Главная / Биология / Гулро гардолуд кардани хашарот, шамол

Гулро гардолуд кардани хашарот, шамол

Растанихои гулдор одатан мева хосил мекунанд. Вале барои хосил шудани мева гардолудшавии гул шарти зарури мебошад. Дар вакти гардолудшави гард аз гардбарг ба гардгираки тухмдон оварда мешавад. Бурдани гард аз гардбарги як гул ба гардгираки тухмдони гули дигар гардолудшавии дутарафа номида мешавад.

Акнун саволе пайдо мешавад, ки гард чи тавр ва бо кадом роххо ба гардгираки тухмдони гул бурда мешавад? Барои амали гардидани ин ходиса гул чи гуна хусусиягхои мутобикати дорад?

gardoludkuni

Дар аксари холатхо дар шароити табии гардолудшави тавассути хашарот ва шамол амали мегардад. Хусусан, хашаротро гард ва шахди (нектари) гул ба худ чалб мекунад. Шахд дар гадуди махсус — шахддон (нектардон) хосил мешавад. Шахддон дар дохили гул.

дар аксари холатхо дар буни гулбаргхо чой гирифтааст. Гард ва шахд гизои дилхохи бисёр намудхои хашарот ба хисоб меравад.

Хашаротхои гуногун дар чустучуи гизо аз як гул ба гули дигар нишаста (парида), боиси бурдани гард аз як гул ба гардгираки гули дигар мегарданд . Хамин тавр, ба туфайли мавчудияти шахд – хамчун аломати нихоят мухими гул дар бисёр мавридхо гардолудшави тавассути хашарот руй медихад.

Дар бисёр холатхо гули растанихои бо хашарот гардолудшаванда дучинса буда, гарди онхо часпак ва дар чилдашон баромад (дунгихо) доранд. Ин хусусиятхо часпиши гардро ба бадани хашарот осон мекунанд.

Чи тавр хашарот гулхои ба он даркориро ёфта метавонад? Гулхои баъзе растанихо андозаи калон дошта, гулпушашон рангоранги баланду рахшон аст. Гайр аз ин гулхои хурд-хурди бисёр растанихо дар тудагулхои калону назарнамо сарчамъ омадаанд. Ин хусусиятхо дарёфту чустучуи хашаротро хеле осон мегардонанд.

Яке аз хусусиятхои дигар ва мухими гулхои бо хашарот гардо- лудшаванда буйхои гуногун доштани (баровардани) онхо мебошад. Баъзе аз ин гулхо буи хушу дилкаш (барои мо) доранд. Чунончи, гули ёс, мехак ва садбарг. Баъзе гулхои дигар бошанд, буи мохии вайроншуда ва поруро доранд. Гулхои чунин буйдошта хашароти муайянеро ба худ чалб мекунанд, масалан, пашша, кунгузхо ва хатто баъзе шапалакхоро.

Гулхои тамокуи буё (найчагул) буи баланд мебароранд ва факат вакти шом мешукуфанд. Шабона накхати гулхои сафеду калон-калон боз хам аёнтар мешавад ва шапалакхои шабпарвозро аз дур хам бошад, ба худ чалб мекунад. Онхо бо хамин васила гардолуд мешаванд.

Растанихое хастанд, ки гули онхоро факат хели муайяни хаша- рот гардолуд мекунад. Масалаи, гули аждардахан (аждаргул)-ро говзанбур гардолуд менамояд. Хангоми гулшукуфт дар богхо кут- тихои (кандухои) занбури асалро оварда мемонанд. Занбур гули да- рахтони богро гардолуд мекунад ва хосили мева зиёд мешавад.

Ба чуз растанихои бо хашарот гардолудшаванда, инчунин раста- нихое мавчуданд, ки ба туфайли шамол гардолуд мешаванд. Онхоро растанихои бо шамол гардолудшаванда меноманд. Бисёр растанихои алафи — геша, гандумак (марг), арзанак ва чунин растанихои да- рахтию буттаги, аз кабили роздор, тус, финдик, сафедор, бед, булут ба растанихои бо шамол гардолудшаванда дохил мешаванд. Аксари ин растанихо гулхои майдаю назарногир доранд.

Одатан дарахту буттахое, ки тавассути шамол гардолуд меша- ванд, гулхои онхо аввали бахор пеш аз баргбарори мешукуфанд (масалан, роздор, финдик). Ё гулхои онхо баробари пайдо шудани барг мешукуфанд, чи тавре ки ин холат дар дарахти тус ва булут мушохида карда мешавад. Ин хусусиятхо ба воситаи шамол гар- долудшавии онхоро осон мегардонанд.

Растанихои бо шамол гардолудшаванда ё умуман гулпуш надо- ранд, ё ин ки вай (гулпуш) дар онхо суст инкишоф ёфтааст. Гулхои онхо майдаи назарногир буда, дар аксари холатхо дар тудагулхо гирд омадаанд. Дар онхо ба микдори нихоят зиёд (фаровон) гард хосил мешавад. Гарди гулашон нихоят майда, хушк ва бехад сабук мебошад. Растанихои бо шамол гардолудшаванда одатан анбух-анбух месабзанд. Масалан, анбухи тусзорхо, финдикзорхо ва найзорхои сохили кул ва дарёхоро ба хотир оред. Ин хусусиятхо мутобикати мухими растанихо ба хисоб рафта, бо шамол гардолудшавии онхо- ро метезонанд.

Ба туфайли шамол гардолуд шудани гули чавдорро аз назар мегузаронем. Дар гули чавдор сараввал пулакчахои гул во (кушо- да) мешаванд. Дар байни онхо гарддонхои зард намудоранд. Думчаи гардбаргхо сабзида, гарддонхоро ба берун мебароранд. Бо ку- шода шудани гарддонхо гардхо мерезанд ва онхоро шамол ба хар су пахн мекунад. Сипас, гардгираки гул намудор мегардад. Гард- донхои думчадароз бошанд, алвонч хурда, бакияи гардро ба берун пош медиханд. Шамол гардро ба растанихои хамшафат, ки аз гули онхо аллакай гардгираки серпашмак ба берун сар баровардааст, мебарад. Хамин тавр, гардолудшавй аз гардхои якдигар ба амал меояд (гардолудшавии дутарафа).

Дар баъзе растанихо ба чуз гардолудшавии дутарафа худгардо- лудшави низ руй медихад. Хангоми худгардолудшави гарди гард- дон ба гардгираки худи хамон гул меафтад. Масалан, гулхои гандум, чав, загир, нахуд, лубиё ва картошка бо гардхои гули худ гардолуд мешаванд. Худгардолудшавии растанихо одатан пеш аз гулшукуфти гул ба вукуъ меояд. Вакте ки гул шукуфт, вай аллакай гардолуд аст.

  1. Гардолудшави чист?
  2. Дар кадом холатхо гардолудшавии дутарафа ба амал меояд?
  3. Растанихо барои чалб кардани хашарот чи гуна хусусиятхо доранд?
  4. Барои чи куттихои занбури асалро дар богхои мевадор мегузоранд?
  5. Растанихои бо шамол гардолудшавандаро номбар кунед.
  6. Растанихои бо шамол гардолудшаванда чи гуна хусусиятхои мутобикати доранд?
  7. Чавдор чи тавр гардолуд мешавад?
  8. Худгардолудшавиро фахмонед ва бо мисолхо шархдихед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …