ГОСПИТАЛ (Nosocomium), муассисаи табобати барои муоличаи хизматчиёни харбие, ки бемори бистарианд. Баъзе муассисахои табобатии ахолиро низ Г. меноманд. Г.-хои харби доими (дар замони осоишта ва давраи чанг вучуд доранд) ва сайёр (факат дар давраи чанг таъсис меёбанд) мешаванд. Дар Г.-и доимии харби хизматчиёни харби, инчунин офитсерон ва генералхое, ки ба истеъфо баромадаанд, муолича карда мешаванд. Г.-и сайёр (Г.-хои чаррохи, терапевти, барои амрози сирояти ва сабук захмишудагон) ва Г.-и эвакуатсиони (кучанда) дар давраи чанг таъсис мешаванд. Г.-и сайёр, ки наклиёти худро дорад ва бо тачхизоти сайёр, хайма ва асбобу анчоми тибби таъмин аст, аз паи кушунхо меравад. Г.-хои эвакуатсиони асосан дар акибгохи фронт ва кисман дар махалли фронт чойгир мешаванд.
Беморони харбиро дар чойхои махсус табобат кардан бори аввал дар а. 1 то м. дар Рим шуруъ шудааст. Дар а. 13 дар Миср, дар а. 16 дар Испания ва дар а. 18 дар Россия Г.-хои харби таъсис ёфтанд.
Солхои Чанги Бузурги Ватани ба Точикистон аз шахрхои маркази, ки набардхои шадид идома меёфтанд, 29 Г. кучонида шуд (барои 10170 кат). Аз он микдор 8 Г. дар ш. Душанбе чой гирифт (барои 2335 кат). Хар Г. самти муоличаи муайян дошт. Мас., Г.-и № 4446 – амрози асаб, № 4447 – ортопедию осебшиноси, № 4450 ва № 4451 – чаррохи ва г. Дар тули 2,5 соли фаъолияти худ Г.-хо ба 16,5 хаз. мачрухон ва беморон мадад расонданд.
Айни замон дар Точикистон 5 Г. фаъолият дорад (Кумитаи амнияти милли – 1, Вазорати умури дохили – 1, Горди милли – 1, Вазорати мудофиа – 2). Г.-и аввалин с. 1993 дар пойгохи собик Г.-и иштирокчиён ва маъюбони Чанги Бузурги Ватани таъсис ёфтааст. Яке аз Г.-хои Вазорати мудофиа дар вил. Сугд (ш. Хучанд) чой гирифтааст. Он с. 1996 ба фаъолият пардохта, дорои 75 кат мебошад (с. 2010).
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …