Главная / Илм / ЁРДАМПУЛи БАРОИ КОРНОШОЯМИИ МУВАККАТи

ЁРДАМПУЛи БАРОИ КОРНОШОЯМИИ МУВАККАТи

yordampuli2ЁРДАМПУЛи БАРОИ КОРНОШОЯМИИ МУВАККАТи ба коргарон ва хизматчиён дар мавридхои муваккатан аз даст додани кобилияти кори бинобар маризи ё маъюби, дар рузхои барои нигохубини ягон аъзои бемори оила аз кор озод будан, дар мавриди карантин, бинобар бемории касби муваккатан ба кори дигар гузаронидани корманд ё хангоми протезмони барои дар беморхона бистари кардани у дода мешавад.
Асос барои таъини Ё. варакаи корношоямии муваккати аст. Ёрдампули то баркарор гаштани кобилияти кори, вале на бештар аз 4 мох, хангоми бемории сил бошад, на бештар аз 12 мох пардохта мешавад. Дар вакти корношоямии марбут ба офатхои табии (зилзила, обхези, сухтор ва г.) ёрдампули дар асоси коидахои умуми барои хама давраи кор карда натавонистан пешбини шудааст. Хангоми карантин ёрдампули дар сурате дода мешавад, ки агар корманд аз чониби хадамоти бехдошти эпидемиологи вобаста ба бемории сироятии одамоне, ки уро ихота мекунанд, аз кор дур карда шуда бошад. Ашхоси гирифтори бемории сил ва амрози касби дар мавриди ичро карда натавонистани кори асоси муваккатан ба кори дигар гузаронда мешаванд. Агар мохонаи кори нав аз маоши пештараи онхо кам бошад, пас тибки варакаи корношоями дар тамоми давраи ба кори нав гузарондан ёрдампули дода мешавад (вале на бештар аз як сол). Ёрдампули якчоя бо маош бояд аз мохонаи кабли зиёд набошад.
Хангоми дар муассисаи протезу ортопеди бистари гардондани корманд барои хама давраи дар он чо будан ва рафтуомад ёрдампули таъин шудааст.
Ё. дар мавридхои зерин пардохта нахохад шуд: агар корманд дидаю дониста ба саломатии худ зарар расонда ё худро бардуруг бемор вонамуд сохта бошад; агар корношоями бинобар масти, нашъамади ё захрманди рух намуда бошад; агар корношоями бинобар чинояти содиркардаи худи одам ба вукуъ пайваста бошад; дар давраи муоличаи мачбури тибки таъиноти суд (ба истиснои ашхоси гирифтори беморихои рухи); хангоми тахти хабс карор доштан ва дар давраи экспертизаи тиббии суди ва психиатрии суди.
Дар мавридхои чарохати мехнати ё бемории касби, собикаи кории муттасили 8-сола (ва зиёда аз он), тахти сарпарасти доштани 3 (ё зиёда аз он) кудаки то синни 15-сола (хонандагони то синни 18-сола), инчунин барои иштирокчии ЧБВ ва ашхоси ба онхо баробар, кормандоне, ки дар рафъи садамаи Чернобил ширкат доштанд ё гирифтори беморихои бадфарчоми узвхои хунофар, омосхои саратони ва диг. амрози бадфарчом мебошанд, ёрдампули дар хачми 100%-и музди мехнат пардохта мешавад. Барои кормандони собикаи мехнатии муттасилашон 5 – 8-сола ва ятимоне, ки ба синни 23-сола нарасидаанд, ёрдампули дар хачми 80%-и музди мехнат мукаррар шудааст. Ба кормандони собикаи кории муттасилашон камтар аз 5 сол дар хадди 60%-и музди мехнат ёрдампули дода мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …