум, ки сархади Хайтолиён хамон бурч буд ва инак, Пируз ба таги он бурч расиду фармуд, ки 50 фил ва 300 пахлавонро бар он банданд ва филону пахлавонон бурчро пеш мекашиданду Пируз аз паси онхо меомад ва бо хамин хилла ваъдаро, ки ба Хушнавоз дода буд, гуё вайрон намекард. Дар ин мухорибаи зидди Хайтолиён Пируз ва бисёре аз лашкари вай ба хандакхое, ки махсус дар сари рох канда шуда, руи онхоро пушонда, ноаён карда буданд, афтиданду кушта шуданд».
Дар ин чанг хам шохи Эрон аз артиши давлати Хайтолиён сахт шикаст хурдааст, дар назди шохи Хайтолиён Шахнавоз ухдадор шуд, ки дигар ба худуди давлати у кадам намегузорад. Барои эътимод Пируз вориси точу тахти шохии Сосониён — писари худро дар назди шохи Хайтолиён гаравгон гузошта, маблаги калон товони чанг низ дод. Вале Пируз ба ваъдаи худ вафо накарда, баъди чанде бар зидди Хайтолиён аз нав хамла кард, ки он хам ба шохи Сосониён голибият наовард. Баъди ин Пируз бори дигар бар зидди давлати Хайтолиён лашкар кашид. Лекин лашкархои Сосониён ва худи Пируз аз нав ба доми Хайтолиён афтиданд. Ин дафъа Хайтолиён усули чанги мудофиавии худро каме тагйир дода, дар пеши рохи лашкархои Сосониён чоххои зиёде кофта, руи онхоро бо хасу шохахо пушонида ноаён карданд. Дар натичаи хучуми саросемавори Сосониён аксари лашкари онхо, аз он чумла, худи Пируз хам ба ин «чоххои гургкапи» афтиданд.
Васеъшавии Давлати Хайтолиён
Дар охирхои асри V ва огози асри VI давлати Хайтолиён боз хам васеътар шуд. Хайтолиён Кандахор, Урумчи, Кошгар ва Хутанро низ забт карданд. Баъди забти Хиндустони Шимоли худуди давлати Хайтолиён аз империяи Кушониёни Бузург хам калонтар шуд. Дар асри VI ба давлати Хайтолиён лозим омад, ки худро аз хамлахои истилогарони лашкари ду давлат — Хоконии Турк ва Давлати Сосониён мухофизат кунад.