Главная / Илм / ГУБАЙРОИ СУРХ

ГУБАЙРОИ СУРХ

sorbus-aucupariaГУБАЙРОИ СУРХ (Sorbus ausuporia), як навъ бутта ё дарахтест хурд; то 2 м кад мекашад. Баргаш мураккаб (аз 9 – 17 баргча иборат), пармонанд. Гулаш сафеди хушбуй, 5-барга (май – июн мешукуфад). Мевааш мудаввар, зарди норанчи ё сурхи чилодор (сент. – окт. мепазад). Г. с.-и худруй дар кухсори Кавказ ва Осиёи Маркази, аз чумла Точикистон дучор меояд. Меваи он андак турш ва талхча аст. Аммо баъди онро сармо задан, ширин ва хуштаъм мешавад (тару тоза ё хушконида истеъмол менамоянд). Меваи Г. с. манбаи витамин (хусусан витамини С, каротин, витаминхои Р, РР, В, К) буда, аз кадим чун даво низ машхур аст. Аз давобахш будани он табибони Юнони Кадим бохабар буданд. Бино ба маълумоти Абуалии Сино меваи Г. с. сулфа ва кайро бозмедорад, инчунин ба меъдаву руда судманд аст. Табибони халки меваи тару тоза ё шарбати онро чун доруи мусхил (исхоловар), пешоброн ва хунбанд, инчунин барои табобати беморихои шуш, тарбод, исхоли хунин (дизентерия) ва г. истифода мебаранд. Бо шираи мевааш бавосир ва бо чушоби барги он ширинчаро муолича мекунанд. Дар амалияи тибби муосир меваи Г. с.-ро бештар барои бартараф намудани норасоии витамин (авитаминоз) тавсия медиханд.
Давохое, ки аз Г. с. тахия шудаанд, микдори чарбуи чигар ва холестерини хунро кам мекунанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …