Главная / Гуногун / Харакат барои ислохот дар Филиппин

Харакат барои ислохот дар Филиппин

Нимаи дуюми асри XIX дар таърихи Филиппин ба харакати ислохотхохи дар ин чо рост омад. Генерал-губернатор Искиэрдо, ки дар ин вазифа аз соли 1871 буд, бар зидди мардуми махалли чазохои сахтро раво медид. Садхо озодандешони филиппини зиндони ва ё аз мамлакат ба чойхои дурдаст бадарга карда мешуданд. Косаи сабри мардуми Филиппин лабрез шуд. Ин холат хатто аскаронро хам фаро гирифт. 2 январи соли 1872 коргарони силоххонаи артиллерии бахрии Кавит ва аскарони полки аз ахолии махалли иборатбуда шуриш бардоштанд. Ин шуришро хукуматдорони испани пахш карданд. Онхо 17 феврали соли 1872 рохбарони харакати озодихохи Бургос, Гомес ва Самораро катл намуданд. Испанихо дар рафти пахши шуриш террори худро бар зидди рохбарони буржуазию помешикии Филиппин низ равона карда, бо хамин дар байни халки ин чо такягохи охирини худро аз даст доданд. Филиппинихои зиёд барои аз чазо халос шудан ба хорича ва хусусан ба Испания фирор карданд. Дар ин чо гурезахои филиппиниро озодандешон ва чумхурихохон ба зери химояи худ мегирифтанд.

300px-rizal_1896_execution

Яке аз намояндагони барчастаи харакати ислохотхохони Филиппин Хосе Рисал тавассути асархои публитсистии “Филиппин баъди 100 сол” ва “Дар бораи бехудагии филиппинихо” ва хусусан романи машхури “Ба ман даст нарасон!” мехохад, ки вазъи гуломонаи мардуми Филиппинро ба хукуматдорони испани нишон дихад. Романи Рисал мардумро ба мукобили зулми мустамликавии испани даъват мекард. Он дар тайёр кардани инкилоби Филиппин макоми арзанда дорад.

Дар солхои 80-уми асри XIX харакати таблиготи барои ислохот ба мархалаи нави худ кадам ниход. Соли 1889 дар Испания “Созмони Испанияю Филиппин” ташкил меёбад, ки он дар сафхои худ мухочирони филиппини ва намояндагони буржуазияи озодихохи испаниро муттахид кард. Созмон дар назди худ вазифа гузошт, ки: I) барои Филиппин истиклолият талаб накарда, он ба музофоти Испания табдил дода шавад, 2) ислохот бо рохи осоишта ба амал бароварда шавад, 3) рохибони испани аз ибодатхонахо пеш карда шуда, ба чои онхо рухониёни махалли таъйин карда шаванд, 4) намояндагони филиппинихо дар кортесхо аз нав баркарор карда шаванд, 5) филиппинихо дар идораи давлат иштирок кунанд, 6) хама дар назди конун баробар бошанд, 7) ба филиппинихо озодихои демократи, аз он чумла озодии сухан, мачлисхо ва матбуот кафолат дода шавад.

Аз мохи феврали соли 1889 чопи рузноман “Созмони Испанию Филиппин” “Ла Солидаридад” шуруъ гардид. Он дар бедории хисси миллии филиппинихо сахми калон гузошт.

Фаъолияти ислохотхохи дар Филиппини солхои 80-ум натичаи дилхох надод. Соли 1892 муаллифи романи “Ба ман даст нарасон!” Рисал ба Филиппин баргашт ва Мохи июни хамон сол бо номи “Лигаи Филиппин” созмони ислохотхохонро ташкил намуд. Лига дар сафхои худ намояндагони табакахои гуногуни Филиппин – аз зиёиённ буржуазию помешики cap карда то намояндагони буржуазияи майда ва табакахои поёни ахолиро муттахид сохт. Вале ба “Лигаи Филиппин” муяссар нашуд, ки ба созмони оммавию сиёси табдил ёбад. Ин чо ду сабаб буд. Сабаби якум хабси Рисал ва ба чазираи Минданао бадарга карда шудани у буд. Сабаби дуюм он буд, ки ин вакт чи дар Испания ва чи дар Филиппин давраи ислохотхохи ру ба таназзул ниход. Фаъолияти “Лига” асосан ба чамъоварии маблаг махдуд шуда буд. Маблаги чамъовардашуда барои нашри адабиёти таблиготи истифода бурда мешуд. “Лигаи Филиппин” охирхои соли 1893 пароканда шуд.

Дар байни асосгузорони “Лигаи Филиппин” Андреас Бонифасио низ буд. У мохи июли соли 1892 чамъияти инкилобии “Катипунан” (“Иттиходи олии писарони баруманди халк”)-ро ташкил мекунад. Шумораи аъзои чамъият аз 300 нафари мохи июл дар мохи августи хамон сол то 30 хазор нафар афзуд. Ин созмон бар он акида буд, ки мардум бояд барои истиклолияти Давлатии Филиппин мубориза барад. Принсипхои идеологии ‘‘Катипунан” дар “10 васияти писарони ватан”-и Бонифасио ва “Таълимоти асоси”-и Эмилио Хасинто инъикос гардида буданд.

Соли 1895 “Катипунан” ба тайёрии бевоситаи шуриши мусаллах мегузарад. Дар огози соли 1896 пинхони раками аввали рузномаи он “Калайян” (“Озоди”) аз чоп мебарояд. Ин рузнома дар пахн намуданн таблиготи инкилоби дар Филиппин макоми мухим дошт.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …