Главная / Илм / Гигиенаи мард

Гигиенаи мард

gigienai-mardГигиенаи мард. Дар синни навраси писарбачахо бояд малакахои Г. ш.-ро хосил кунанд, бадан, муй ва сарулибос тоза бошад. Калонсолон бояд наврасонро аз хусуси ихрочи беихтиёри мани (одатан хангоми хоб руй медихад) огох созанд, ба онхо фахмонанд, ки эхтилом дар айёми балогати чинси ходисаи табиист.
Максади асоси аз тарбияи чинси он аст, ки наврас хиссиётро идора карда тавонад, ба хаёти чинси нафакат аз чихати маънави, балки аз нуктаи назари бехдошт хам омода бошад. Наврасро аз алокаи чинсии тасодуфи боздоштан ва окибати бади онро фахмондан хеле мухим аст.
Хар мард ва писарбача бояд узвхои таносулро тоза нигох дорад. Баъди эхтилом ё мучомаат, аъзои чинсиро бо оби гарм шустан лозим. Мардхо бояд донанд, ки мучомаат дар давраи хайз нафакат узвхои чинсии занро иллатнок мекунад, балки боиси газаки пешоброхаи мард (дар натичаи рох ёфтани лахтаи хун) низ мешавад.
Риояи коидахои Г. ш. ба пиронсолон хам зарур аст. Тадбирхои умуми, гизои мураттаб (аз руи синну сол), истирохат ва варзиши чисмони неруи мухофизати организми пиронсолонро ба кор андохта, мукобилати организмро ба беморихо афзун мегардонад. Доимо аз духтур маслихат пурсидан лозим, зеро кори чисмони ва хурду хурок бояд бо синну сол ва вазъи саломати мувофик бошад.
Ад.: Бобоев А., Бехдошт, Д., 1995; Хамон муаллиф, Оздоровление условий труда строителей крупных гидроэлектростанций, Д., 1982; Хамон муаллиф, Общая гигиена, Д., 2008.

А.Б. Бобоев.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …