Главная / Биология / ДАВРАИ ИНКИШОФИ БАЪДИЧАНИНИ

ДАВРАИ ИНКИШОФИ БАЪДИЧАНИНИ

Аз вакти таваллуд шудани организм ё аз парда берун шудан, давраи чанини ба охир расида, давраи инкишофи баъдичанини огоз меёбад. Давраи баъдичанини пурра ва нопурра мешавад. Дар давраи инкишофи пурраи чанин аз тухм ё батни модар организме пайдо мешавад, ки хамаи узв ва хосиятхои фарди болигро дорад (масалан, дар хазандагон, паррандагон, ширхурон). Инкишофи баъдичанинии ин гуна хайвонот асосан сабзиш ва ба балогат расидан аст. Дар инкишофи нопурра ё метаморфози аз тухм кирмина пайдо шуда, он сохти нисбатан содда ва узвхои махсусе дорад, ки дар холати болиги дида намешавад.

kudak

Кирмина инкишоф ёфта, тадричан узвхои кирминагии он ба узвхои организми болиг мубаддал мегарданд. Хамин тарик, дар метаморфоз узвхои кирминаги аз байн рафта, узвхои бо хайвони калон хос пайдо мешаванд. Акнун чанд мисоли инкишофи нопурраи баъдичаниниро дида мебароем.

Дар астсидия (аз навъи хордадорон) кирмина пайдо мешавад, ки дорои хамаи хусусиятхои асосии хордадорон аст: хорда, найчаи асаб, сурохи галсама (расми 7.7). Кирминахо озодона шино карда, баъд бо ягон чисми зериоби мечаспанд ва метаморфозро аз сар мегузаронанд. Дар ин вакт дум нест шуда, хорда, мушакхо, найчахои асаб ба хучайрахои алохида чудо мегарданд ва дучори фагоситоз мешаванд. Аз силсилаи асаби кирмина факат он хучайрахое боки мемонанд, ки аз онхо гиреххои асаб пайдо мешаванд.

Сохти бадани астсидияи болиг, ки дар холати часпида хаёт ба сар мебарад, ба сохти организми хайвоноти мухрадор монанди надорад. Факат донистани хусусиятхои онтогенез имкон медиханд, ки чои онро дар системахои олами хайвонот муайян созанд. Сохти кирминаи онхо нишон медихад, ки пайдоиши ин мавчудот аз хордадорхо буда, озодона хаёт ба сар мебаранд. Дар рафти метаморфоз астсидия ба хаёти бехаракат мегузарад, бинобар ин сохти он содда гаштааст.

Кирминаи обхокихо кафлесак буда, барои он чавфи галсама, хати пахлуги, дили духонаги ва як гардиши хун хос аст (расми 7.8). Дар рафти метаморфоз, ки зери таъсири гадуд-хои сипаршакл ба амал меояд, дум ва хати пахлуи нест шуда, пойхо пайдо мешаванд, шушу гардиши дуюми хун инкишоф меёбанд.

Дар ин маврид баъзе хосиятхои монанд ба кафлесак ва мохиён ба назар мерасад (хати пахлуи, сохти дил ва гардиши хун, чавфи галсама). Мисоли дигари метаморфоз инкишофи хашарот мебошад. Кирминаи шабпаракхо (расми 7.9) ё кирминаи сузанак вобаста ба сохт, тарзи хаёт ва чои зист аз чонвари болиги худ фарк мекунад. Бояд гуфт, ки метаморфоз бо тагйир ёфтани тарзи хаёт ва мухити зист сахт алокаманд аст.

Ахамияти метаморфоз аз он иборат аст, ки кирмина мустакил гизо гирифта, калон мешавад ва маводи хучайрагиро чамъ мекунад. Ин барои ташаккули узвхои доимии чонвари калон лозиманд. Гайр аз ин, озод зиндаги кардани кирминахо, ки ба ягон мавод мечаспанд ё холати паразитиро аз сар мегузаронанд, барои пахншавии намуд ва густариши ареали зисти онхо мухим аст. Тагйирёбии тарзи хаёт ва мухити зист дар рафти инкишофи фарди, ки зимни он давраи кирминагии баъзе хайвонот дар мухити тамоман дигар мегузарад ва манбаи гизои дигар доранд, нисбат ба фардхои калон суръати муборизаи дохилинамудиро барои сукунат паст мекунад. Давомоти давраи инкишофи баъдичанини гуногун аст. Масалан, агар хашорати якруза дар холати кирминаги 2-3 сол зиндаги кунанд, дар холати болиги аз 2-3 соат то 2-3 руз умр мебинанд.

Дар бисёр холатхо давраи баъдичанини нисбатан дароз давом меёбад. Он дар одам то давраи балогатро дарбар мегирад. Давраи ба балогат расидани одамро давраи камолот хам меноманд. Давраи баъди балогат давраи пиронсоли аст.

Дар ширхурон ва одам идомаи хаёт ба давомоти давраибалогат (чинси) ва хамл вобаста аст. Вале давомоти хаёт нисбат ба давраи болигшави дар антогинез 5-8 маротиба мебошад (чадвали 7.1).

Инкишофи баъдичанини ба бузург шудани хачми организм оварда мерасонад. Ин давраро инкишоф меноманд.

Инкишоф ду тарз – номуайян ва муайян мешавад. Инкишофи номуайян дар тамоми тули хаёт давом карда, инкишофи муайян фосилаи муайяни вактро дар бар мегирад. Инкишофи номуайян дар дарахтон, баъзе нармбаданхо, мухрадорон, мохиён ва хояндагон дида мешавад.

Дар бисёр хайвонот инкишофи чинси баъди ба балогат расидан хотима меёбад. Дар одам сабзиш ва инкишоф то 20-25 солаги давом мекунад. Дар пиронсоли чисми одам тадричан хурд шуда, фаъолияти гадудхои усораи дохили (эндокрини) тагйир меёбад, гаметогенез катъ гашта, равандхои физиологи суст мешаванд. Хамин тавр, инкишофи баъди чанини ба сабзиш, балогат ва афзоиш оварда мерасонад.

Дар бисёр чонварони сохташон содда давраи афзоиш аз кирминаги огоз ёфта, бо метоморфоз ба охир мерасад.

Саволхо барои санчиш:

  1. Инкишофи баъдичанини чи гуна аст?
  2. Инкишофи пурра ва нопурраи баъдичанини чист?
  3. Оид ба сохти кирминаги мисол оред ва гуед, ки он хоси кадом чонвар аст.
  4. Инкишофи номуайян ва муайян чист? Мисолхо оред.

Истилохот:

  1. Давраи наслгузори – давраи онтогенези баъди балогати чинси, ки дар ин вакт худтакроршави мумкин аст.
  2. Инкишофи нопурра – тарзи инкишофи баъдичанини, ки кирмина аз пардаи тухм берун мешавад.
  3. Инкишофи пурра – тарзи инкишофи баъдичанини, ки хини аз тухм баромадан ё аз модар таваллуд шудан наслхо хосият ва узвхои организми калонро доранд.
  4. Метаморфоз – раванди ивазшавии узвхои кирминаги ба сохти фардхои болиг.
  5. Давраи то наслдихи – давраи инкишофи пеш аз наслдихиро аз сар гузаронидан, дар инкишофи нопурра давраи кирминаги ва дар инкишофи пурра бошад, даври кудакист.
  6. Давраи баъдичанини – давраи инкишоф аз вакти таваллуд (ё аз тухм баромадан) то давраи фавт.

 

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …