Моддаи 26-и Кодекси Мехнат. Бастани шартномаи мехнати ва барасмиятдарории он
- Шартномаи мехнати дар шакли хатти баста шуда, дар ду нусха тартиб дода мешавад ва аз чониби тарафхо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи мехнати ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо махфуз медорад.
- Ворид намудани тагйиру иловахо ба шартномаи мехнати, аз чумла хангоми гузаронидан ба кори дигар аз чониби тарафхо дар шакли хатти бо тартиби пешбининамудаи кисми 1 моддаи мазкур амали карда мешавад. Пешниходи тагйир додани шартхои шартномаи мехнати аз чониби яке аз тарафхои шартномаи мехнати дар шакли хатти дода мешавад ва он аз чониби тарафи дигар дар мухлати то хафт рузи таквими аз рузи дода шудан барраси карда мешавад.
- Шартномаи мехнати бо шахсони мансабдори макомоти ичроияи ташкилот аз чониби сохибмулки ташкилот ва ё шахси ваколатдори у бо тартиби мукаррарнамудаи Кодекси мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва хуччатхои таъсисии ташкилот баста мешавад.
- Хангоми ба кор дохил шудан хуччатхои зерин пешниход карда мешаванд:
– шиноснома ё дигар хуччати тасдиккунандаи шахсият (шаходатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздах нарасидаанд);
– дафтарчаи мехнати ё дигар хуччати тасдиккунандаи фаъолияти мехнати (ба гайр аз холатхои бори аввал ба кор дохил гардидан);
– гувохномаи икомат ва ё шаходатномаи шахси бешахрванд (барои шахрванди хоричи ва шахси бешахрванд, ки дар худуди Чумхурии Точикистон доими истикомат мекунад) ё шаходатномаи шахси гуреза;
– хуччатхо дар бораи тахсилот, дониши махсус, дарача, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи мехнати дар корхое, ки тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон дониш, малака ва махорати дахлдор зарур мебошанд;
– барои ухдадорони харби – билети харби ё шаходатномаи бакайдгири;
– хуччати аз муоинаи тиббии пешаки гузаштан (барои шахсоне, ки тибки Кодекси мазкур ва дигар санадхои конунгузории Чумхурии Точикистон ухдадоранд аз чунин муоина гузаранд);
– нусхаи гувохнома дар бораи додани раками мушаххаси андозсупоранда ва шаходатномаи сугуртаи хатмии нафакави;
– маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доги суди хангоми бастани шартномаи мехнати дар корхое, ки тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пешниходи чунин маълумот зарур аст.
- Корфармо хукук надорад, аз шахси ба кор кабулшаванда дигар хуччатро талаб кунад, ба истиснои холатхои пешбининамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон.
- Ба кор кабул намудан дар асоси аризаи корманд ва бо санади корфармо ё шахси ваколатдори у ба расмият дароварда мешавад. Санади мазкур ба корманд бо гузоштани имзо дар давоми на дертар аз 3 рузи кори эълон карда мешавад. Ба кор кабул намудани кормандоне (кормандони хонаги ва хонакорон), ки дар назди шахсони вокеи кор мекунанд, тавассути бастани шартномаи мехнати, ки намунааш аз чониби макомоти ваколатдори давлати дар сохаи мехнат ва шугли ахоли тасдик мегардад, ба расмият дароварда мешавад.
- Хангоми ба кор кабул намудан корфармо ухдадор аст, ки кормандро бо коидахои тартиботи дохилии ташкилот, дигар санадхои меъёрии ба (вазифахои мехнатии) корманд дахлдошта, шинос намояд.
- Амали шартномаи мехнати аз рузи огози вокеии кор сар мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
- Агар шартномаи мехнати бо гунохи корфармо баста нашуда ва ё ба расмият дароварда нашуда бошад, вале корманд ба кор шуруъ карда бошад, дар ин холат муносибатхои мехнати аз рузи вокеан ба кор шуруъ намудани корманд бавучудомада хисобида мешаванд.