Главная / Илм / ДУМИ ГОВАК

ДУМИ ГОВАК

dumi-govakДУМИ ГОВАК (Verbascum soongoricum), марги мохи, гиёхест дусола. Аз 40 то 150 см кад мекашад. Пояаш рости сершох, нештаршакл. Хушагулаш калон, чорубшакл, гулаш зард. Май – июн гулу мева мекунад. Чун алафи бегона дар киштзори лалми, сари рох, маргзор, канори бешазорхо меруяд. Дар мавзеъхои Курама, Мевагул, Туркистон, Зарафшон, Хисору Дарвоз, Точикистони Чанубию Шарки (дар баландии 700 – 2600 м аз с.б.) пахн шудааст.
Абуалии Сино Д. г.-ро барои табобати беморихои гуногун истифода бурдааст. Чушоби баргу пояи онро барои муоличаи омосхо, Сурфаи музмин, илтихоби чашм, дарди дандон ва г. кор мефармуд. Мархами Д. г.-ро ба чарохату захмхо мебаст.
Табибони халки бо чушоби Д. г. сурфакабутак, хафакон, бавосир, назла, илтихоби меъдаю руда, беморихои чигар, испурч ва пешобдон, бо барг ё орди гулаш дарди чарохату варам, бо решааш дарди бавосирро таскин мебахшанд. Онхо бо максади доруи асосан баргу гули Д.г.-ро кор мефармоянд. Чушоби тухми Д. г.-ро чун давои кайовар ва чушоби решаашро хангоми илтихоби шошадон меошоманд. Хокаи баргу пояи онро ба чарохати пуст мепошанд. Табибони халкии Белоруссия чушоби гули Д. г.-ро барои дармони беморихои дил, гурда сил, ихтилоли фаъолияти асаб, зики нафас, беморихои чимои, саръ ва г. тавсия медиханд. Гулчойи онро дар дили нахор чун давои балгамовар, таскинбахш, исхоловар, аракрон, пешоброн ва хангоми дарди дил, сандуки сина ва сили шуш ½ ё 1 пиёлаги менушанд. Барги дар шир чушонидаи Д. г. ба пучак, захмхои гуногун, ушкуфа, бавосир ва чарохатхои фасоднок баста мешавад. Накеъи гули он барои табобати сулфа, гирифтагии овоз, нафастанги ва зики нафас нафъ дорад. Точикони кухистон Д. г.-ро «марги мохи» меноманд ва онро барои доштани мохи истифода мекунанд. Бо ин максад Д. г.-ро даста баста ба санге, ки дар зери он мохи аст, мезананд. Онро куфта дар об хам андохтан мумкин. Дар натича мохиён бехис шуда, руи об мебароянд ва хатто мемиранд.
Гули Д. г. дар фармакопеяи 14 давлати чахон ворид карда шудааст. Дар Фаронса чушоби ордаки решаи Д. г. (пагохирузи дар дили нахор, рузона баъди гизо; рузе 125 – 225 г) чун давои пешоброн хангоми бемории санги гурда ва никрис кор фармуда мешавад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Загрузка...

Дар борамон

Инчунин кобед

naqliyot

СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ СУГУРТАИ ХАТМИИ ЧАВОБГАРИИ ГРАЖДАНИЮ ХУКУКИИ СОХИБОНИ ВОСИТАХОИ НАКЛИЁТ Конуни мазкур …