Главная / Гуногун / Дуо чист?

Дуо чист?

Дуо ибодат аст ! Хазрати Нуъмон ибни Башир (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) иршод фармуданд: «Дуо хамон ибодат аст». Баъд аз он Расулуллох (с) ба таври далел ин ояти Куръони мачидро тиловат фармуданд:

Ва кола Раббукуму-дъуни астачиб лакум. Инна-л-лазина ястакбируна ан ибодати саядхулуна чаханнама дохирин.[1]

molitva_dua2Тафсири ин оят. «Ва Парвардгори худатон фармуд: «Маро бихонед, то шуморо ичобат кунам». Мурод аз «дуо» хондан, дархости чалби манфиатхо ва дафъи зиён аз боргохи Парвардгор, ё ибодат ва ягонапарастии вай аст. Албатта, дуо дар зоти хеш ибодат аст, балки дуо чунонки дар хадиси шариф омадааст: «Катъан Парвардгоратон дар бакийяи айёми рузгоратон (зиндагиятон) дехишхову бахшишхое дорад, пас, худро барои онхо пеш афганед. Чи басо дуо бо рахмате мувофикат ва хамрохи кунад, пас, сохибаш ба василаи он ба саодате ноил гардад, ки баъд аз он харгиз ва барои хамеша зиёнманд нашавад».

Албатта, ин оят худ дар ин боб хуччат аст, зеро Худованд худаш фармудааст: «Маро ба дуо бихонед, то шуморо ичобат кунам». Сипас ба дунболи он фармуд: «Касоне, ки аз ибодати Ман», яъне: аз дуои Ман «истикбор меварзанд, зудо ки ба хориву зори вориди дузах шаванд». Ин хушдорест сахт ба касоне, ки аз дуо намудани ба боргохи Худои таоло такаббур меварзанд. Бинобар ин касе, ки баровардани хочот, чалби манфиат ва дафъи зарарро аз мурдагон бихохад, дар вокеъ бо ин дуои хеш онхоро ибодат карда ва чизеро барояшон сарф карда, ки сарф кардани он чуз барои Худои субхон чоиз нест.

Аз ин, ки бигзарем дуои гайри Худованд барои дуокунанда хеч суде дар бар надорад, зеро танхо касе, ки бар ичобат кардани дуо тавоност, Худои субхон аст. Бинобар ин У бандагонашро ба дуо кардан ва дархости хочот аз боргохи худ дастур дода ва дар ин сурат ичобати дуояшонро ваъда додааст ва ваъдаи у низ хак аст.

Пас, эй бандагони Худо, хостахои худро ба Худованд мутаваччех созед ва дар хостахои худ бар зоте такя кунед, ки шуморо ба тавчехи ин дархостхо ба суйи хеш фармон дода ва ичобати онхоро низ барои шумо тазмин кардааст. Оре, Уст зоти бахшандаи кариме, ки дуои дуокунандаро ичобат мекунад ва бар касоне, ки ниёзхову хочатхои худро дар умури дунёву дин аз фазли бузург ва мулки фарогир ва васеи у дархост намекунанд, хашм мегирад. Чунончи дар хадиси шариф омадааст: «Хар ки ба боргохи Худои азза ва чалла дуо накунад, Хак таоло бар у хашм мегирад».[2]

*         *         *         *         *

Хазрати Абдуллох (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) иршод фармуданд: «Аз Худои таоло фазл бихохед, барои ин ки Худои таоло дуст дорад, ки аз у талаб карда шавад ва баъд аз дуои вусъату кушоиш интизор шудани кушоиш бехтарини ибодат аст».[3]

Тавзех. Матлаб аз интизори кушоиш ин аст, ки умедвор бошад, ки он дуое, ки барои рахмату хидоят ва хайр талаб карда шудааст, иншоаллох, хатман хосил мешавад.[4]

*         *         *         *         *

Хазрати Савбон (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) иршод фармуданд: «Чуз дуо хеч чиз наметавонад такдирро иваз кунад ва ба чуз неки хеч чиз наметавонад умрро изофа кунад. Ва инсон бисёр вактхо ба сабаби гунохе аз ризк махрум карда мешавад»[5]

Тавзех. Матлаб аз ин, ки дуо такдирро иваз мекунад, ин аст, ки дар такдир чунин навиштааст, ки агар ин шахе барои бартараф кардани фалон ранч дуо бикунад, он ранч бартараф карда хохад шуд, чунонки дар хадис омадааст: «Дуо кардан низ назди Худои таоло мукаддар аст». Хамчунин назди Худои таоло навишта шудааст, ки умри ин шахс масалан шаст сол аст, аммо агар фалон неки, масалан хач бикунад, умри у бист сол изофа карда мешавад ва ин дар дунё хаштод сол зиндаги мекунад.[6]

*         *         *         *         *

Хазрати Салмони Форси (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) иршод фармуданд: «Бидуни шак дар зоти олии Худои таоло сифати хаё зиёд аст ва ба гайр аз савол бисёр зиёд атокунанда аст. Вакте ки инсон пеши Худои таоло дастхои худро баланд мекунад, Худои таоло аз холиву номурод баргардонидани дастхои у хаё мекунад, бад-ин чихат хатман ато мефармояд».[7]

*         *         *         *         *

Хазрати Али (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) иршод фармуданд: «Дуо силохи муъмин аст, сутуни дин аст ва нури осмону замин аст».[8]

*         *         *         *         *

Хазрати Абухурайра (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) иршод фармуданд: «Шумо Худои таолоро бар ичобати дуо якин дошта бошед ва инро хуб бидонед, ки Худои таоло дуои он шахсро кабул намекунад, ки калби у дар вакти дуо кардан аз Худои таоло гофил ва бо гайри Худои таоло машгул бошад».[9]

*         *         *         *         *

Хазрати Абдуллох ибни Масъуд (раз) мефармояд, ки: «Расулуллох (с) иршод фармуданд: «Бар хар шахсе фокаву тангдасти биёяд ва у барои дур кардани он аз мардум савол кунад, фокаву тангдастии у бартараф нахохад шуд. Ва бар хар шахсе, ки фока биёяд ва у барои бартараф кардани он аз Худои таоло савол кунад, пас Худои таоло ба зуди уро ризк ато мефармояд, фавран мерасад, ё бо каме таъхир».[10]

Дуои он шахсоне, ки кабул мешавад

  1. Инсони музтар ва парешонхотир.
  2. Мазлум ва ситамдида.
  3. Падар барои фарзанд.
  4. Фарзанди фармонбардор.
  5. Мусофир.
  6. Рузадор.

Вактхо ва холатхое, ки кабул шудани дуо дар онхо тасрех шудааст

  1. Шаби кадр.
  2. Мохи мубораки рамазон.
  3. Баъд аз намозхои фариза.
  4. Дар холати сачда.
  5. Шабу рузи чумъа махсусан баъд аз намози аср.
  6. Баъд аз тиловати Куръон.
  7. Мавкеи ичтимои мусалмонон (намозхои чумъаву идайн),

Ва хамчунин каме аз одоби дуо кардан

  1. Пархез аз харом дар хурдану пушидан.
  2. Тахорат ва покизаги хангоми дуо.
  3. Хамду санои Парвардгор ва дуруд бар Расули акрам (с) дар аввалу охир.
  4. Эътироф ба таксиру гунох.
  5. Тавассул ба «Асмои хусно» ва сифоти Илохи.
  6. Такрори дуо хадди акал[11] се маротиба.
  7. Илхоху[12] тазарруъ ва изхори ачзу[13] дармондаги.
  8. Аз самими калб дуо кардан ва умеди кабулият доштан.

Тарикаи дуо кардан

Банда вакти дуо мебояд, ки хар маъсияте, ки карда бошад пеши дил наёрад ва на хеч тоате, зеро ки агар тоат пеши дил дорад ва он учб2 бошад ва дуо ба учб мустачоб нашавад. Ва агар маъсият пеши дил орад, дар боварии дуо сусти орад. Пас, вакти дуо назари хос бар рахмати Хак таоло мебояд дошт ва мукин бояд буд, ки албатта ин дуо мустачоб аст, иншоаллохи таоло. Вакти дуо бояд, ки хар ду даст кушода бошад ва баробари сина. Ва хамчунин омадааст, ки хар ду даст муттасили якдигар бояд дошт ва нек баланд бояд дошт. Ва хамчунин сурат бояд баст, ки гуи хамин замон чизе дар дасти у хоханд андохт. Дуо таскини дил аст, Худои таоло медонад, ки чи мебояд кард.

Ин буд каме аз ахамияту фазоили дуо, ки пешкаши шумо шуд. Ва дар охир чанд байте аз Мирзо Мухаммадали Соиби Табрези (paх) дар баёни ин матолиб аст меоварем:

Байтхо:

Дасти хохиш чун садаф макшои пеши хокиён,

Хар чи мехохад дилат аз олами боло талаб.

*         *         *

То чуи садаф кунанд туро махзани гухар,

Бардор суи олами боло кафи ниёз.

*         *         *

Давлат па чарогест, ки хомуш шавад зуд,

Фонус, агар аз дасти дуо дошта бошад.

*         *         *

Аз дари Хак ба дари халк чаро бояд рафт,

Шиква аз ёр ба агёр намебояд кард.

[1] Сураи Муъмин, ояти 60

[2] Тафсири “Анвору-л-Куръон”, чилди 5.

[3] Ин хадисро Имом Тирмизи ривоят кардааст.

[4] “Ал-аходису-л-мунтахаб”.

[5] Ин хадисро Имом Молик ривоят кардааст.

[6] “Ал-аходису-л-мунтахаб”.

[7] Ин хадисро Имом Тирмизи ривоят кардааст.

[8] “Ал-аходису-л-мунтахаб”.

[9] Ин хадисро Имом Тирмизи ривоят кардааст.

[10] Ин хадисро Имом Тирмизи ривоят кардааст.

[11] Акал – кам.

[12] Илхох – дархост кардан.

[13] Ачз – шикатаги.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …