Главная / Биология / Гулро гардолуд кардани ҳашарот, шамол

Гулро гардолуд кардани ҳашарот, шамол

Растаниҳои гулдор одатан мева ҳосил мекунанд. Вале барои ҳосил шудани мева гардолудшавии гул шарти зарурӣ мебошад. Дар вақти гардолудшавӣ гард аз гардбарг ба гардгираки тухмдон оварда мешавад. Бурдани гард аз гардбарги як гул ба гардгираки тухмдони гули дигар гардолудшавии дутарафа номида мешавад.

Акнун саволе пайдо мешавад, ки гард чӣ тавр ва бо кадом роҳҳо ба гардгираки тухмдони гул бурда мешавад? Барои амалӣ гардидани ин ҳодиса гул чӣ гуна хусусиягҳои мутобиқатӣ дорад?

gardoludkuni

Дар аксари ҳолатҳо дар шароити табиӣ гардолудшавӣ тавассути ҳашарот ва шамол амалӣ мегардад. Хусусан, хашаротро гард ва шаҳди (нектари) гул ба худ ҷалб мекунад. Шахд дар ғадуди махсус — шахддон (нектардон) ҳосил мешавад. Шахддон дар дохили гул.

дар аксари ҳолатҳо дар буни гулбаргҳо чой гирифтааст. Гард ва шаҳд ғизои дилхоҳи бисёр намудҳои ҳашарот ба ҳисоб меравад.

Ҳашаротҳои гуногун дар ҷустуҷӯи ғизо аз як гул ба гули дигар нишаста (парида), боиси бурдани гард аз як гул ба гардгираки гули дигар мегарданд . Ҳамин тавр, ба туфайли мавҷудияти шаҳд – ҳамчун аломати ниҳоят муҳими гул дар бисёр мавридҳо гардолудшавӣ тавассути ҳашарот рӯй медиҳад.

Дар бисёр ҳолатҳо гули растаниҳои бо ҳашарот гардолудшаванда дуҷинса буда, гарди онҳо часпак ва дар ҷилдашон баромад (дӯнгиҳо) доранд. Ин хусусиятҳо часпиши гардро ба бадани ҳашарот осон мекунанд.

Чӣ тавр ҳашарот гулҳои ба он даркориро ёфта метавонад? Гулҳои баъзе растаниҳо андозаи калон дошта, гулпӯшашон рангоранги баланду рахшон аст. Ғайр аз ин гулҳои хурд-хурди бисёр растаниҳо дар тӯдагулҳои калону назарнамо сарҷамъ омадаанд. Ин хусусиятҳо дарёфту ҷустуҷӯи ҳашаротро хеле осон мегардонанд.

Яке аз хусусиятҳои дигар ва муҳими гулҳои бо ҳашарот гардо- лудшаванда бӯйҳои гуногун доштани (баровардани) онҳо мебошад. Баъзе аз ин гулҳо бӯи хушу дилкаш (барои мо) доранд. Чунончи, гули ёс, мехак ва садбарг. Баъзе гулҳои дигар бошанд, бӯи моҳии вайроншуда ва поруро доранд. Гулҳои чунин бӯйдошта ҳашароти муайянеро ба худ ҷалб мекунанд, масалан, пашша, қунғузҳо ва ҳатто баъзе шапалакҳоро.

Гулҳои тамокуи бӯё (найчагул) бӯи баланд мебароранд ва фақат вақти шом мешукуфанд. Шабона накҳати гулҳои сафеду калон-калон боз ҳам аёнтар мешавад ва шапалакҳои шабпарвозро аз дур ҳам бошад, ба худ ҷалб мекунад. Онҳо бо ҳамин васила гардолуд мешаванд.

Растаниҳое ҳастанд, ки гули онҳоро фақат хели муайяни ҳаша- рот гардолуд мекунад. Масалаи, гули аждардаҳан (аждаргул)-ро говзанбӯр гардолуд менамояд. Ҳангоми гулшукуфт дар боғҳо қут- тиҳои (кандуҳои) занбӯри асалро оварда мемонанд. Занбӯр гули да- рахтони боғро гардолуд мекунад ва ҳосили мева зиёд мешавад.

Ба ҷуз растаниҳои бо ҳашарот гардолудшаванда, инчунин раста- ниҳое мавҷуданд, ки ба туфайли шамол гардолуд мешаванд. Онҳоро растаниҳои бо шамол гардолудшаванда меноманд. Бисёр растаниҳои алафӣ — ғеша, гандумак (марг), арзанак ва чунин растаниҳои да- рахтию буттагӣ, аз қабили роздор, тӯс, финдиқ, сафедор, бед, булут ба растаниҳои бо шамол гардолудшаванда дохил мешаванд. Аксари ин растаниҳо гулҳои майдаю назарногир доранд.

Одатан дарахту буттаҳое, ки тавассути шамол гардолуд меша- ванд, гулҳои онҳо аввали баҳор пеш аз баргбарорӣ мешукуфанд (масалан, роздор, финдиқ). Ё гулҳои онҳо баробари пайдо шудани барг мешукуфанд, чӣ тавре ки ин ҳолат дар дарахти тӯс ва булут мушоҳида карда мешавад. Ин хусусиятҳо ба воситаи шамол гар- долудшавии онҳоро осон мегардонанд.

Растаниҳои бо шамол гардолудшаванда ё умуман гулпӯш надо- ранд, ё ин ки вай (гулпӯш) дар онҳо суст инкишоф ёфтааст. Гулҳои онҳо майдаи назарногир буда, дар аксари ҳолатҳо дар тӯдагулҳо гирд омадаанд. Дар онҳо ба микдори ниҳоят зиёд (фаровон) гард ҳосил мешавад. Гарди гулашон ниҳоят майда, хушк ва беҳад сабук мебошад. Растаниҳои бо шамол гардолудшаванда одатан анбӯҳ-анбӯҳ месабзанд. Масалан, анбӯҳи тӯсзорҳо, финдиқзорҳо ва найзорҳои соҳили кӯл ва дарёҳоро ба хотир оред. Ин хусусиятҳо мутобиқати муҳими растаниҳо ба ҳисоб рафта, бо шамол гардолудшавии онҳо- ро метезонанд.

Ба туфайли шамол гардолуд шудани гули ҷавдорро аз назар мегузаронем. Дар гули ҷавдор сараввал пулакчаҳои гул во (кушо- да) мешаванд. Дар байни онҳо гарддонҳои зард намудоранд. Думчаи гардбаргҳо сабзида, гарддонҳоро ба берун мебароранд. Бо ку- шода шудани гарддонҳо гардҳо мерезанд ва онҳоро шамол ба ҳар сӯ паҳн мекунад. Сипас, гардгираки гул намудор мегардад. Гард- донҳои думчадароз бошанд, алвонҷ хӯрда, бақияи гардро ба берун пош медиҳанд. Шамол гардро ба растаниҳои ҳамшафат, ки аз гули онҳо аллакай гардгираки серпашмак ба берун сар баровардааст, мебарад. Ҳамин тавр, гардолудшавй аз гардҳои якдигар ба амал меояд (гардолудшавии дутарафа).

Дар баъзе растаниҳо ба ҷуз гардолудшавии дутарафа худгардо- лудшавӣ низ рӯй медиҳад. Ҳангоми худгардолудшавӣ гарди гард- дон ба гардгираки худи ҳамон гул меафтад. Масалан, гулҳои гандум, ҷав, зағир, нахӯд, лӯбиё ва картошка бо гардҳои гули худ гардолуд мешаванд. Худгардолудшавии растаниҳо одатан пеш аз гулшукуфти гул ба вуқӯъ меояд. Вақте ки гул шукуфт, вай аллакай гардолуд аст.

  1. Гардолудшавӣ чист?
  2. Дар кадом ҳолатҳо гардолудшавии дутарафа ба амал меояд?
  3. Растаниҳо барои ҷалб кардани ҳашарот чӣ гуна хусусиятҳо доранд?
  4. Барои чӣ қуттиҳои занбӯри асалро дар боғҳои мевадор мегузоранд?
  5. Растаниҳои бо шамол гардолудшавандаро номбар кунед.
  6. Растаниҳои бо шамол гардолудшаванда чӣ гуна хусусиятҳои мутобиқатӣ доранд?
  7. Ҷавдор чӣ тавр гардолуд мешавад?
  8. Худгардолудшавиро фаҳмонед ва бо мисолҳо шарҳдиҳед.

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …