ҒУБАЙРОИ СУРХ (Sorbus ausuporia), як навъ бутта ё дарахтест хурд; то 2 м қад мекашад. Баргаш мураккаб (аз 9 – 17 баргча иборат), пармонанд. Гулаш сафеди хушбӯй, 5-барга (май – июн мешукуфад). Мевааш мудаввар, зарди норанҷӣ ё сурхи ҷилодор (сент. – окт. мепазад). Ғ. с.-и худрӯй дар кӯҳсори Кавказ ва Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дучор меояд. Меваи он андак турш ва талхча аст. Аммо баъди онро сармо задан, ширин ва хуштаъм мешавад (тару тоза ё хушконида истеъмол менамоянд). Меваи Ғ. с. манбаи витамин (хусусан витамини С, каротин, витаминҳои Р, РР, В, К) буда, аз қадим чун даво низ машҳур аст. Аз давобахш будани он табибони Юнони Қадим бохабар буданд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино меваи Ғ. с. сулфа ва қайро бозмедорад, инчунин ба меъдаву рӯда судманд аст. Табибони халқӣ меваи тару тоза ё шарбати онро чун доруи мусҳил (исҳоловар), пешоброн ва хунбанд, инчунин барои табобати бемориҳои шуш, тарбод, исҳоли хунин (дизентерия) ва ғ. истифода мебаранд. Бо шираи мевааш бавосир ва бо ҷӯшоби барги он ширинчаро муолиҷа мекунанд. Дар амалияи тибби муосир меваи Ғ. с.-ро бештар барои бартараф намудани норасоии витамин (авитаминоз) тавсия медиҳанд.
Давоҳое, ки аз Ғ. с. таҳия шудаанд, миқдори чарбуи ҷигар ва холестерини хунро кам мекунанд.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …