Главная / Илм / Халила ё худ Миробалан ба русси

Халила ё худ Миробалан ба русси

Халила (миробалан, терминалия) — ин самари дарахти хиндист, дар хачм ва намуд гуногун мебошад, ки хар яке номи алохида дорад. Агар баъд аз гул карданаш самарашро, ки ба андозаи зира мебошад, халилаи зира меноманд; ва аз он калонтар ба андозаи чав гардад, бичинанд, халилаи чави мегуянд; аз он хам бузургтар ва ба кадри мавизи ангур гардад, бичинанд, онро мавизак, халилаи сиёх, халилаи занги ва халилаи хинди низ меноманд; аз он боз хам калонтар нимраси сабзи зардтоб бошад, онро халилаи чини ва аз он хам калонтар ва расидатари зард гардад, халилаи зард мегуянд; аз ин хам бузургтар шуда, пурра раскда гардаду сурхи моил ба зарди бошад, халилаи кобули мегуянд.

halilaМизочи хама гуна халилахо дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст, вале хушки дар халилаи кобули камтар бинобар камоли расидаги доштанаш.

Хислатхои шифобахши он: истеъмоли хамаи навъхои он ба дарун меъда, майна, зехн, хофиза ва хавосро, ки дах хисси одами мебошад, кави мегардонад; гиреххоро мекушояд; дарди сарро дур мегардонад ва молихудиёро сихат мебахшад; руххои одамиро соф ва равшан мекунад; васвоси савдови, дилтапак (дилбози) ва бечо (бехузур) шудани дилро дафъ месозад; намегузорад, ки бухорхои зарарнок аз кисми поёни бадан ба магзи сар бароянд, ранги баданро тару тоза ва пок мегардонад; иллатхои истиско (водянка), бавосири боди, ки шадидтарин дарди даруни шикам аст, бавосири хуни ва табхои мураккабро сихат менамояд, балгами ракик ва сафроро бо охистаги ва мулоимат хорич мекунад.

Дар вакти истеъмоли халилачот онхоро бисёр намекубанд ва зиёд намечушонанд, балки чор-панч таксим намуда, дар об тар карда, он обро менушанд.

Шарти истеъмоли халила чунин аст, ки бояд бо равгани бодоми ширин чарб намоянд, то он ки таркибаш вайрон нагардад.

Тухмашро куфта, ба дандон ва милки он бимоланд, милки дандонро кувват мебахшад ва рафтани хунро аз буни дандон манъ мекунад.

Хусусан халилаи кобулиро нимкуфта, як шабонаруз дар об тар карда, он обро бинушанд, кувваташ назар ба куфта ва дар об чушдодаи он зиёдтар аст дар бобати ихроч кардани моддахои зарарнок аз бадан, инчунин хангоми онро дар об тар кардан моддахои зараровараш ба об намебароянд.

Микдори истеъмолаш барои дар об тар кардан аз 25 то 35 грамм аст. Ба чойи халила пусти анорро ба кор баранд, раво мебошад.

Акнун хар як намуди халилахоро ба таври чудогона дида мебароем.

    1.Халилаи кобули

  Хислатхои шифобахши он: инро як шабонаруз дар об тар карда, он обро бинушанд, хилтхои балгам, сафро ва савдоро аз бадан дафъ мегардонад; пешобро меронад, барои дарди сар, нисён (фаромушхотири) шифо мебахшад, хамаи феълхои дохили ва беруниро кави мегардонад; барои чарх задани сар, ки аз зиёд гаштани хилти сафро бошад, куфта, талконашро бо шакар даромехта каф зада бихуранд, фоида дорад, вале чарх задани сар ва сиёх задани чашм аз сабаби бисёрии балгам бошад, талконашро батанхои бояд бихуранд, низ барои пок гардонидани узвхои бадан аз сафро ва барои молихулиё, ислохи холи бади майна, саръ ва кач шудани руй худашро танхо меошоманд. .

  Чун касеро, ки руяш кач шуда бошад, як адади халиларо, тухми онро дур карда, дар дахан то тамом гаштанаш бихояду обашро фуру барад, инчунин як адад халилаи кобулиро аз чониби качгашта дар дахан гузорад, ин иллатро нафъ мебахшад.

  Ба кавле, одамоне, ки дар муддати як сол хар руз як адад аз ин халила бихуранд, муяшон сафед намешавад.

  Микдори як бор хурдан аз халилаи кобули дар як руз аз 10 то 15 грамм аст ва агар дар об чушонида ва ё тар карда, он обро ошомидани бошанд, то 35 грамми онро дар об андозанд. Агар халилаи кобули ёфт нашавад, ба чойи ин халилаи зардро истифода баранд, равост.

  Аз он бо шакар мураббо тайёр карда бихуранд, ба шарте ки аз тайёр карданаш як сол нагузашта бошад майна ва меъдаро кави мегардонад, гиреххои баданро, ки аз банд шудани балгам дар узвхо ба амал омада бошанд, мекушояд хавосс, яъне панч хисси дохили ва панч хисси беруни, инчунин чигарро кувват мебахшад.

  Тухмашро бихуранд, пешобро меронад. Агар инро сухта, ос карда, бипошанд, хуни бавосир ва аз чойи дигар рафтани хунро манъ мекунад ва ба милки дандон бипошанд, дандонро мустахкам мегардонад.  Аммо хурдани тухми халила ба майна зарар дорад. Дар ин холат асал бихуранд, зиёни онро ислох мекунад.

2. Халилаи зард

Мизочи ин дар дарачаи якум сард ва дар дувум хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: инро махин куфта бипошанд, обравии чашмро даво мешавад, чашмро тез мекунад. Хусусан инро дар хамир печонида бисузанд ва онро аз хамир чудо карда, махин куфта, ба чашм бипошанд, дар ин хислат пурзуртар мегардад. Ин халиларо нимкуфта, як шабонаруз дар об тар карда, он обро дар чашм чаконанд, барои ин узв таъсири дар боло гуфташударо дорад.

Микдори як бор хурдан аз ин дар як руз аз 10 то 15 грамм аст ва агар дар об тар намуда, он обро нушидан хоханд, то 35 грамм дар об андозанд.

  З.Халилаи сиёх

Инро халилаи занги ва халилаи хинди низ меноманд. Бехтаринаш сиёх, сахт ва бетухми он аст.

Мизочаш дар миёнаи дарачаи якум сард ва дар дарачаи дувум хушк аст.

Хислатхои шифобахши он: хурдани ин хамаи хисхои бадан, зехн ва майнаро кувват мебахшад, хунро аз моддаи савдо пок мекунад (модоме, ки ба хун савдо дохил гардад, хунро гафс мекунад). Инак, ин савдоро нест карда, кивоми хунро ба холати эътидол меоварад; рухро низ аз кудурат соф мекунад (осонтар карда гуем, табъро равшан месозад). Хамин тарик, барои иллатхои молихулиё ва васвоси савдови дору мешавад.

Онро хоида, обашро фуру баранд, барои иллати ликва, яъне кач шудани руй давост, инчунин онро дар дахан аз тарафи качии руй нигох доранду обашро фуру баранд, хамин хосиятро дорад ва ин амал барои кашидани рутубати меъда, мустахкам кардани узвхои даруни шикам ва даруни сина, дарди сипурз, бавосир ва махав нафъ дорад.

Агар халилаи сиёхро дар зарфе бо оташ битафсонанд то буяш барояд, инро халилаи будода меноманд ва баъд куфта бихуранд, исхолро мебандад ва дар дахан нигох доигга, обашро фуру баранд, муйро сиёх ва кави мегардонад, низ милки дандонро кувват мебахшад.

Мегуянд, ки хурдани ин ба чигар зарар дорад. Дар ин холат асал бихуранд, зиёнаш бартараф мегардад.

Микдори як бор хурдан аз он дар як руз то 9 грамм аст ва агар инро дар об чушонида, он обро нушидани бошанд, то 32 грамм дар об андозанд. Ба чойи ин низ халилаи кобулиро метавон истифода кард.

  1. Халилаи чиниро, ки хамчун даво бисёр заиф аст, баёни хислаташро лозим надонистем.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …