Главная / Ҷамъият / Эълон кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва супоридани нусхаи он

Эълон кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва супоридани нусхаи он

Моддаи 142-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Эълон кардани қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва супоридани нусхаи он 

  1. Қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баъди ба охир расидани баррасии парванда фавран эълон карда мешавад.
  2. Нусхаи қарор оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба шахси воқеӣ ё намояндаи шахси ҳуқуқӣ, ки нисбати онҳо қабул шудааст, ба прокурор агар дар баррасии парванда иштирок дошта бошад, инчунин ба ҷабрдида бо хоҳиши ӯ бо гирифтани имзо супорида ё ба ин шахсон дар мӯҳлати се шабонарӯзи баъди қабули қарор равон карда мешавад.
  3. Оид ба парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати шахсе, ки ба ӯ силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ (тирҳо) тибқи адои вазифаи хизматӣ вобаста карда ё барои истифодаи муваққатӣ супорида шудааст, нусхаи қарор дар бораи таъин кардани ҷазои маъмурӣ ба ташкилоти дахлдор фиристода мешавад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …