КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Дар бораи бочи давлатИ
(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 2004, №2, мод. 51; с. 2005, №12, мод. 630; с. 2006, №12, мод. 541; с. 2008, №6, мод. 460; №12, к. 2, мод. 1000; с. 2009, №3, мод. 88; с. 2010, №1, мод. 8; мод. 10; №12,
к. 1, мод. 823; с. 2012, №12, к. 1, мод. 999; с. 2013, №3, мод. 190; с. 2014, № 7, к. 2, мод. 408;
с. 2015, №11, мод. 968, мод. 969, мод. 970;
Конуни ЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317)
Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи бочи давлати» тартиби аз шахсони вокеи ва хукуки ситонидани бочи давлатиро мукаррар ва танзим менамояд.
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои зерин истифода мешаванд:
– бочи давлати – пардохти хатми барои анчом додани амалиёти дорои ахамияти хукуки ё додани хуччатхо аз чониби макомоти ваколатдоршуда дар Чумхурии Точикистон;
– супорандагони бочи давлати – шахсони вокеи ва хукукие мебошанд, ки барои анчом додани амалиёти ахамияти хукуки дошта ва додани хуччатхо ба макомоти ваколатдор, ки бочи давлатиро меситонад, мурочиат мекунанд;
– макомоти ваколатдори давлати – макомоти ичроияи марказии хокимияти давлатие, ки барои назорати воридоти андозхо ва дигар пардохтхои хатми тибки тартиби мукарарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон ваколатдор карда шудааст. (КЧТ аз 19.03.13с., №947)
Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бочи давлати
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бочи давлати ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилали, ки Чумхурии Точикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Объектхои ситонидани бочи давлати
Бочи давлати ситонида мешавад:
– аз аризахои даъво, аризахо (шикоятхо, шикоятхои, касатсиони ва назорати), ки ба судхои Чумхурии Точикистон пешниход мешаванд;
– барои анчом додани амалиётхои дорои ахамияти хукуки дар макомоти адлия, макомоти ваколатдори давлати оид ба дин ва андоз; (КЧТ аз 29.12.10с., № 664).
– барои анчом додани амалиёти нотариали мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон;
– барои бакайдгирии давлатии асноди холати шахрванди мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон;
– барои барраси ва додани хуччатхое, ки бо гирифтани шахрвандии Чумхурии Точикистон ва ё баромадан аз шахрвандии Чумхурии Точикистон алокаманданд;
– барои анчом додани дигар амалиётхои дорои ахамияти хукуки , ки хамин Конун муайян мекунад.
Моддаи 4. Андозаи бочи давлати
- Оид ба парвандахое, ки Суди конститутсионии Чумхурии Точикистон барраси менамояд, бочи давлати ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) аз дархости шахсони вокеи-ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо
2) аз пешниходи макомоти давлати, шахсони мансабдор ва шахсони хукуки – ба андозаи дахкаратаи нишондиханда барои хисобхо
- Оид ба парвандахое, ки дар судхои Чумхурии Точикистон барраси мешаванд, бочи давлати ба андозахои зерин ситонида мешавад:
1) аз аризахои даъвогои дорои хусусияти молумулки аз руи нархи даъво:
– то 50 нишондиханда барои хисобхо – 3% аз нархи даъво;
– аз 50 то 100 нишондиханда барои хисобхо – 2% аз нархи даъво;
– аз 100 то 500 нишондиханда барои хисобхо – 0,7% аз нархи даъво;
– зиёда аз 500 нишондиханда барои хисобхо – 0,5 % аз нархи даъво;
2) аз аризахои даъвои дорои хусусияти гайримолумулки, ки предмети онхо нархгузори карда намешаванд:
– барои шахсони вокеи – 5% аз нишондиханда барои хисобхо;
– барои шахсони хукуки – ба андозаи дукаратаи нишондиханда барои хисобхо;
3) аз аризахои даъвоги дар бораи озод намудани амвол аз хабс – боч аз руи нархи даъво мутобики банди 1 хамин кисм муайян карда мешавад;
4) аз аризахои даъвоги оид ба бахсхои пеш аз шартномави – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
- Аз аризахои даъвоги, ки ба судхои иктисодии Чумхурии Точикистон дода мешаванд, бочи давлати ба андозахои зерин ситонида мешавад
1) аз аризахои даъвогои дорои хусусияти молумулки – 2 % аз нархи даъво;
2) аз аризахои даъво оид ба бахсхое, ки хангоми бастан, тагйир додан ё бекор кардани шартномахо ба амал меоянд ва оид ба бахсхо дар бораи беэътибор донистани ахдхо – андозаи дукаратаи нишондиханда барои хисобхо;
3) аз аризахои даъво дар бораи (пурра ё кисман) беэътибор донистани санадхои гайримеъёрии макомоти давлати:
барои шахсони вокеи – ба андозаи дукаратаи нишондиханда барои хисобхо;
барои шахсони хукуки – ба андозаи дахкаратаи нишондиханда барои хисобхо;
4) аз аризахои даъвогии дигар, ки хусусияти молумулки надоранд, аз чумла аз аризахо дар бораи эътирофи хукук, мачбур намудан чихати ичрои ухдадорихо дар шакли асл – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
5) аз аризахо дар бораи муфлис эътироф гардидани шахсони хукуки ва сохибкорони инфироди:
барои шахсони хукуки – ба андозаи дахкаратаи нишондиханда барои хисобхо;
барои сохибкорони инфироди – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо
6) аз аризахо дар бораи мукаррар намудани далелхое, ки ахамияти хукуки доранд – ба андозаи секаратаи нишондиханда барои хисобхо;
7) аз аризахо дар бораи ба парванда ворид гардидани шахсони сеюм, ки нисбат ба предмети бахс талаботи мустакили худро пешниход менамояд , ки мутобики андозаи бочи давлати, ки барои аризаи даъвогии дорои хусусияти гайримолумулки пешбини шудааст, нисбати бахсхои дорои хусусияти молумулки – тибки тартиби мукаррарнамудаи банди якуми хамин кисм, ки андозаи маблаги бахсшаванда барои шахсони сеюм хисоб карда мешавад;
8) аз шикоятхои, кассатсиони ва назорати нисбати халнома ва карорхои суди иктисоди ва хамчунин нисбати таъинот дар бораи катъ намудани истехсоли парванда, бе барраси мондани даъво, дар бораи таъини чаримахои суди, рад кардани додани варакаи ичро – 50 % аз андозаи бочи давлати, ки хангоми додани аризаи даъвоги ситонида мешавад.
- Барои аризаи даъвогие, ки хамзамон дорои хусусияти молумулки ва гайримолумулки мебошад, дар як вакт бочи давлати барои аризаи даъвогии дорои хусусияти молумулки ва гайримолумулки мукарраргардида ситонида мешавад.
- Барои анчом додани амалхои дорои ахамияти хукуки дар макомоти андоз бочи давлати ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) барои бакайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотхои тичорати, сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият, хамчунин филиалхо ва намояндагихои шахсони хукукии хоричи – ба андозаи 25 нишондиханда барои хисобхо;
2) барои бакайдгирии давлатии таъсисёбии ташкилотхои гайритичорати, сарфи назар аз шакли моликият ва самти фаъолият – ба андозаи 7 нишондиханда барои хисобхо;
3) барои бакайдгирии давлатии шахсони вокеи ба сифати сохибкорони инфироди, ки дар асоси шаходатнома фаъолият менамоянд – ба андозаи 2 нишондиханда барои хисобхо;
4) барои бакайдгирии давлатии шахсони вокеи ба сифати сохибкорони инфироди, ки дар асоси патент фаъолият менамоянд – ба андозаи 1 нишондиханда барои хисобхо;
5) барои бакайдгирии давлатии бархамдихи ва ё катъ намудани фаъолияти шахсони хукуки, катъ намудани фаъолияти филиалхо ва ё намояндагихои шахсони хукукии хоричи ва сохибкорони инфироди – ба андозаи 50 фоизи бочи давлати, ки барои бакайдгирии таъсисёбии субъект пешбини карда шудааст;
6) барои додани нусхаи (дубликати) хуччати тасдиккунандаи бакайдгирии давлати – ба андозаи 50 фоизи бочи давлати, ки барои бакайдгирии таъсисёбии субъект пешбини карда шудааст. (КЧТ аз 28.12.12с. №905)
- Барои анчом додани амалхои дорои ахамиятп хукукидар макомоти ваколатдори давлати оид ба дин бочи давлати ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) барои бакайдгирии давлатии ташкилотхои динии чумхурияви – ба андозаи 30 нишондиханда барои хисобхо;
2) барои бакайдгирии давлатии ташкнлотхои динии нохияви ё шахри- ба андозаи 25 нишондиханда барои хисобхо;
3) барои азнавбакайдгирии ташкилотхои динн ба андозаи 5 нишондиханда барои хпсобхо. (КЧТ аз 29.12.10с., №664)
- Барои анчом додани амалхои дорои ахамияти хукуки дар Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон ва макомоти он бочи давлати ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) барои бакайдгирии давлатии иттиходияхои чамъиятии байналмилали ва кайди бахисобгирии филиалу намояндагихои онхо – ба андозаи 100 нишондиханда барои хисобхо; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1111)
2) барои бакайдгирии давлатии иттиходияхои чамъиятии чумхурияви – ба андозаи 10 нишондиханда барои хисобхо;
3) барои бакайдгирии давлатии иттиходияхои чамъиятии махалли – ба андозаи 5 нишондиханда барои хисобхо;
4) барои кайди бахисобгирии филиалу намояндагихои иттиходияхои чамъияти – ба андозаи 5 нишондиханда барои хисобхо; (КЧТ аз 26.07.14 с., № 1111)
5) барои додани шаходатнома дар бораи ворид намудани тагйиру иловахо ба хуччатхои таъсисии иттиходияхои чамъияти (азнавбакайдгири) новобаста ба макоми онхо ва филиалу намояндагихои иттиходияхои чамъиятиба андозаи 50 фоизи бочи давлати, ки барои бакайдгирй ситонида мешавад; (КЧТ аз 29.12.10с., № 664)
6) барои бакайдгирии давлатии хизбхои сиёси – ба андозаи 50 нишондиханда барои хисобхо;
7) барои додани нусхаи тасдиккардашудаи (дубликати) шаходатнома дар бораи бакайдгирии давлатии иттиходияхои чамъияти, хизбхои сиёси – ба андозаи 50 фоизи бочи давлати, ки барои бакайдгирии таъсисёбии субъект пешбини карда шудааст;
8) барои додани иктибос аз Фехрист дар бораи бархамдихии иттиходияи чамъияти, хизбхои сиёси ва катъи фаъолияти филиалу намояндагихои онхо – ба андозаи 50 фоизи нишондиханда барои хисобхо;
9) барои додани шаходатнома дар бораи бакайдгирии шартномаи гарав – ба андозаи 1 нишондиханда барои хисобхо;
10) барои додани иктибос аз Фехристи амволи ба гарав гузошташуда – ба андозаи 50 фоизи нишондиханда барои хисобхо;
11) барои бакайдгирии давлати хабарномахои гарави амволи манкул-ба андозаи 5 фоиз аз нишондиханда барои хисобхо;(КЧТ аз 29.12.10с., № 664).
12) барои додани шаходатнома дар бораи бакайдгирии созишномахои консессиони – ба андозаи 5 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 12.01.10с., №586);
13) барои бакайдгирии давлатии Иттифоки адвокатхои Чумхурии Точикистон – ба андозаи 15 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
14) барои бакайдгирии давлатии макомоти минтакавии Иттифоки адвокатхои Чумхурии Точикистон – ба андозаи 10 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
15) барои бакайдгирии бюрои адвокати – ба андозаи 8 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
16) барои азнавбакайдгирии бюрои адвокати – ба андозаи 4 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
17) барои бархамдихии бюрои адвокати – ба андозаи 4 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
18) барои бакайдгирии коллегияи адвокатхо – ба андозаи 6нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
19) барои азнавбакайдгирии коллегияи адвокатхо – ба андозаи 3 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
20) барои бархамдихии коллегияи адвокатхо – ба андозаи 3 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
21) барои бакайдгирии маслихатхонаи хукуки – ба андозаи 3 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
22) барои азнавбакайдгирии маслихатхонаи хукуки – ба андозаи 1,5 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
23) барои бархамдихии маслихатхонаи хукуки – ба андозаи 1,5 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
24) барои бакайдгирии кабинети адвокати – ба андозаи 2 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
25) барои азнавбакайдгирии кабинети адвокати – ба андозаи 1 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
26) барои бархамдихии кабинети адвокати – ба андозаи 1 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
27) барои ворид намудан ба Фехристи махсуси адвокатхои давлатхои хоричи – ба андозаи 10 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
28) барои гирифтани иктибос аз Фехристи ягонаи адвокати – ба андозаи 1 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
29) барои гирифтани иктибос аз Фехристи ягонаи ташкилотхои адвокати – ба андозаи 1 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
30) барои гирифтани иктибос аз Фехристи махсуси адвокатхои давлатхои чopичи – ба андозаи 1 нишондиханда барои хисобхо (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317).
- Барои анчом додани амалиётхои нотариали бочи давлати ба андозаи зерин ситонида мешавад:
1) барои тасдик намудани шартномахои аз сохиби сокит кардани (хариду фуруш, хадя, иваз ва гайра) ва додани шаходатнома дар бораи хукуки мерос ба молу мулки гайриманкул (хавлихои истикомати, хонахо, бустонсаройхо, иншоот ва молу мулки дигари гайриманкул ё кисми онхо), ба истиснои нихолхои бисёрсола ва молу мулки гайриманкули дигаре, ки тасдики он тибки банди 6) кисми мазкур ба амал бароварда мешавад, барои як метри мураббаи масохати умуми ба андозаи: (КЧТ аз 26.03.09с., №495).
а) барои фарзандон, аз чумла фарзандхонд, хамсар, падару модар дар: (КЧТ аз 23.11.15с., №1248)
– шахри Душанбе – 10 % нишондиханда барои хисобхо;
– шахри Хучанд – 7 % нишондиханда барои хисобхо;
– шахрхои Кургонтеппа, Кулоб ва Хоруг – 5 % нишондиханда барои хисобхо;
– дигар шахрхо ва шахракхо – 2 % нишондиханда барои хисобхо;
– дехот – 1 % нишондиханда барои хисобхо;
б) барои бародарон, хохарон, наберахо, бобо, биби дар:
– шахри Душанбе – 20 % нишондиханда барои хисобхо;
– шахри Хучанд – 15 % нишондиханда барои хисобхо;
– шахрхои Кургонтеппа, Кулоб ва Хоруг – 10 % нишондиханда барои хисобхо;
– дигар шахрхо ва шахракхо – 5 % нишондиханда барои хисобхо;
– дехот – 2 % нишондиханда барои хисобхо;
в) барои дигар шахсони вокеи ва хукуки дар:
– шахри Душанбе – 40 % нишондиханда барои хисобхо;
– шахри Хучанд – 30 % нишондиханда барои хисобхо;
– шахрхои Кургонтеппа, Кулоб ва Хоруг – 20 % нишондиханда барои хисобхо;
– дигар шахрхо ва шахракхо – 10 % нишондиханда барои хисобхо;
– дехот – 5 % нишондиханда барои хисобхо;
2) барои тасдики шартномахои аз сохиби сокит кардани (хариду фуруш, хадя, иваз ва гайра) воситахои наклиёт ба андозаи ду нишондиханда барои хисобхо;
3) барои тасдики шартномахои гарав – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
4) барои тасдики шартномахои ичораи молияви (лизинг) ба андозаи 50 % нишондиханда барои хисобхо;
– барои тасдики шартномахои ичора ва карз ба андозаи як нишондиханда барои хисобхо;
5) барои тасдики шартномахои замонат – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
6) барои тасдики шартномахои дигаре, ки предмети онхо нархгузори карда намешаванд – ба андозаи 1 нишондиханда барои хисобхо ва барои тасдики шартномахои дигаре, ки предмети онхо нархгузори карда мешаванд, ба истиснои банди 4) хамин кисм – ба андозаи 1 фоиз аз маблаги шартнома, вале на кам аз 1 нишондиханда барои хисобхо; (К ЧТ аз 12.01.2010с, №586).
7) барои тасдики васиятномахо – 20% аз нишондиханда барои хисобхо;
8) дар бораи додани шаходатнома барои хукуки моликият – ба андозаи дукаратаи нишондиханда барои хисобхо;
9) барои додани шаходатномаи хукук ба мерос, ба истиснои молу мулки гайриманкуле, ки дар банди 1) кисми шашуми моддаи мазкур пешбини шудааст: (КЧТ аз 26.03.09с, №495)
– ба меросхурони навбати аввал – 0,5 % аз маблаги мерос;
– барои меросхурони навбати дуюм – 1% аз маблаги мерос;
– барои меросхурони навбати сеюм – 1,5% аз маблаги мерос;
– барои меросхурони дигар – 2 % аз маблаги мерос;
10) барои додани шаходатномаи хукук ба мерос нисбати амволи дар хорича буда, хангоми муайян намудани арзиши нихоии амволи мерос, ки пардохти он бояд дар каламрави Чумхурии Точикистон сурат гирад:
барои меросхурони навбати аввал – 1 % аз маблаги мерос;
барои меросхурони навбати дуюм – 1,5% аз маблаги мерос;
барои меросхурони навбати сеюм – 2 % аз маблаги мерос;
барои меросхурони дигар – 3% аз маблаги мерос;
11) барои чорабинихо оид ба хифзи амволи мероси – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
12) барои тасдики ваколатномахои хукуки истифода ва (ё) ихтиёрдории амвол (ба истиснои банди 13 хамин кисми):
– барои фарзандон, аз чумла барои фарзандхонд, хамсар, падару модар – 25 % аз нишондиханда барои хисобхо; (КЧТ аз 23.11.15с., №1248)
– барои бародарон, хохарон, наберахо, бобо, биби – 50% нишондиханда барои хисобхо;
– барои дигар шахсони вокеи ва хукуки – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
13) барои тасдики ваколатномахои хукуки истифода ва (ё) ихтиёрдории воситахои наклиёти автомобили:
барои фарзандон, аз чумла барои фарзандхонд, хамсар, падару модар – 25% аз нишондиханда барои хисобхо; (КЧТ аз 23.11.15с., №1248)
барои бародарон, хохарон, наберахо, бобо, биби – 50% нишондиханда барои хисобхо;
– барои дигар шахсони вокеи ва хукуки чихати тасдики ваколатномахои хукуки истифодаи воситахои наклиёти автомобили – ба андозаи дукаратаи нишондиханда барои хисобхо ва барои хукуки ихтиёрдории онхо – ба андозаи понздахкаратаи нишондиханда барои хисобхо; (КЧТ аз 23.11.15с., №1249)
14) барои тасдики ваколатномахои дигар – 20% аз нишондиханда барои хисобхо;
15) барои тасдики сахехии тарчумаи хуччат аз як забон ба забони дигар – 5% аз нишондиханда барои хисобхо барои хар як сахифаи хучати тарчумашуда; (КЧТ аз 19.03.13с.,№947)
16) барои эътироз оид ба пардохт нашудани вексел, гайриаксепт будани он, набудани санаи акссепт ва барои тасдики напардохтани чек – 1 % аз маблаги пардохт нагардида;
17) барои нигохдории хуччатхо – 5% аз нишондиханда барои хисобхо;
18) барои дурустии тасдики нусхаи хуччатхо, ки дар парвандахои идорахои нотариалии давлати, макомоти ичроияи махалии хокимияти давлати ва худидоракунии махалли, муассисахои консули нигох дошта мешаванд ва хамчунин иктибоси хуччатхо – 2% аз нишондиханда барои хисобхо барои нусхабардории хар сахифаи хуччат ё нусхабардошташуда;
19) барои тасдики дурустии нусхахои хуччатхои дигар ва барои тасдики иктибоси хуччатхо (ба гайр аз хуччатхои дар банди 18 кисми мазкур нишондодашуда) – 2% аз нишондиханда барои хисобхо барои як сахифа;
20) барои тасдики асли имзо:
дар ариза ва дигар хуччатхо (ба истиснои варакахои бонки) – 3% аз нишондиханда барои хисобхо;
дар варакахои бонки (барои имзои хар як варака) – 3% аз нишондиханда барои хисобхо;
21) барои додани шаходатнома дар бораи хукуки моликият ба кисми амвол, ки моликияти умумии зану шавхар мебошад ва дар давраи заношуи чамъ кардаанд, аз чумла дар бораи додани шаходатномаи хукуки моликият дар холати вафот кардани яке аз хамсарон – 10% аз нишондиханда барои хисобхо;
22) барои додани нусхаи такрории хуччатхое, ки дар идораи нотариалии давлати, макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати ва худидоракунии махалли, муассисахои консули нигох дошта мешавад – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
23) барои тасдик кардани шартномаи аз сохиби сокиткунии амволи гайриманкул ва дигар амволи бакайдгирифташаванда, ки ба воситаи музояда (тендер) фурухта мешавад – ба андозаидукаратаи нишондиханда барои хисобхо;
24) барои ба чо овардани номахои ичро – 3% аз нишондиханда барои хисобхо;
25) барои ба чо овардани эътирози бахри – ба андозаи секаратаи нишондиханда барои хисобхо.
26) барои додани шаходатнома дар бораи дар хаёт будани шахс (шахрванд) – 20% аз нишондиханда барои хисобхо;
27) барои додани шаходатнома дар бораи дар чойи муайян будани шахс (шахрванд) – 20% аз нишондиханда барои хисобхо;
28) барои додани шаходатнома дар бораи айнияти шахс (шахрванди) дар сурати фотографи аксёфта – 20 % аз нишондиханда барои хисобхо;
29) барои тасдики вакти додани хуччатхо – 10% аз нишондиханда барои хисобхо;
30) барои расонидани мурочиати шахсони вокеи ва хукуки ба дигар шахсони вокеи ва хукуки – 10% аз нишондиханда барои хисобхо;
31) барои кабули маблаг ва когази киматнок ба амонат (депозит) – 10% аз нишондиханда барои хисобхо;
32) барои таъмини далелхо – 50% аз нишондиханда барои хисобхо.
- Барои амалиёти нотариалие, ки берун аз бинои идораи нотариали ба чо оварда мешавад, бочи давлати ду баробар зиёд ситонида шуда, инчунин харочоти вокеи, ки ба сафар ба махалли ба чо овардани амалиёти нотариали вобаста аст, пардохта мешавад.
- Аз руи шартномахои мубодилаи амволи гайриманкуле, ки дар банди 1) кисми шашуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, андозаи бочи давлати аз масохати хамон амволи гайриманкуле муайян карда мешавад, ки масохати умумии он зиёд мебошад. Хамзамон, барои ситонидани бочи давлати меъёрхое татбик карда мешаванд, ки барои махалли тасдикгардидаи шартномаи мубодила мукаррар шудаанд. (КЧТ аз 26.03.09с, №495).
- Барои хисоб намудани андозаи бочи давлати чихати додани шаходатномаи хукуки мерос ба молу мулк, ба истиснои молу мулки дар банди 1) кисми шашуми хамин модда пешбинишуда, арзиши хамин молу мулкро нархгузор муайян мекунад. (КЧТ аз 26.03.09с, №495).
- Барои додани шаходатнома дар бораи хукуки мерос ба молу мулк, ки предмети онхо нархгузори карда намешавад – ба андозаи як нишондиханда барои хисобхо. (КЧТ аз 26.03.09с, №495).
- Хангоми тасдики ахдхо, ки бо асъори хоричи хисобу китоб карда мешаванд, хамчунин дар холатхое, ки асъори хоричи предмети мерос мебошад, андозаи бочи давлати аз асъори милли бо курби муайянкардаи Бонки миллии Точикистон, ки дар рузи пардохти бочи давлати амал мекунад, хисоб карда мешавад.
- Барои анчом додани амалиётхои вобастаи барасмиятдарории асноди холати шахрванди бочи давлати ба андозахои зерин ситонида мешавад:
1) барои сабти акди никохе, ки агар яке аз тарафхо шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд бошад – ба андозаи панчкаратаи нишондиханда барои хисобхо; (КЧТ аз 19.03.13с.,№947)
2) барои сабт ва додани шаходатнома дар бораи бекор кардани никох:
бо розигии зану шавхар, ки фарзандони ноболиг надоранд – ба андозаиякунимкаратаи нишондиханда барои хисобхо;
бо карори суд дар бораи бекор кардани никох – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
бо шахсоне, ки бо тартиби мукарраргардида бедарак ё дар натичаи касалии рухи ва ё камакли гайрикобили амал эътирофшуда, ё бо шахсоне, ки барои содир намудани чиноят ба муддати на камтар аз се сол махкум шудаанд – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
3) барои тахияи хулоса ва барои додани шаходатномахо вобаста ба тагйир додан, илова намудан ва баркарор кардани сабти асноди холати шахрванди дар бораи таваллуд, бастани акди никох, бекор кардани никох, дар бораи вафот – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
4) барои додани шаходатномаи такрори дар бораи бакайдгирии асноди холати шахрванди – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо.
- Барои барраси ва додани хуччатхои сохиб шудан вобаста ба шахрвандии Чумхурии Точикистон, ё баромадан аз шахрвандии Чумхурии Точикистон ва хамчунин рафтан аз Чумхурии Точикистон ва ворид шудан ба Чумхурии Точикистон бочи давлати ба андозахои зерин ситонида мешаванд:
1) барои додани шиносномаи хоричи (умумишахрванди) ё дароз намудани мухлати эътибори он – ба андозаи якунимкаратаи нишондиханда барои хисобхо;
2) барои додани раводид ба шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд, ки дар Чумхурии Точикистон доими зиндаги мекунад, чихати рафтан аз худуди Чумхурии Точикистон ё барои дароз намудани мухлати эътибори раводид – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
3) барои ба кайд гирифтани шахрвандони Чумхурии Точикистон – 25% аз нишондиханда барои хисобхо;
4) барои додан ва дароз намудани мухлатиэътиборираводид бо шиносномаи хоричи ё хуччати онро ивазкунанда ба шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд, ки муваккатан ба Чумхурии Точикистон омадааст, барои:
рафтан аз Чумхурии Точикистон – ба андозаичоркаратаи нишондиханда барои хисобхо;
рафтан аз Чумхурии Точикистон ва минбаъд омадан ба Чумхурии Точикистон – ба андозаи чоркаратаи нишондиханда барои хисобхо;
5) барои додани раводидхои чандинкаратаи Чумхурии Точикистон – ба андозаи дукаратаи нишондиханда барои хисобхо;
6) барои додани хуччат оид ба даъвати шахсон аз дигар давлатхо ба Чумхурии Точикистон – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхобарои хар як даъватшаванда;
7) барои ворид намудани баъзе тагйиротхо (ба истиснои дароз намудани мухлати эътибори раводид) ба хуччати каблан додашуда барои рафтан аз Чумхурии Точикистон ва омадан ба Чумхурии Точикистон – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
8) барои додан ё дароз намудани ичозатномаи зисти шахрванди хоричи ё шахси бешахрванд – ба андозаи дукаратаи нишондиханда барои хисобхо;
9) барои бакайдгири ё дароз намудани мухлати амали бакайдгирии шиносномаи хоричи ё хуччати онро ивазкунанда – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
10) барои ба ивази шиносномаи хоричи гумшуда ё вайронгардида, раводид, хуччати даъват ба Чумхурии Точикистон, ичозати зист ё шаходатнома барои сафар ба хорича додани хамин гуна хуччат – ба андозаи яккаратаи нишондиханда барои хисобхо;
11) аз ариза ва дархости ба шахрвандии Чумхурии Точикистон кабул шудан, аз нав кабул кардан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон ва баромадан аз шахрвандии Чумхурии Точикистон, инчунин бо аризахо оид ба муайян намудани мансубияти шахрванди – ба андозаи дукаратаи нишондиханда барои хисобхо.
- Барои барасмиятдарории дигар амалиётхои дорои ахамияти хукуки бочи давлати бо андозахои зерин ситонида мешавад:
1) барои додани шаходатномаи хукуки шикор ба шахрвандони Чумхурии Точикистон – ба андозаи дахкаратаи нишондиханда барои хисобхо;
2) барои амалиёте, ки дар биржахои тичорати, ашёи хом, асъор ва биржахои дигар анчом меёбанд:
аз хачми ахди то 500 хазор сомони – 0,5 % аз маблаги ахд;
аз хачми ахди аз 500 хазор сомони то 1000000 сомони – 0,2 % аз маблаги ахд;
аз хачми ахди зиёда аз 1 млн. сомони – 0,1 % аз маблаги ахд;
3) барои фурухтани чои брокер – 0,5 % аз маблаги вокеии ахди басташуда;
4) барои муомилоти когазхои кимматнок:
– барои бакайдгирии давлатии барориши когазхои киматноки гайридавлати – 0,15% аз хачми барориши мазкур (КЧТ аз 14.05.2016 с., № 1317);
– барои бастани ахд – 1 сомони аз хар 1 хазор сомонии ахди басташуда;
5) барои гузаронидани музояда – 0,2% аз нархи ибтидоии умумии хачми моле, ки ба фуруш гузошта шудааст;
6) барои ахдхое, ки дар музояда анчом меёбанд – 0,1% аз нархи ахди басташуда;
7) барои харидани амволи корхонахои давлати мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон – 0,5% аз маблаги амволи харидашаванда;
8) барои гузоридани санчиши бадеии сарватхои фарханги – андозаи панчкаратаи нишондиханда барои хисобхо;
9) барои гузоштани апостил дар хуччатхои расмии мако-моти давлатии Чумхурии Точикистон 62,5% аз нишондиханда барои хисобхо барои хар хуччат аз шахсони вокеи ва 125% аз нишондиханда барои хисобхо барои хар хуччат аз шахсони хукуки. (КЧТ аз 23.11.15 с., № 1247)
Моддаи 5. Имтиёзхои пардохтани бочхои давлати
- Хангоми баррасии парвандахо дар судхои Чумхурии Точикистон аз пардохти бочи давлати озод карда мешаванд:
1) шахрвандон – аз руи даъвохои ситонидани маош (таъминоти пули) ва дигар талаботе, ки аз муносибатхои хукуки мехнати бармеоянд;
2) даъвогарон – аз руи бахсхои муаллифи, муаллифон – тибки даъвое, ки аз хукуки хаммуаллифи, хукуки ихтироъ, намунаи муфид, намунахои саноати, инчунин аз дигар хукукхо, ки аз моликияти зехни бармеоянд;
3) даъвогарон – аз руи даъво дар бораи ситонидани алимент;
4) даъвогарон – аз руи даъвохои чуброни зараре, ки дар натичаи маъюб шудан ё дигар зиён ба саломати, инчунин фавти саробон расонида шудааст;
5) макомоти сугуртаи ичтимои ва макомоти таъмини ичтимои – аз руи даъвохои мутакобил (регресси) аз зараррасон ситонидани маблаги кумакпулихо ва нафака, ки ба чабрдида пардохта шудааст ва макомоти таъминоти ичтимои – инчунин аз руи даъво дар бораи ситонидани кумакпули ва нафакаи нодуруст пардохташуда;
6) даъвогарон – аз руи даъвохои талофи намудани зиёни моддии дар натичаи чиноят расонидашуда;
7) шахсони вокеи ва хукуки – барои ба онхо додани хуччатхои вобаста ба парвандахои чинояти ва парвандахо оид ба ситонидани алимент;
8) тарафхо – аз шикояти кассатсиони оид ба парвандаи бекор кардани никох;
9) прокурор, макомоти хокимияти давлати ва дигар макомот, ки дар холати пешбининамудаи конун барои хифзи манфиати давлат ва чамъият мурочиат мекунад;
10) макомоти корхои дохили хамчун даъвогар – аз руи парвандахои ситонидани харочот доир ба чустучуи шахсоне, ки аз пардохти алимент ва дигар пардохтхо саркаши мекунанд, инчунин оид ба парвандахои чуброни харочоти иловаги ба пешгирии фирори гумонбаршудагон ва айбдоршавандагон, ки дар махбас нигох дошта мешаванд, инчунин кофтукови онхо хангоми табобати касдан расонидани зиён ба саломатии худ;
11) муассисахо ва макомоти ичрои чазои чинояти – тибки даъвохои талофии харочоти иловагии вобаста ба пешгирии фирори махкумшудагони гумонбаргардида, айбдоршаванда, махкумшудагон ба махдудият аз озоди, хабс ё махкум аз озоди ва кофтукови онхо, инчунин табобати онхо хангоми ба саломатии худ касдан расонидани зарар;
12) макомоти андоз, гумрук ва молия, Агентии давлатии сугуртаи ичтимои ва нафакава макомоти назорати асъор ва содирот хамчун даъвогарону чавобгарон – аз руи даъвохои ситонидани андозхо, руёнидани кредитхои давлати ва дигар пардохтхои хатми ба бучет ва баргардонидани онхо аз бучет; (КЧТ аз 12.01.10с., №584).
13) макомоти хокимияти давлати ва дигар макомоте, ки дар холати пешбиннамудаи конун барои хифзи манфиатхои давлатию чамъияти мурочиат мекунанд, инчунин шахсони хукуки ва шахрвандон, ки дар холати пешбининамудаи конун барои химояи хукуки хифзкунандаи конун ва манфиатхои шахсони дигар мурочиат мекунанд – дар сурати конеъ гардонидани даъвои онхо;
14) шахсони вокеи ва хукуки– хангоми ба суд додани ариза дар мавриди батаъхирандози ё дароз намудани мухлати ичрои карорхо оид ба тагйирёбии тарз ва тартиби ичрои карорхо, баркарорсозии мухлатхои гузашта, аз нав барраси намудани карорхо, таъинот ва карори суд оид ба холатхои нав ошкоршуда, дар хусуси аз нав барраси намудани карори гоибонаи суде, ки онро баровардааст;
15) шахсони вокеи ва хукуки – хангоми шикоятхо ба амалхои ичрокунандаи суди, инчунин шикоятхо нисбати карорхо ба парвандахо доир ба хукуквайронкунии маъмурии аз чониби макомоти ваколатдор баровардашуда;
16) шахсони вокеи ва хукуки –хангоми додани шикоятхои хусуси нисбат ба таъиноти суд, аз чумла оид ба таъмини даъво ё иваз намудани як навъи таъминот ба таъминоти дигар, оид ба катъ ё боздоштани парвандахо, оид ба рад кардани зиёд ё кам намудани хачми чаримае, ки суд таъин намудааст;
17) шахрвандон – аз руи шикоятхои кассатсиони оид ба парвандахои чиноятие, ки дурустии ситонидани зарари модди дар натичаи чиноят расонидашуда мавриди бахс карор гирифтааст;
18) шахрвандон – хангоми тасдики дурустии нусхахои хуччатхое, ки барои гирифтани ёрдампулихо ва нафакахои давлати заруранд; (КЧТ аз 23.11.15с., №1248)
19) маъюбон, иштирокчиёни Чанги Бузурги Ватани ва шахсони ба онхо баробаркардашуда – аз руи даъвохои баркароркунии хукукхояшон;
20) шахрвандон – хангоми ба суд пешниход намудани ариза оид ба фарзандхонди. (КЧТ аз 23.11.15с., №1248)
- Хангоми баррасии парвандахо дар судхои иктисоди аз пардохти бочи давлати озод карда мешаванд:
1) прокурор, макомоти хокимияти давлати ва дигар макомоте, ки дар холати пешбининамудаи конун барои хифзи манфиати давлати ва чамъияти мурочиат мекунанд;
2) макомоти молия, макомоти андоз, гумрук, Агентии давлатии сугуртаи ичтимои нафака ва макомоти назорати асъор ва содирот,ки ба сифати даъвогару чавобгар баромад мекунанд – аз руи даъвохои ситондани андозхо, руёнидани кредитхои давлати ва дигар пардохтхои хатми ба бучети дахл дор ва баргардонидани онхо аз бучети дахлдор, ба истиснои холатхое, ки макомоти мазкур тарафе мебошанд, ки пештар ба фоидаи онхо карор бароварда нашудааст. (КЧТ аз 12.01.10с., №584).
- Аз пардохти бочи давлати дар макомоте, ки амалиётхои нотариалиро ичро мекунанд, озод карда мешаванд:
1) макомоти хокимияти давлати ва дигар макомоте, ки дар холатхои пешбининамудаи конун – барои анчом додани амали нотариали барои хифзи манфиатхои давлати ва чамъияти мурочиат намуданд;
2) шахрвандон – хангоми тасдики дурустии нусхаи хуччатхо, асли будани имзохо дар хуччатхо, барои тасдики ваколатномахо, ки барои гирифтани нафака ва кумакпули, пешниходи имтиёзхо заруранд, хамчунин оид ба парвандахои васоят ва фарзандхонди; (КЧТ аз 23.11.15с., №1248)
3) шахрвандон – барои тасдики васиятнома ва шартномахои тухфаи амвол ба фоидаи давлат;
4) ворисони то рузи меросгири ба балогат нарасида, инчунин шахсони гирифтори беморихои рухи, ки бо тартиби пешбининамудаи конунгузори ба онхо васоят мукаррар гардидааст, хангоми гирифтани шаходатномаи хукуки меросгири дар тамоми холатхо сарфи назар аз навъи амволи мероси;
5) макомоти молия, андоз ва гумрук барои додани шаходатнома дар бораи хукуки давлат ба мерос; (КЧТ аз 12.01.10с., №584).
6) меросхуроне, ки то рузи кушода шудани мерос дар хавлии истикомати ё квартираи мероси бо меросгузор якчоя истикомат мекарданд ва то рузи вафоти меросгузор дар хавлии истикомати ё квартираи мероси кайди истикомат доранд.(КЧТ аз 12.01.10с., №586).
- Дар макомоти бакайдгирии асноди холати шахрванди аз пардохти бочи давлати озод карда мешаванд:
1) макомоти маориф, васоят ва парастори, комиссия оид ба корхои ноболигон – барои додани шаходатномахои такрории таваллуд оид ба фиристодани кудакони ятим ва кудакони аз парастории падару модар махрумгардида ба хонахои кудакон ва мактаб – интернатхо, инчунин шаходатнома дар бораи вафоти падару модари ин кудакон;
2) шахрвандон – барои бакайдгирии давлати ва додани шаходатномахои дахлдори таваллуд (бо назардошти гузаштани мухлати бакайдгирии таваллуди кудак (азнавбаркароркуни), вафот, акди никох (ба истиснои шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд), фарзандхонди, мукаррар намудани падари; (КЧТ аз 23.11.15с., №1248)
3) шахрвандон – барои ба онхо додани маълумот дар бораи бакайдгирии асноди холати шахрванди, ки чихати пешниход ба макомоти таъминоти ичтимои заруранд, оид ба масъалахои таъин намудан ё аз нав хисоб кардани нафака ва кумакпулихо;
4) шахрвандон – барои ба онхо додани шаходатномахои такрори ё иваз намудани шаходатномахои ба онхо додашуда оид ба фавти хешовандони сафедкардашуда.
- Аз парвандахои вобаста ба рафтан аз Чумхурии Точикистон ва омадан ба Чумхурии Точикистон, барои додани шиносномахои дипломати, хизмати ва дигар хуччатхои ба хорича сафар намудан, шахсони зерин аз пардохти бочи давлати озод карда мешаванд:
1) шахрвандони Чумхурии Точикистон – барои додани шиносномахои дипломати ва хизмати;
2) шахрвандони Чумхурии Точикистон – барои ба онхо додани хуччатхои ба хорича сафар намудан, агар сафари онхо ба марг ё зиёрати кабри хешовандони наздик вобаста бошад, инчунин барои додани хуччатхои ба Чумхурии Точикистон даъват намудани шахсони дар дигар мамлакатхо истикоматкунанда, вобаста ба марг ё бемории вазнини хешовандони наздик;
3) хоричиёне, ки Чумхурии Точикистон ба онхо панохгохи сиёси додааст ва шахсони ба онхо баробар кардашуда, аъзои оилаи онхо ва фарзандони онхо – барои ба онхо додани хуччатхои сафар ба хорича;
4) шахрвандони хоричии муваккатан ба Чумхурии Точикистон омада – барои додан ва дароз намудани ичозатномаи зист, бакайдгири ва дароз намудани мухлати бакайдгирии шиносномахои хоричи ё хуччатхои ивазкунандаи онхо инчунин барои додани хуччатхо оид ба даъвати дигар шахсон аз дигар мамлакатхо бо шартхои мутакобил;
5) шахсони ба синни шонздахсолаги нарасида – барои ба онхо додани хуччатхои сафар ба хорича;
6) сайёхони хоричи – барои бакайдгирии шиносномахои хоричи;
- Аз пардохти бочи давлати барои бакайдгирии шахрвандони Чумхурии Точикистон дар махали истикоматии онхо, инчунин барои бакайдгирии шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки бо ичозатномаи зист дар каламрави Чумхурии Точикистон истикомат мекунанд, инхо озод карда мешаванд:
1) шахсоне, ки дар хона–интернатхо барои кухансолон ва маъюбон зиндаги мекунанд;
2) хонандагони муассисахои таълимии барои кудакони ятим ва кудакони аз парастории падару модар махрумгашта ва муассисахои тахсилоти ибтидоии касбии дар таъминоти пурраи давлати буда ва дар хобгоххо зиндагикунанда.
- Барои барасмиятдарории дигар амалиётхои дорои ахамияти хукуки, аз пардохти бочи давлати озод карда мешаванд:
1) макомоти ваколатдор – аз руи даъвохо оид ба ситонидани зарари ба давлат расонидашуда аз ифлос намудани мухити зист ва гайриокилона истифода намудани захирахои табии;
2) даъвогарон – макомоти андоз, гумрук, Агентии давлатии сугуртаи ичтимои – аз руи даъвохо дар хусуси ба бучет ситонидани маблагхое, ки аз чониби корхонаю ташкилотхо бо ахдхои гайриконуни гирифта шудаанд, оид ба ситонидан андозхо ва дигар пардохтхои хатми, ки сари вакт аз тарафи шахрвандон супорида нашудаанд, оид ба бархам додани корхона, ё манъ кардани машгулияти фаъолияти сохибкори; (КЧТ аз 12.01.10с., №584).
3) макомоти ваколатдор –аз руи даъвохои беэътибор донистан ва бекор намудани ахдхо ва ситонидани маблагхои вобаста ба хусусигардони.
4) макомоти ваколатдор – аз руи даъво оид ба вайронкунии конунгузории замин;
5) осорхонахо, бойгонихо, китобхонахо, хазинахо ва дигар махфузгоххои давлатии сарватхои фархангие, ки дар холати муваккатан ба намоишгоххо баровардани сарватхои фархангие, ки дар хифзи доимии онхо мебошанд;
6) ансамблхои давлатии мусики, мутрибону навозандагон барои соз ва воситахои техникие, ки мувакктан барои гастрол бароварда мешавад;
- Дар холатхои бо ташаббуси давлат чори гардидани азнавбакайдгирии умумии шахсони хукуки ё ба Оинномаи (Низомномаи) онхо ворид намудани тагйироту иловахои барои тамоми шахсони хукуки хатми, шахсони хукуки аз пардохти бочи давлати озод мебошанд.
Моддаи 6. Тартиби пардохт ва баргардонидани бочи давлати
- Бочи давлати бо асъори милли дар бонкхо (филиалхои онхо), хамчунин тавассути интиколи маблагхои бочи давлати аз хисоби бочсупоранда ба воситаи бонкхо (филиалхои онхо), пардохта мешавад. Кабули бочи давлати аз чониби бонкхо (филиалхои онхо) дар хамаи холатхо бо додани шакли мукарраргардидаи квитансия амали мегардад.
- Бочи давлати пардохта мешавад:
1) аз руи парвандахое, ки аз тарафи судхои Чумхурии Точикистон барраси мегарданд – то пешниход намудани аризаи дахлдор (шикоятхои, кассатсиони ё назорати), хамчунин хангоми аз тарафи судяхо додани нусхахои хуччатхо;
2) барои анчом додани амалиётхои дорои ахамияти хукуки дар Вазорати адлияи Чумурии Точикистон ва макомоти он, инчунин макомоти андоз – хангоми бакайдгирии давлати; (КЧТ аз 12.01.10с., №586).
3) барои ичрои амалиётхои нотариали – хангоми ичрои амалиётхои нотариали, барои додани нусхахои хуччатхо бошад – хангоми супоридани онхо;
4) барои сабти давлатии санадхои холати шахрванди оид ба ворид намудани ислоху тагйирот дар сабти асноди холати шахрванди- хангоми додани аризахои дахлдор;
5) барои додани шаходатномаи такрори ва гувохнома – хангоми додани онхо;
6) барои сабти давлатии бекоркунии акди никох аз руи ризоияти дутарафаи хамсарон, ки фарзандони ноболиги умуми надоранд – хангоми сабти санад;
7) барои кайди шахрвандони хоричи ва шахсони бешахрванд, ки дар каламрави Чумхурии Точикистон мувофики ичозатномаи зист истикомат доранд – то супоридани хуччатхои дахлдор;
8) барои додани шаходатномаи хукук ба шикор ва шаходатнома дар бораи бакайдгирии сохибкори инфироди – то супоридани хуччатхои дахлдор;
9) аз руи парвандахое, ки бо сохиб шудан ба шахрвандии Чумхурии Точикистон ё баромадан аз шахрвандии Чумхурии Точикистон, инчунин хорич шудан аз Чумхурии Точикистон ва воридшави ба Чумхурии Точикистон вобаста аст – то гирифтани хуччатхои дахлдор;
10) аз руи амалиётхое, ки дар биржахо, бо когазхои кимматнок, хангоми харидани амволи корхонахои давлати доир мегарданд – хангоми ичро;
11) барои гузаронидани музояда ва гузаронидани экспертизаи сарватхои фарханги то гузаронидани он.
- Бочи давлати пурра ба Бучети давлати ворид карда мешавад. Дастурамал оид ба хисоб ва пардохти бочи давлати, инчунин шаклхои хисоботи макомоте, ки бочи давлатиро меситонанд, аз чониби макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо Вазорати молияи Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад. (КЧТ аз 19.03.13с.,№947)
- Бочи давлатии пардохташуда дар холатхои зерин кисман ё пурра баргардонида мешавад:
1) ба андозаи зиёд ворид намудани бочи давлати назар ба андозае, ки Конуни мазкур мукаррар намудааст;
2) баргардонидан ё рад намудани кабули аризахо, шикоятхо ва ё мурочиати дигар аз чониби судхо, хамчунин рад намудани ичрои амалиётхои нотариали аз чониби макомоти ваколатдор;
3) дар холати рад кардани ичрои амалиёти дорои ахамияти хукуки ё гирифтани хуччат аз чониби шахси бочи давлатиро пардохта то мурочиат ба макомоте, ки амалиёти дорои ахамияти хукукии мазкурро ичро менамояд.
4) рад кардани додани шиносномаи хоричи (умумишахрванди).
- Агар барои анчом додани амалиёти дорои ахамияти хукуки ё додани хуччат якбора якчанд шахс мурочиат намоянд, ки хукуки имтиёз надоранд, бочи давлати дар хачми пурра ва сахмхои баробари онхо бо мувофикаи тарафхо супорида мешавад. Дар холате, ки агар дар байни шахсони барои анчом додани амалиётхои дорои ахамияти хукуки ё барои додани хуччатхо мурочиаткунанда як шахс (якчанд шахс) мутобики конуни мазкур аз пардохти бочи давлати озод бошад (озод бошанд), пас хачми бочи давлатии ба бучети дахлдор пардохтшаванда мутаносибан барои шахсони ба имтиёз хукукдошта кам карда мешавад ва дар ин холат бочи давлатиро як шахс (якчанд шахс), ки хукук ба имтиёз надорад (надоранд) мепардозад (мепардозанд).
- Бочи давлатии ба бучети давлати пардохташуда дар асоси карори макомоти молия, мувофики аризаи хаттии бочсупоранда ва хулосаи макомоти барои ситонидани боч ваколатдор баргардонида мешавад.
- Бочи давлатие, ки баргардонида мешавад, бояд ба шахси хукуки ё вокеи дар муддати дах аз рузи кабули карор дар бораи баргардонидани он аз чониби макомоти дахлдори молияви дода шавад.
Моддаи 7. Чорахои чавобгари барои супорандагони бочи давлати ва назорат оиди дуруст
хисоб кардани он
Супорандагони бочи давлати ва макомоти ваколатдоре, ки бочи давлатиро меситонад барои нодуруст хисоб кардан ва ба бучет гузаронидани маблагхои бочи давлати мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.
Моддаи 8. Дар бораи аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон
«Дар бораи бочи давлати»
Конуни Чумхурии Точикистон аз 6 январи соли 1992 «Дар бораи бочи давлати» (Ахбори Шурои Олии Чумхурии Точикистон, с.1992, №2, м.26, с.1993, №9-10, м.138, с.1993, №23-24, м.532, Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон с.1997, №9, м.117, с.1997, №23-24, м.333; с. 2002, №4, к.1, м. 182, с.2003, №4, м.147) аз эътибор сокит дониста шавад.
Моддаи 9. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти
Чумхурии Точикистон Э.РАХМОНОВ
ш. Душанбе, аз 28 феврали соли 2004,
№19