Главная / Чамъият / Бехатарии биологи

Бехатарии биологи

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

Дар бораи бехатарии биологи

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2005, №3, мод. 128; соли 2007, №7, мод.692)

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 8-уми декабри соли 2004, № 1269 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 12 (кисми 3), соли 2004, моддаи 706) кабул гардидааст.

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 11-уми феврали соли 2005, № 602 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, № 2, соли 2005, моддаи 78) чонибдори гардидааст.

Боби I. Мукаррароти  умуми

Моддаи 1. Максади Конуни мазкур

Конуни мазкур намудхои фаъолияти  вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истифода бурдан, воридот, содирот, истехсол ва фуруши организмхои бо истифодаи усули биотехнологияи замонави аз чихати генетики тагйирёфтаро танзим намуда, ба кам намудани хавфи таъсири номатлуби организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ба саломатии инсон, гуногунии биологи, мувозинати экологи ва хифзи  мухити  зист нигаронида шудааст.

Моддаи 2. Мафхумхои асосие, ки  дар Конуни мазкур  истифода мешаванд

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

организм-тамоми мавчудоти зиндае, ки кобилияти дучандшавии маводи генетикиро доро мебошад;

организми аз чихати генетики тагйирёфта – хар гуна организм, ба истиснои организми инсон, ки маводи генетикиаш бо роххои гайри дурагакуни ё ба таври гайри табиии дучандшави тагйир дода шудааст;

микроорганизм – организмхои зиндаи хурд, ки дар табиат пахн гардидаанд ва суръати  баланди афзоиш ва пахншави дошта, ба гузаронидани маводи генетики кобилият доранд;

биотехнологияи хозиразамон – истифодаи усулхои навшудаи кислотахои нуклеини ва усулхои омехташавии хучайрахо, ки  аз   усулхои  хоси селексия ва бехтаркунии навъхо фарк намуда, монеахои табиии такрористехсолкуни ё усулхои навшударо бартараф месозад;

истифодаи организмхои аз чихати генетики тагйирёфта – фаъолият ё мачмуи намудхои фаъолияте, ки максади он ба даст овардан ва ба фуруш баровардани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ва махсулоти аз онхо хосилшуда, аз чумла тахкик, озмоиш ва ба рох мондани истехсоли саноатии онхо мебошанд;

истифодабари дар системахои  махдуд – хар кадом амалиёте, ки дар рафти он микроорганизмхо (организмхо) дар фазо ё  мухити махдуди чудо карда  ва тахти назорат карорёфта бо истифодаи чорахои махсуси чудокуни  барои  махдуд ё  истисно кардани  робитаи чунин организмхо бо одамон ва  мухити  зист аз чихати генетики тагйир меёбанд ё организмхои аз чихати генетики тагйирёфта парвариш ва афзоиш меёбанд, чамъ мешаванд, истифода мегарданд, интикол ва нобуд сохта ва ё безарар гардонида мешаванд;

истифодабаранда – шахси вокеи ё хукуки, ки ба фаъолияти вобаста бо ба даст овардан, озмудан, истехсол ва фурухтани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта дар системахои махдуд ё кушода, инчунин  бо ба даст овардан, озмудан, истехсол ва фурухтани махсулоти аз ин организмхо хосилшуда  масъул аст ва ба амал мебарорад;

ворид намудани максаднок ба мухити зист – дидаю дониста ба мухити зист ворид намудани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё таркиби онхо, ки кабули чорахои махсуси чудокуниро такозо намекунанд ва бо дарачаи баланди бехатари барои одамон ва мухити зист фарк мекунанд;

ворид намудани бегаразона ба мухити зист– хар ходисаи ба мухити зист ворид сохтани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё таркиби онхо, ки натичаи гаразнок надошта бошад;

воридсози ба бозор– тахвилдихии организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда ба музд ё ба таври ройгон ба тарафи сеюм;

садама– ходисае, ки боиси бегаразона ба мухити зист ворид намудани микроорганизмхои (организмхои) зиёд дар рафти истифодаи онхо дар системахои махдуд  гардида, барои саломатии одамон ва мухити зист окибатхои фаври ё минбаъда дошта метавонад;

махсулоти истехсолшуда аз организми аз чихати генетики тагйирёфта – махсулоте, ки аз як организми аз чихати генетики тагйирёфта ё таркиби чунин организмхо иборат аст ё дорои як организми аз чихати генетики тагйирёфта ё таркиби чунин организмхо буда, ба бозор ворид карда мешавад;

махсулоти коркардшуда – махсулоте, ки бо рохи коркарди организмхои аз чихати генетики тагйирёфта, баъзе кисмхои онхо ё баъзе метаболитхо (мубодилаи  моддахо) ва моддахои хосилкардаи онхо ба даст оварда шудааст;

махсулоти тозашуда – махсулоте, киазорганизмхои аз чихати генетики тагйирёфта бо рохи коркард, тозакуни ба даст оварда шудааст (масалан: инсулин, энзимхои гуногун, равган ва монанди инхо);

санчиши сахрои – тачрибае, ки аз омузиши организмхои аз чихати генетики тагйирёфта дар шароити сахро иборат буда, дар зери назорат карор дорад ва  бовари хаст, ки ин организмхо баъди ба итмом расидани тачриба дар мухит боки намемонанд;

парвариш, истехсол дар шароити сахро, пахншави  ба худудхо  – ба мухити зист максаднок ворид сохтани организми аз чихати генетики тагйирёфта бо максади парвариш, истехсол ё афзоиш додан, ки аллакай хусусият ва максади тачрибави надорад;

баходихии хатар – арзёбии окибатхои бевоситаю бавоситаи фаври ё минбаъдаи ба мухити зист ворид сохтани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё кисми таркибии онхо барои саломатии  одамон ва мухити зист;

танзими хатар – тахия ва истифодаи мачмуи чорабинихо барои амали шудани мониторинги хатар ва чорахое, ки дар сурати руй додани садама андешида мешаванд;

интиколи байнисархадии организмхои аз чихати генетики тагйирёфта – бо хар гуна рох гузаронидани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё таркиби чунин организмхо, инчунин махсулоти аз онхо хосилшуда аз худуди як давлат ба худуди давлати дигар;

интиколи байнисархадии максаднок – хар гуна амалиёти содиротию воридотии организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё таркиби онхо, ки бо ичозати макомоти салохиятноки давлати мутобики коидахои милли ва байналмилали сурат мегирад;

интиколи байнисархадии бегаразона– надониста аз сархад гузаронидани хар гуна организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё таркиби онхо, ки окибати он бояд аз нуктаи назари бехатарии биологи ва бехатарии саломатии одамон бо дидани чорахои дахлдор арзёби карда шавад;

воридкунанда– шахси вокеи ё хукуки, ки дар доираи хукукии давлат карор дошта, воридотро ба амал мебарорад ва воридоти организмхои аз чихати генетики тагйирёфта, таркиби чунин организмхо ё махсулоти аз онхо хосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;

содиркунанда – шахси вокеи ва хукуки, ки дар доираи хукукии давлат карор дошта, содиротро ба амал мебарорад ва содироти организмхои аз чихати генетики тагйирёфта, таркиби чунин организмхо ё махсулоти аз онхо хосилшударо ташкил менамояд ва барои он масъул аст;

огохнома – хуччатест, ки тавассути он шахс дар бораи фаъолияте, ки амали мегардонад, бо максади гирифтани ичозат Комиссияи миллиро оид ба бехатарии биологи огох месозад;

минтакаи бехатарии генетики – худуде, ки дар он ба ягон фаъолияти вобаста ба истифодабарии организмхои аз чихати генетики тагйирёфта рох дода намешавад;

маводи  генетики – маводхое, ки  аз организмхои  зиндаи тагйирдодашудаи  алохида, ё дар натичаи  комбинатсияи якчанд организмхои зиндаи ба таври  генетики тагйирдодашуда  ба вучуд оварда шудаанд;

инженерияи  гени –  фаъолияте, ки   бо усули нави  биотехнологи таркиби наслии организмхои зиндаро дигаргун намуда, организмхои  сифатан навро  ба  вучуд  меорад.

Моддаи 3. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бехатарии биологи

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи бехатарии биологи ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз хамин Конун, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин санадхои хукукии байналмилалие, ки  Точикистон онхоро эътироф  кардааст, иборат мебошад.

Моддаи 4. Фаъолияти вобаста ба бехатарии биологи

Мукаррароти Конуни мазкур ба намудхои фаъолияте, ки ба ин масъалахо  алокаманданд, татбикмешавад:

– дар системахои сарбаста бо максадхои гуногун ба даст овардан, афзоиш додан, воридоту содирот  намудан, санчидан ва истифода бурдани микроорганизмхо, растанихо ва хайвоноти аз чихати генетики тагйирёфта бо истифодаи тарзу усулхои биотехнологияи замонави;

– ба мухити зист ва ба бозор ворид сохтани максадноки организмхои зиндаи аз чихати генетики тагйирёфта бо истифодаи усулхои биотехнологияи замонави, аз чумла хар гуна таркиби зиндае, ки онхо ба такрористехсолкунии организмхо кобиланд, аз кабили тухми, бехмева, каламча, гарди гул ва гайра;

– бегаразона ворид намудани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ба мухити зист;

-ба мухити зист ва бозор ворид намудани максадноки махсулоти коркардшуда, ки дорои организми аз чихати генетики тагйирёфта ва ё   кисматхои гайризиндаи организмхои зиндаи аз чихати генетики тагйирёбанда  дар намуди коркардшуда ё коркарднашуда;

– хамаи намуди тадкикоти организмхои аз чихати генетики тагйирёфта, аз чумла тадкикоти лаборатори, клиники, сахрои, тачрибавию саноати;

– бегаразона ё  гайриконуни аз сархад гузаронидани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта;

–                нигохдори, гуронидан, нобуд намудани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда, безараркунии партовхо, ки натичаи истифодаи усулхои биотехнологияи замонави мебошанд;

-амалиётхои оид ба воридоту содироти максадноки  организмхои  аз  чихати генетики тагйирёфта  ва  махсулоти  аз  онхо  хосилшуда.

Тахти амали Конуни мазкур организмхое, ки бо усули инженерияи гени ба даст омада, бо хосил намудан, санчидан ва фурухтани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта пешбини гардидаанд, махсулотхои тозакардашуда, аз чумла дорухои фармасевти, ки барои инсон ва истифода дар сохаи байтори таъин шудаанд, фаъолият оид ба интикол, новобаста ба тарзи интикол, инчунин амалиёт оид ба фуруш ва воридоту содирот, ки бо санадхои дигари меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешаванд, карор намегиранд.

 

Моддаи 5. Талаботи асоси оид ба  муайян намудани дарачаи хатари вокеи

Вобаста ба дарачаи хатари вокеи барои саломатии инсон ва мухити зист, ки хангоми амали гардидани намудхои фаъолияте, ки Конуни мазкур ба танзим медарорад, барои системахои махдуд  дарачахои зерини хатар мукаррар карда мешаванд:

– дарачаи I-ба фаъолияти дорои хатари начандон зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмхои гайрипатогени ё бидуни хатар мукоиса мешавад, мутобикат менамояд;

– дарачаи II- ба фаъолияти дорои хатари кам, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмхои шартан патогени (касалиовар) мукоиса мешавад,  мутобикат менамояд;

– дарачаи III- ба фаъолияти дорои хатари муътадил (миёна), ки бо хатари истифодабарии микроорганизмхои кобили гузаронидани сироятхо мукоиса мешавад, мутобикат менамояд;

– дарачаи IV – ба фаъолияти дорои хатари зиёд, ки бо хатари истифодабарии микроорганизмхои кобили пахнкунии инфексияхои махсусан хавфнок мукоиса мешавад, мутобикат менамояд.

Намудхои фаъолияте, ки бо микроорганизмхо дар системаи махдуддар хачме, ки аз тадкикоти лаборатори зиёд аст ва хамчунин дар системахои кушода амали карда мешавад, ба дарачахои III ва  IV- и хатар мансуб аст.

Моддаи 6. Ичозатномадихи  (литсензиядихи) ба фаъолият дар сохаи бехатарии биологи

  (Моддаи 6  хорич карда шуд, тибки К ЧТ аз 30.07.07с №330 )

 

 

 

Боби II.  Идоракунии давлати дар сохаи таъмини бехатарии биологи

Моддаи  7. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхо оид ба таъмини бехатарии биологи

Ба салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи танзими муносибатхо оид ба таъмини бехатарии биологи инхо мансубанд:

– тасдик намудани барномахои давлати оид ба таъмини бехатарии биологи, маблаггузори ва таъминоти моддию техникии чорабинихои дорои ахамияти чумхурияви дар ин соха;

– хамохангсозии фаъолияти вазорату идорахо ва макомоти махаллии хокимияти давлати доир ба масъалахои таъмини бехатарии биологи;

– муайян намудани макоми махсуси ваколатдори давлати оид ба таъмини бехатарии биологи;

– равона кардани сиёсат ба нигохдории гуногунии биологи чун сарвати милли, ки бехатарии биологии мамлакатро таъмин менамояд;

– таъсис ва тасдики Комиссияи милли;

– ичрои дигар вазифахо тибки конунгузории Чумхурии Точикистон.

 

Моддаи  8. Салохияти макоми махсуси ваколатдори давлати оид ба  таъмини бехатарии биологи

Ба салохияти макоми махсуси ваколатдори давлати оид ба таъмини бехатарии биологи инхо дохил мешаванд:

– амали гардонидани сиёсати ягонаи давлати дар сохаи таъмини бехатарии биологи;

– танзимва хамохангсозии корхо оид ба татбики стратегия ва накшаи миллии амалиёт барои нигохдории гуногунии биологи;

– тахияи лоихахо ва ташкили кор оид ба нигохдории гуногунии биологи ва бехатарии биологи;

– тартиб додани маърузахо, хисобот, шиносномахои экологи, лоихахои миллии хифзи табиат ва дигар хуччатхои хифзи табиат;

– муайян намудани захирахои биологи;

– тахия ва татбики хуччатхои лоихавии байналмилали ва мукаррар кардани равобит бо ташкилотхои байналмилали;

– ичрои дигар вазифахо мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон.

 

Боби III. Истифодаи микроорганизмхои (организмхои) аз чихати  генетики тагйирёфта дар системахои махдуд

Моддаи 9. Ташкили фаъолият ва баходихии хатар дар системахои махдуд

Барои ташкили фаъолият оид  ба истифодаи микроорганизмхои (организмхои) аз чихати генетики тагйирёфта дар системахои махдуд  истифодабаранда бояд ба ин фаъолият аз нуктаи назари хатарноки барои саломатии инсон ва мухити зист бахо дода, онро ба яке аз дарачахои хатаре, ки дар кисми 1 моддаи5 номбар шудааст, нисбат дихад ва ба  Комиссияи милли огохномаро пешниход намояд.

Хангоми баходихи чихатхое, ки ба чудо кардани партовхо ва кабули чорахои зарури барои хифзи саломатии инсон ва мухити зист дахл доранд, махсусан ба назар гирифта мешаванд.

Баходихи ва дидани чорахои доир ба мухофизат, ки дар кисми 1 хамин модда  пешбини гардидаанд, бояд давра ба давра, инчунин дар холатхои зерин аз нав дида шаванд:

– агар исбот шуда бошад, ки баходихи нодуруст гузаронида шудааст, дар ин холат маълумотхои нави тадкикоти илми ё техники ба эътибор гирифта мешавад;

– ё ин ки дидани чорахо оид ба чудокуни комилан мувофик нестанд ё дарачаи мукарраргардидаи хатар барои истифода дар  системахои сарбаста тагйир ёфтааст.

 

Моддаи 10. Ахбороти махфи оид ба микроорганизмхои (организмхои) аз чихати генетики тагйирёфта

Дар огохномае, ки ба  Комиссияи милли дархосткунанда мефиристад, асосхои заруриро пешниход намуда, нишон медихад, ки кадом ахборотро ба сифати  ахбори махфи барраси намояд.

Карор дар бораи махфи донистани ахборот аз чониби  Комиссияи милли баъди бо дархосткунанда маслихат намудан кабул гардида, дар бораи карори кабулшуда вай огох карда мешавад.

Ахбороти зерин махфи шуморида намешавад:

– тавсифоти умумии микроорганизмхои (организмхои) аз чихати генетики тагйирёфта, ном ва сурогаи дархосткунанда,  максад ва махалли истифодабари;

– дарачаи хатаре, ки ба он фаъолият оид ба истифодаи микроорганизмхои (организмхои) аз чихати генетики тагйирёфта дар системахои махдуд ва чорахои оид ба чудо кардан (изолятсия)марбутдониста мешаванд;

– хулосае, ки дар натичаи омузиши баходии хатар барои саломатии инсон ва мухити зист пешниход карда шудааст;

– тарзу усулхо ва накшаи мониторинг, инчунин чорахое, ки дар холати садама дида мешаванд.

Комиссияи милли хак надорад, ки ба тарафи сеюм ягон ахбороти махфи донисташударо фош намояд ва ухдадор аст хукуки моликияти зехниро, ки бо ахбороти ба дастомада алокаманд аст, хифз кунад.

Агар дархосткунанда бо ягон сабаб огохномаро бозхонд намояд,  Комиссияи милли бояд махфиятро нисбати ахбороти гирифтааш риоя кунад.

 

Моддаи 11. Санчиши пеш аз истифодабарии микроорганизмхои (организмхои) аз чихати генетики тагйирёфта дар системахои махдуд

Комиссияи милли пеш аз истифодабарии микрооганизмхои (организмхои) аз чихати генетики тагйирёфта дар системахои махдуд месанчад, ки:

– оё накшаи таъчили барои истифодабари дар системахои махдуд дар мавриди гайрисамаранок будани чорахои оид ба чудокуни   метавонад окибатхои чиддии фаври ва минбаъдаро нисбат ба саломатии инсон  ва ё мухити зист берун аз махали чойгиршавии дастгох дошта бошад, тайёр карда шудааст;

– оё дар бораи чунин накшахои таъчили оид ба хатми будани хамрохкуни  барои истифодабарии чорахои бехатари ба макомоти барои пешгирии садама манфиатдор  ба таври зарури  ахборот пешниход намудааст. Ахборот бояд мухим ва ошкоро бошад.

Комиссияи милли ба макоми салохиятноки дигар мамлакатхо иттилоотеро,  ки дар кисми 1 хамин модда  пешбини шудааст, мутобики коидахои  байналмилалии  сохаи мазкур пешниход менамояд.

Моддаи 12. Чорахои огохкуни оид ба таъмини бехатарии биологи

Дар сурати гирифтани ахбороти нав ё хангоми тагйир ёфтани шароити истифодабари дар системахои махдуд, ки он метавонад аз нуктаи назари хатархои эхтимоли окибатхои чидди дошта бошад, истифодагар ухдадор аст дар ин бора фавран ба Комиссияи милли хабар дода, огохномаро тагйир дихад.

Агар баъди додани ичозат Комиссияи милли ахборот гирад, ки истифодаи мазкур дар системахои махдуд  метавонад барои саломатии инсон ва мухити зист окибатхои чидди дошта бошад, вай бояд аз истифодагар тагйир додани шароити истифодаро талаб намояд ва агар ин талаб ичро карда нашавад, барои боздоштан ё манъ кардани фаъолият чорахо бинад.

 

Моддаи 13. ухдадории истифодабаранда хангоми руй додани садама

Дар сурати руй додани садама истифодабаранда бояд дар ин хусус фавран ба Комиссияи милли хабар дода, ин хуччатхоро пешниход намояд:

– иттилоот дар бораи холатхои садама;

– маълумот дар бораи намуд ва микдори истифодашудаи микроорганизмхои (организмхои) аз чихати генетики тагйирёфта;

– хар гуна иттилооте, ки барои баходихии окибатхои садама нисбати саломатии инсон ва мухити зист зарур аст;

– маълумот дар бораи чорахои дидашуда.

Дар сурати руй додани садама Комиссияи милли:

– дар ин бора фавран ахли чомеаро хабардор намуда, ба дарачаи хатари ба амаломада барои саломатии инсон ва мухити зист бахо медихад ва онро нишон медихад;

– ба садама бахои пурра дода, дар сурати зарурат барои пешгирии чунин садамахо дар оянда, инчунин ба окибатхои имконпазири чунин садамахо рох надодан тавсия медихад;

– андешидани чорахои зуруриро таъмин менамояд ва аз руи вазъият ба макоми салохиятноки  давлате, ки ба чунин садамахо дахл карданаш мумкин аст, фавран хабар медихад.

 

Боби IV. Ба мухити зист дохил кардани максадноки организмхои аз чихати генетики тагйирёфта

 

Моддаи 14. Тартиби ба мухити зист дохил кардани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта

Хамаи шахсони вокеи ва хукуки пеш аз ба мухити зист дохил кардани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё таркиби онхо ба максади тадкикот, санчиш, инкишоф ё дигар максад, ба истиснои истехсолот барои баровардан ба бозор, бояд ба Комиссияи милли огохнома пешниход намоянд.

Огохнома бояд инхоро дар  бар гирад:

– чамъи хуччатхои техники бо ахбороти дар Низомнома пешбинишуда барои баходихии хатархои пешбинигардидаи фаври ё минбаъда организми аз чихати генетики тагйирёфта ё таркиби чунин организмхо барои саломатии одамон ваё мухити зист мумкин доштабошанд;

– бахои таъсир ва хатар барои саломатии одамон ва ё мухити зист, ки бинобар ба мухити зист дохил кардани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта  ва ё таркиби чунин организмхо ба вучуд омадааст;

– ё иттилооте, ки дархосткунанда дар каламрави Чумхурии Точикистон  ва ё берун аз он дар бораи натичахои ворид сохтани чунин организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё чунин таркиби ин  организмхо гирифтааст ва огохнома дар ин бора пештар ё дар худи хамон вакт дода шудааст.

Комиссияи  милли  метавонад ичозат дихад, ки  дар чои муайян ба мухити зист ворид сохтани таркиби организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё хамон якорганизми аз чихати генетики тагйирёфта дар чойхои гуногун бо хамон як максад ва дар давраи махдуд  дар  як огохнома  ба  расмият дароварда шавад.

Дар сурати минбаъд дохил кардани хамон организми аз чихати генетики тагйирёфта ё хамон таркиби ин организмхо, ки дар бораи он хамчун кисми хамон як барномаи тадкикот (санчиш) огох карда шуда буд, дархосткунанда бояд огохномаи нав пешниход намуда, ба он маълумотхои огохномахои пештараро ва ё маълумотхои натичахои кайдшудаи воридсозихои пештараро дохил намояд.

Дар сурати тагйир ёфтани шароити воридсозии  максаднок, ки он барои саломатии одамон ва ё мухити зист окибатхо дошта метавонад ё пайдо шудани ахбороти нав дар бораи хатар дархосткунанда ухдадор аст:

– чорахои дар огохнома пешбинишударо аз нав дида барояд;

– дар ин бора ба Комиссияи милли  хабар дихад;

– барои хифзи саломатии инсон ва мухити зист чорахои зарури бинад.

Агар иттилоотоид ба окибатхои зиёди имконпазири ба мухити зист ворид сохтани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта баъди гирифтани ичозати дахлдор аз чониби истифодабаранда маълум гардад, Комиссияи милли бояд аз  у тагйир додани шароити воридсозиро талаб намояд. Дар сурати итоат накардан Комиссияи милли боз доштан ё манъи ин фаъолиятро талаб мекунад.

 

Моддаи 15. Тартиби дида баромадани дархостхо

Дархосткунанда фаъолиятро танхо баъди гирифтани ичозат, ки онро Комиссияи милли додааст ва дар сурати риояи шароитхои мукарраргардидаи он, аз чумла оид ба муайян намудани минтакаи бехатарии генетики огоз карда метавонад. Худудхои табии, ки давлат хифз менамояд (мамнуъгоххо, парваришгоххо, богхои милли ва богхои ботаники) аз истифода ва пахн намудани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта озод буда, худудхои бехатарии генетики мебошанд.

Агар Комиссияи милли чунин шуморад, ки дархосткунанда тачрибаи кофии ба мухити зист дохил кардани организмхои муайяни  аз чихати генетики тагйирёфтаро дорад, он гох бо назардошти мувофикати меъёрхое, ки дар Низомнома мукаррар шудааст, метавонад татбики коидахои одии воридсозиро ичозат дихад.

Ичозате, ки Комиссияи милли барои ба мухити зист  ворид сохтани максадноки растанихои аз чихати генетики тагйирёфтаро медихад, хангоми бакайдгирии навъхо барои санчиши   арзишхои агрономи ва технологи хатми буда, онро ба максади истехсол дар чумхури Комиссияи давлати оид ба санчиши навъхои растанихо ба амал мебарорад.

Хамаи навъхое, ки аз организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ба вучуд омада, ба шароитхои санчиш ба арзишхои агрономи ва технологи мувофиканд, дар фехристи навъхои растанихои Чумхурии Точикистон ба кайд гирифта мешаванд.

 

Боби V. Ба бозор баровардани организмхои аз чихати генетики  тагйирёфта ва махсулоти аз онхо хосилшуда

Моддаи 16 . Тартиби ба бозор баровардани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ва махсулоти аз онхо хосилшуда

Ба бозор баровардани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда танхо дар асоси ичозате,   ки  Комиссияи милли  мутобики талаботи боби lV Конуни мазкур додааст, сурат мегирад.

Агар фаъолияти оид ба бозор баровардани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда амалиёти воридоту содиротро фаро гирад, он тахти амали моддахои  18-24 карор мегирад.

Ичозате, ки дар кисми 1 хамин модда пешбини гардидааст, танхо дар сурати ичрои шартхои зерин дода мешавад:

– мутобикати ин организмхо  ва махсулот ба санадхои меъёрии хукуки;

– мутобикати онхо ба талаботе, ки ба баходихии хатархо барои саломатии инсон ва мухити зист мансуб аст.

Моддаи 17.  Огохнома оиди бори нахуст ба бозор баровардани организми аз чихати генетики тагйирёфта

Пеш аз бори нахуст ба бозор баровардани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда истехсолкунанда ё аз руи вазъият воридкунандаба Комиссияи милли огохнома пешниход менамояд, ки бояд дорои  мазмуни зерин бошад:

– ахбороти дар назар доштаи  Низомнома, ки дар он аз чумла маълумотхои ба дастовардаи истифодабаранда дар рафти тадкикот, санчиш ва инкишоф ифода ёфта, мутобики нуктахои боби IV Конуни мазкур гузаронида шудааст;

– бахои хатар барои саломатии одамон ва мухити зист;

– шароити ба бозор баровардани махсулот, аз чумла шароитхои хоси истифода ва кору амал, инчунин тавсия оид ба борбанди ва нишону тамгазани.

Агар дар асоси натичахои ягон воридсози ба мухити зист, ки дар бораи он пештар огох карда буданд ва барои он тибки талаботи Конуни мазкур ичозат гирифта шудааст ё дар асоси натичахои тадкикоти илми дархосткунанда ба хулоса омадааст, ки ба бозор баровардан ва истифода бурдани махсулот барои саломатии инсон ва мухити зист хатар надорад, вай метавонад дар огохнома дар бобати татбики коидахои оддии ичозат хохиш намояд.

Дархосткунанда дар огохнома маълумотеро, ки дар натичаи ба мухити зист ворид сохтани хамин хел организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё таркиби организмхои мазкур ба даст овардааст, дохил менамояд, ки дар бораи он вай пештар огохнома додааст ё онро дар   саросариЧумхурии Точикистон ё берун аз он амали гардондааст.

Барои хар кадом махсулоти наве, ки хамин хел  организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё хамин хел таркиби организмхои мазкурро дорад, ё аз онхо ё аз таркиби онхо иборат буда, вале барои истифодаи дигар таъин шудааст, огохномаи алохида фиристонида мешавад.

 

Боби VI. Воридоту содироти организмхои аз чихати генетики  тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда

 

Моддаи 18. Фаъолияти асоси оид ба воридоту содироти организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ва ё махсулоти аз онхо хосилшуда

Фаъолият оид ба  воридоту содироти организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ва ё махсулоти аз онхо хосилшуда дар мавридхое сурат мегирад, ки шартхои пешниходи огохнома ва шартхои ичозатнома, ки дар моддахои 20 ва 21 пешбини гардидаанд, ичро шуда бошанд, ёталаботи махсус доир ба огохнома, мувофикакуни, ичозатномадихи, ки санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф  кардааст, ичро шуда бошанд.

Фаъолият оид ба воридоту содирот бояд ба талаботи зерин чавобгу бошад:

– дар сурати зарурат истифода бурдани тартиби ризоияти асосноки пешакии Комиссияи милли мутобики моддаи 19  хамин Конун;

– баходихии хатархо мутобики талаботи моддаи 23 Конуни мазкур;

– риояи талабот оид ба тамгаю нишонгузори, интикол ва кору амал;

– таъмини мубодилаи иттилоот;

– пахн накардани иттилооти махфи ва риояи хукуки моликияти зехни;

– пешгири намудани хамлу накли гайриконуни, интиколи бегаразонаи байнисархади ва таъмин намудани кабули чорахои мувофик дар холати руй додани холатхои фавкулодда.

 

Моддаи 19. Тартиби ризоияти асосноки пешаки

Тартиби ризоияти асосноки пешаки инхоро дар бар мегирад:

– мукаррар кардани намудхои фаъолият, ки нисбати онхо ин коидахо татбик мегарданд;

– огох намудан дар бораи максадиба амал баровардани воридоту содирот;

– ичозат додани фаъолият оидба воридоту содирот;

– дар сурати зарурат аз нав дида баромадани карори пештар кабулкардаи Комиссияи милли.

Ба тартиби ризоияти асосноки пешаки фаъолияти оид ба воридоту содироти организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда мансуб аст, ки бо максадхои зерин амали гардонида мешавад:

– истифодаи онходар системахои  махдуд дар микёси мамлакат;

-санчишхои сахрои дар  саросаримамлакат;

– гаразнок ворид намудани онхо ба мухити зист ва ба бозор баровардан.

 

Моддаи 20. Огохсозии Комиссияи милли

Воридкунандагон пеш аз амали сохтани воридоти организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда ухдадоранд дар ин бора Комиссияи миллиро огох намоянд.

Комиссияи милли тартиби пешниходи огохномаро мукаррар намуда, онро ба маълумоти тарафхои манфиатдор мерасонад.

Дархосткунанда барои дуруст будани ахбороте, ки ба Комиссияи милли мувофики дархости он ба тарики огохнома ё бо дигар рох пешниход намудааст, масъул аст.

Комиссияи милли дар мухлати 90 рузи кабули огохнома ба дархосткунанда дар бораи кабули он дар шакли хатти тасдикнома ирсол менамояд.

 

Моддаи 21. Карори Комиссияи милли оид ба додани ичозат ба воридот

Карори Комиссияи милли оид ба додани ичозат ба воридот ба талаботи моддаи 18 хамин Конун,  аз чумла  ба  маълумотхои баходихии  хатархо асос карда мешавад.

Комиссияи милли дар мухлати пешбининамудаи кисми 4 моддаи 20хамин Конун  бояд дархосткунандаро  огох намояд, ки:

– воридот мумкин аст бе додани ичозат бо нишон додани шартхои он амали гардонида шавад,  ё

– воридот мумкин аст танхо дар асоси ичозатномае, ки Комиссияи милли додааст, амали гардонида шавад.

Комиссияи милли дар мухлати  90 руз баъди тасдики кабули огохнома яке аз ин карорхоро кабул мекунад:

– ба амали гардонидани воридот  бо шартхо ё бидуни онхо бо возех кардани он, ки онхо барои воридоти минбаъдаи хамон организми аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз он хосилшуда чи тавр татбик карда мешавад, ичозат дихад;

– воридотро манъ намояд;

– мутобики Низомнома пешниходи иттилоотииловагиро талаб намояд;

– мухлати кабули карорро дар даврае, ки барои баходихии  иттилооти иловагии аз дархосткунанда ё дигар манъбахо кабулгардида зарур аст, дароз намояд.

 

Моддаи 22. Аз нав дида баромадани карори Комиссияи  милли

Комиссияи милли карореро, ки мутобики моддаи 21 кабул намудааст, метавонад аз нав дида барояд ва дар асоси  иттилооти нави илми дар бораи таъсири зарарноки махсулот ба саломатии одамон ва ё мухити зист онро тагйир дихад. Дар чунин холатхо Комиссияи милли ба дархосткунанда фавран дар бораи карори худ, инчунин дар бораи сабабхое, ки боиси рад ё тагйирот гардидааст, хабар медихад.

Дархосткунанда метавонад аз Комиссияи милли бо рохи ирсоли огохнома аз нав дида баромадани карореро, ки мутобики моддаи 20 Конунимазкур  кабул шудааст, талаб намояд, агар чунин шуморад, ки:

– вазъияти муайянкунандаи натичаи баходихии хатархо, ки дар кабули карор асос ёфта буд, тагйир ёфтааст;

– вай дорои ахбороти иловагии техники ва илми мебошад, ё исботи он мавчуд аст, ки карор  азчихатиилми  асоснок набуд;

– Комиссияи милли ухдадор аст карорро аз руи огохномае, ки тибки далелхои пешбининамудаи кисми 2 хаминмодда дода шудааст, кабул намояд ва дар ин бора ба дархосткунанда хабар дихад.

 

Моддаи 23. Баходихии  хатархо

Баходихии хатархо бояд дар асоси принсипхои илми ва транспарентноки бо назардошти талаботи Низомнома ва бо истифодаи усулхои дахлдори баходихии хатархо сурат гирад. Максади баходихи ошкор ва муайян намудани таъсири манфии организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда ба саломатии одамон ва мухити зист бо назардошти вазъи ичтимоию иктисоди  мебошад.

Комиссияи милли хал менамояд, ки баходихиро ба хатархо кадом макомоти салохиятдор ё муассисахои илми ба амал мебарорад.

Комиссияи милли ухдадор аст тасдик намояд, ки баходихии хатархо гузаронида шудааст ва дар асоси он мутобики моддаи 21 хамин Конункарор кабул кардан мумкин аст.

Комиссияи милли оид ба баходихии хатархо, ки вобаста ба микроорганизмхо ва дар баъзе холатхо дигар организмхои аз чихати генетики тагйирёфта дар системахои  махдуд гузаронида шудааст, масъул аст.

Харочоти молияви барои гузаронидани баходихии хатархо аз хисоби дархосткунанда сурат мегирад.

 

Моддаи 24. Оид ба банду баст ва  интиколи  организмхои аз чихати генетики тагйирёфта

Воридкунанда пеш аз амали намудани воридот бояд тасдик намояд, ки содиркунандаи организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда инхоро таъмин мекунад:

-бандубаст кардан, индентификатсия, хаммонандсози, тамгазани ва интиколро ба дарачае, ки гузаронидани  ин амалиёт чихати  содирот мувофик аст;

– ичрои дигар шартхое, ки  Конуни мазкур пешбини кардааст.

Воридкунандаухдадор аст мутобикати хуччатхои хамрох ирсолшавандаро ба талаботи санадхои меъёрии хукукии  Чумхурии Точикистон вамукаррароти санадхои хукукии байналмилали доир ба интиколи байнисархадии организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ва махсулоти аз онхо хосилшударо таъмин  намояд.

 

Моддаи 25. Чорабинихо дар холати гайриконуни кашонидани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта

Дар холати гайриконуни кашондани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда макоми  махсуси ваколатдори  давлати оид ба таъмини бехатарии биологи хак дорад аз мамлакати содирот баргардонидан ё нобуд сохтани онхоро аз хисоби худ мутобики санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, талаб  кунад.

Оид ба ходисахои гайриконуни кашондани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда мутобики тартиби мукаррарнамудаи санадхои хукукии байналмилали ба макомоти салохиятноки байналмилали хабар дода мешавад.

Дар сурати интиколи байнисархадии бегаразонаи организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ё махсулоти аз онхо хосилшуда макоми махсуси ваколатдори  давлати оид ба таъмини бехатарии биологи барои огохсози, ки санадхои хукукии байналмилали пешбини кардааст, инчунин барои хорич намудани хар гуна хатархо барои саломатии одамон ва мухити зист чорахо меандешад.

Комиссияи милли ахборотро дар бораи чорахои рох надодани вазъияте, ки метавонад хангоми интиколи байнисархадии бегаразонаи организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ва ё махсулоти аз онхо хосил шуда ба амал ояд, ба маълумоти ахли чомеа мерасонад.

 

Моддаи 26. Тартиби огохонидани  ахли чомеа дар сурати ворид намудани организмхои аз чихати генетики тагйирёфта

Тартиби додани ичозат барои ба мухити зист ва бозор ворид  намудани максадноки организмхои аз чихати генетики тагйирёфта ва махсулоти аз онхо хосилшуда ошкоро мебошад. Транспарентнокии фаъолияте, ки нисбати он ичозат пурсида мешавад, аз чониби Комиссияи милли таъмин мегардад.

Комиссияи милли бояд дар мухлати 10 рузи гирифтани огохнома дар ин бора ба ахли чомеа бо нишон додани тарзи ба даст овардани маълумот хабар дихад.

Тавзехоти ахли чомеа дар давоми 30 рузи огох сохтани он кабулгардида, хангоми кабули карор оид ба додани ичозати намуди дархостшавандаи фаъолият Комиссияи милли онро ба эътибор мегирад. Вобаста ба тавзехоти воридшуда мумкин аст мухокимахои оммавии хар чихати проблемаи баррасишаванда ташкил карда шаванд.

Комиссияи милли иштироки ахли чомеаро дар кабули карорхо оид  ба додани ичозат ба намудхои фаъолияте, ки Конуни мазкур танзим менамояд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, таъмин мекунад.

 

Боби VII. Мукаррароти хотимави

 

Моддаи 27. Тартиби халли бахсхо оид ба масъалахои бехатарии биологи

Бахсхо оид ба масъалахои бехатарии биологи ва бахсхои ба он алокаманди молумулки аз тарики суд хал карда мешаванд.

 

   Моддаи 28. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукуки барои вайрон кардани Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 29. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

Президенти Чумхурии Точикистон              Э.Рахмонов

 

              ш. Душанбе  1 марти соли 2005

              № 88_______________________

 

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …