Главная / Илм / ДУМИ ГОВАК

ДУМИ ГОВАК

dumi-govakДУМИ ГОВАК (Verbascum soongoricum), марги моҳӣ, гиёҳест дусола. Аз 40 то 150 см қад мекашад. Пояаш рости сершох, нештаршакл. Хӯшагулаш калон, ҷорӯбшакл, гулаш зард. Май – июн гулу мева мекунад. Чун алафи бегона дар киштзори лалмӣ, сари роҳ, марғзор, канори бешазорҳо мерӯяд. Дар мавзеъҳои Қурама, Мевағул, Туркистон, Зарафшон, Ҳисору Дарвоз, Тоҷикистони Ҷанубию Шарқӣ (дар баландии 700 – 2600 м аз с.б.) паҳн шудааст.
Абӯалии Сино Д. г.-ро барои табобати бемориҳои гуногун истифода бурдааст. Ҷӯшоби баргу пояи онро барои муолиҷаи омосҳо, Сурфаи музмин, илтиҳоби чашм, дарди дандон ва ғ. кор мефармуд. Марҳами Д. г.-ро ба ҷароҳату захмҳо мебаст.
Табибони халқӣ бо ҷӯшоби Д. г. сурфакабутак, хафақон, бавосир, назла, илтиҳоби меъдаю рӯда, бемориҳои ҷигар, испурч ва пешобдон, бо барг ё орди гулаш дарди ҷароҳату варам, бо решааш дарди бавосирро таскин мебахшанд. Онҳо бо мақсади доруӣ асосан баргу гули Д.г.-ро кор мефармоянд. Ҷӯшоби тухми Д. г.-ро чун давои қайовар ва ҷӯшоби решаашро ҳангоми илтиҳоби шошадон меошоманд. Хокаи баргу пояи онро ба ҷароҳати пӯст мепошанд. Табибони халқии Белоруссия ҷӯшоби гули Д. г.-ро барои дармони бемориҳои дил, гурда сил, ихтилоли фаъолияти асаб, зиқи нафас, бемориҳои ҷимоӣ, саръ ва ғ. тавсия медиҳанд. Гулчойи онро дар дили наҳор чун давои балғамовар, таскинбахш, исҳоловар, арақрон, пешоброн ва ҳангоми дарди дил, сандуқи сина ва сили шуш ½ ё 1 пиёлагӣ менӯшанд. Барги дар шир ҷӯшонидаи Д. г. ба пучак, захмҳои гуногун, ушкуфа, бавосир ва ҷароҳатҳои фасоднок баста мешавад. Нақеъи гули он барои табобати сулфа, гирифтагии овоз, нафастангӣ ва зиқи нафас нафъ дорад. Тоҷикони кӯҳистон Д. г.-ро «марги моҳӣ» меноманд ва онро барои доштани моҳӣ истифода мекунанд. Бо ин мақсад Д. г.-ро даста баста ба санге, ки дар зери он моҳӣ аст, мезананд. Онро кӯфта дар об ҳам андохтан мумкин. Дар натиҷа моҳиён беҳис шуда, рӯи об мебароянд ва ҳатто мемиранд.
Гули Д. г. дар фармакопеяи 14 давлати ҷаҳон ворид карда шудааст. Дар Фаронса ҷӯшоби ордаки решаи Д. г. (пагоҳирӯзӣ дар дили наҳор, рӯзона баъди ғизо; рӯзе 125 – 225 г) чун давои пешоброн ҳангоми бемории санги гурда ва ниқрис кор фармуда мешавад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …