Главная / Илм / ГАШЁН

ГАШЁН

hysteriaГАШЁН (Hysteria), истерия, як навъ бемории рухиест аз гурухи неврозхо. Одамони асабхояшон заиф аз таъсири садамаи рухи ба Г. гирифтор мешаванд ва ин холат аксуламали онхо ба вазъияте мебошад, ки онро тахаммул карда наметавонанд.
Зухуроти Г. гуногун аст: хуручхои мухталиф, фалач, ташаннуч (кашиш)-и ягон гурухи мушакхо, ихтилоли хассосият ва г. Мумкин аст ин иллатхо таквият ёбанд. Он гох аз онхо рахо ёфтан хеле мушкил мегардад. Хуручи гашёни баъзан бо ташаннучи сабук чараён мегирад, вале он метавонад дар шакли бехуши, зики дил, зики нафас, ташаннучи руда ва диг. нишонахо низ падид ояд. Барои муайян кардани табиати маризи оид ба бемор, рухияи у ва омилхое, ки боиси бемори гаштаанд, маълумоти кофи доштан зарур аст.
Хангоми Г. беморон агар аз як тараф, аз азоби сахт, «дарди токатфарсои вазнин», «табларзаи шадид», нишонахои гайриоддии бемори, дарди номафхум ва г. шикоят кунанд, аз тарафи дигар, ба «карахтии дасту пои худ», ба «нобинои» ва гап зада натавонистан, гуё парвое надоранд.
Агар бемори тул кашад, мумкин аст хислат ва рафтори мариз тагйир ёбад. Бемор зудранчу худбин гашта, дар рафтори у нишонахои намоишкори ва сохтакори пайдо мешаванд. у кушиш мекунад, ки диккати атрофиёнро бо хар рох чалб намояд; табъи бемор зуд-зуд дигар шуда меистад. Дар ин маврид у на аз руи мантик, балки аз руи эхсос амал мекунад. Хамаи ин зухурот далели он аст, ки Г. шакли музмин гирифтаасту барои муоличаи он нафакат кушиши бемор ва хешовандони у, балки кушиши духтури беморихои рухи низ зарур аст.
Дар хотир бояд дошт, ки нишонахои неврози гашёни дар холати душвор ва барои бемор «илочнопазир» пайдо шуда, яке аз усулхои мухофизат мебошад. Аз ин сабаб «худро ба даст гир», «хеч гап нест», «ту бемор нести», «хамаи ин аз асаб аст» гуфтани атрофиён ахволи беморро факат вазнин мекунаду бас.
Дар сурати руй додани Г. беморро дархол ором карда, ба чогах мехобонанд, бо бахонаи зарур будани ороми дигаронро аз хона мебароранд, ба бемор об медиханд, нури чарогро паст мекунанд. Азбаски сабаби Г. ва тул кашидани он талкин ва худталкин аст, дар назди бемор ташвишу изтироби барзиёд зохир намудан, дар хусуси вазъи бемор, амалиёти духтур ва диг. кормандони тиб мухокима рондан харгиз чоиз нест.
Баъд аз бархам хурдани аломатхои Г. ба бемор фахмондан лозим, ки сабаби бемории у хаячон ва гаму андух аст, онро муолича кардан имкон дорад.
Барои пешгирии Г. он омилхоеро бархам бояд зад, ки ба асаб таъсири ногувор мерасонанд. Мунтазам ба мехнату варзиш машгул шудан ва сайругашт дар хавои тоза судбахш аст. Дар мавриди зухури нишонахои аввалини Г. бемор бояд хатман ба духтур мурочиат кунад.
Ад.: Авруцкий Г.Я., Неотложная помощь в психиатрии, М., 1979; Долгопятов Г.Я., Неврозы, М., 1972; Справочник по психиатрии, М., 1985; Первов Л.Г., Уход за невротическими больными, Л., 1983; Гуломов М.Г., Равонпизишки, Д., 1996.

Н.М. Шарофова.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …