БуХРОН (Crisis), дар рафти бемори ногахон бад шудани вазъи бемор. Б. мумкин аст дар натичаи хастагии зиёд, хаячону изтироб, кор дар шароити номусоид (дар бинои сершавкун ё хавояш дам, хангоми тартиби нодурусти мехнату истирохат), тагйири обу хаво, истеъмоли гизои барои бемор мамнуъ, аз чумла хуроки серравган, бирён ё сернамак, суиистеъмоли шароб ва тамокукаши руй дихад.
Б.-и гипертони хангоми аз дарачаи мукаррари ногахон баланд шудани фишори артерия руй медихад. Дар ин маврид сар ба дард медарояд, чарх мезанад, дил бехузур мешавад, бемор кай мекунад. Маризон аксар вакт аз дарди дил шикоят мекунанд, аммо баъзан факат заъфи умуми, дилбехузуриро хис карда, вакти рохгарди мекалаванд. Дар мавриди пайдо шудани ин нишонахо бемор бояд хатман ба духтур мурочиат кунад.
Б.-и гипотони ногахон паст шудани фишори артерия аст, ки дар натичаи нукси шадиди дил ё рагхо руй медихад. Дар ин маврид чашм сиёхи мезанад, гуш махкам, дил бехузур мешавад, эхтимол бемор аз хуш равад (ниг. Бехуши).
Б.-и рагхои майнаи сар шиддати зудгузари ихтилоли гардиши хун дар майна мебошад. Дар ин маврид дил бехузур мешавад, сар чарх зада, дард мекунад, бемор мумкин аст кай кунад; баъзан дасту по каме суст ё карахт мешаванд. Фаъолияти организм баъди чунин ихтилоли неврологи зуд ва ба кулли баркарор мегардад.
Хангоми Б.-и асаби наботии рагхо фишори артерия тагйир меёбад, дил зуд-зуд мезанад, атрофи дил ба дард меояд, ранги руй меканад ё сурх мешавад, бемор хунук мехурад, арак мекунад. Баъзан шикам сим-сим ё сахт дард карда, дамиш пайдо мешавад, бемор оруг мезанад, дил бехузур шуда, кай менамояд.
Дар мавриди Б.-и тиреотоксики харорати бадан баланд шуда, ранги руй меканад ё лолагун мешавад; дил номунтазам ва зуд-зуд мезанад, мариз баъзан хотирпарешон ва хатто бехуш мегардад (ниг. Игмо).
Хангоми бемории Аддисон хуручи иллати кори гадудхои болои гурда, яъне Б.-и гадудхои болои гурда руй медихад, ки он боиси заъфи умуми, дарди сар ва шикам, кай, хотирпарешони, хаячон, ташаннуч ва баъзан бехушии бемор мегардад.
Б.-ро духтур муолича мекунад. Худтабобат харгиз чоиз нест, зеро зухуроти бемори хангоми Б.-и гуногун монанд бошад хам, хар як бемори тарзи табобати худро дорад. Мас., дар мавриди хам Б.-и гипертони ва хам гипотони сари бемор чарх зада, дил бехузур мешавад. Агар сабаби Б.-ро духтур аник карда бошад, он гох у дорухоеро тавсия мекунад, ки бемор хангоми зарурат истеъмол менамояд.
Барои одамони гирифтори Б. риояи тартиби дурусти руз, табдили мехнату истирохат, тагзияи мураттаб ва хоби барохат зарур аст. Омилхоеро, ки боиси Б. мегарданд, хатталимкон рафъ кардан лозим. Барои пешгирии Б. иллати асосиро мунтазам табобат мекунанд.
Инчунин кобед
Марги Мухаммад (с)
Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …