Главная / Илм / ЁРДАМПУЛӣ БАРОИ КОРНОШОЯМИИ МУВАҚҚАТӣ

ЁРДАМПУЛӣ БАРОИ КОРНОШОЯМИИ МУВАҚҚАТӣ

yordampuli2ЁРДАМПУЛӣ БАРОИ КОРНОШОЯМИИ МУВАҚҚАТӣ ба коргарон ва хизматчиён дар мавридҳои мувақкатан аз даст додани қобилияти корӣ бинобар маризӣ ё маъюбӣ, дар рӯзҳои барои нигоҳубини ягон аъзои бемори оила аз кор озод будан, дар мавриди карантин, бинобар бемории касбӣ муваққатан ба кори дигар гузаронидани корманд ё ҳангоми протезмонӣ барои дар беморхона бистарӣ кардани ӯ дода мешавад.
Асос барои таъини Ё. варақаи корношоямии муваққатӣ аст. Ёрдампулӣ то барқарор гаштани қобилияти корӣ, вале на бештар аз 4 моҳ, ҳангоми бемории сил бошад, на бештар аз 12 моҳ пардохта мешавад. Дар вақти корношоямии марбут ба офатҳои табиӣ (зилзила, обхезӣ, сӯхтор ва ғ.) ёрдампулӣ дар асоси қоидаҳои умумӣ барои ҳама давраи кор карда натавонистан пешбинӣ шудааст. Ҳангоми карантин ёрдампулӣ дар сурате дода мешавад, ки агар корманд аз ҷониби хадамоти беҳдошти эпидемиологӣ вобаста ба бемории сироятии одамоне, ки ӯро иҳота мекунанд, аз кор дур карда шуда бошад. Ашхоси гирифтори бемории сил ва амрози касбӣ дар мавриди иҷро карда натавонистани кори асосӣ муваққатан ба кори дигар гузаронда мешаванд. Агар моҳонаи кори нав аз маоши пештараи онҳо кам бошад, пас тибқи варақаи корношоямӣ дар тамоми давраи ба кори нав гузарондан ёрдампулӣ дода мешавад (вале на бештар аз як сол). Ёрдампулӣ якҷоя бо маош бояд аз моҳонаи қаблӣ зиёд набошад.
Ҳангоми дар муассисаи протезу ортопедӣ бистарӣ гардондани корманд барои ҳама давраи дар он ҷо будан ва рафтуомад ёрдампулӣ таъин шудааст.
Ё. дар мавридҳои зерин пардохта нахоҳад шуд: агар корманд дидаю дониста ба саломатии худ зарар расонда ё худро бардурӯғ бемор вонамуд сохта бошад; агар корношоямӣ бинобар мастӣ, нашъамадӣ ё заҳрмандӣ рух намуда бошад; агар корношоямӣ бинобар ҷинояти содиркардаи худи одам ба вуқӯъ пайваста бошад; дар давраи муолиҷаи маҷбурӣ тибқи таъиноти суд (ба истиснои ашхоси гирифтори бемориҳои рӯҳӣ); ҳангоми таҳти ҳабс қарор доштан ва дар давраи экспертизаи тиббии судӣ ва психиатрии судӣ.
Дар мавридҳои ҷароҳати меҳнатӣ ё бемории касбӣ, собиқаи кории муттасили 8-сола (ва зиёда аз он), таҳти сарпарастӣ доштани 3 (ё зиёда аз он) кӯдаки то синни 15-сола (хонандагони то синни 18-сола), инчунин барои иштирокчии ҶБВ ва ашхоси ба онҳо баробар, кормандоне, ки дар рафъи садамаи Чернобил ширкат доштанд ё гирифтори бемориҳои бадфарҷоми узвҳои хунофар, омосҳои саратонӣ ва диг. амрози бадфарҷом мебошанд, ёрдампулӣ дар ҳаҷми 100%-и музди меҳнат пардохта мешавад. Барои кормандони собиқаи меҳнатии муттасилашон 5 – 8-сола ва ятимоне, ки ба синни 23-сола нарасидаанд, ёрдампулӣ дар ҳаҷми 80%-и музди меҳнат муқаррар шудааст. Ба кормандони собиқаи кории муттасилашон камтар аз 5 сол дар ҳадди 60%-и музди меҳнат ёрдампулӣ дода мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …