Главная / Илм / ГУРБА (Пишак) дар Канзи Шифо (Китоб)

ГУРБА (Пишак) дар Канзи Шифо (Китоб)

Гурба (пишак) — ин чонвар навъхои хонаги, вахши ва оби дорад. Мизочи гурбаи хонаги дар дарачаи дувум гарм ва рутубаташ бисёр, яъне тар аст. Хислатхои шифобахши он: хурдани гушти гурбаи хонаги ба пирон ва тармизочон мувофик аст: дарди бугумхоро, ки аз тари бошад, бемории никрис ва даббаро, ки аз даридани пардаи шикам бошад, дору мешавад, гурдаро гарм мегардонад, бавосир ва дарди пуштро судманд аст.

Агар аз пусташ пустин духта бипушанд, баданро гарм мекунад, хусусан пусти гурбаи оби, ки пашмаш махинтар ва дарозтар аст, инчунин пусти гурбаи пашмдарози дигар ба он наздик аст. Гурбаро дар куза чо карда, дар танури тафсон ё дар кураи хаммом бисузанд, то он ки хокистар гардад, онро бо сирко сиришта, бо пари мург бимоланд, кафидани ангуштони дасту похоро шифо мебахшад.

Мизочи саргинаш дар гарми кави аст. Агар онро занхо аз таг бардоранд ё сухта ба дудаш худро бидоранд, хамрохаки (ёраки) бачаро аз шиками онхо меафтонад. Гушти нави гурбаро гузошта банданд, никрисро дафъ мекунад. Гушти хушкашро куфта, гузошта банданд, тир ва хори даромадаро аз бадан берун мекашад, устухони шикастаро ба хам мепайвандад.

Бо гурба хамнафас шудан ва хурдани гушти он логар мекунад ва иллати силро ба хам мерасонад. Табиб Махрёрус гуфтааст, ки магзи сари онро бо оби индови зироати биёшоманд, чакмезак ва дарди гурдаро даво мешавад.

Захраи гурбаи сиёхро бо равгани савсани сафед ё равгани савсани кухи даромехта, дар бини бирезанд, кач шудани руйро шифо мебахшад, муйро сиёх мекунад. Агар ин захраи онро дар вакти зоидан ба чашм кашанд, дар шаб тезбин мегарданд. 1,75 грамм захраи онро бо равгани зайтун даромехта дар бини резанд, кач шудани руйро шифо мебахшад, агар бо намаки куфта даромехта бимоланд, чарохати кухнаро ба ибро меоварад.

gurba_pishak
Сурати Гурбаи хокистаранг

Сипурзи гурбаи сиёхро занхое, ки хайзашон бемавриду бамаврид равон мешавад, ба ронашон биёвезанд, хуни равони онхоро манъ мекунад. Хаким Арасту мегуяд, ки хояи хушки гурбаро куфта, дар бини бирезанд, барои иллати махав багоят фоидабахш аст.

Гурбаи вахши дар намуд шишаранг аст, аз хонаги калонтар мебошад, муяш камтар. Барои давои кавитар аз хонаги бувад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: магзи сарашро сухта, дудашро бигиранд, барои резонидани нутфа аз бачадон дору мебошад. Майнаи онро дар об чушонида, дар он об даромада нишинанд, дарди камар ва никрис (подагра)-ро шифо мебахшад.

Хурдани гушти ин чоиз нест, зеро ки бинобар мурдорхур буданаш дар бадан мурдори меоварад. Агар гурбаи вахши касро бигазад, дарди бисёр ва сабзии ранги бадан меоварад. Давои ин пудинаи дашти ё пиёзро куфта, ба чойи газидааш гузошта бастан аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …