Главная / Ҷамъият / Бастани шартномаи меҳнатӣ ва барасмиятдарории он

Бастани шартномаи меҳнатӣ ва барасмиятдарории он

Моддаи 26-и Кодекси Меҳнат. Бастани шартномаи меҳнатӣ ва барасмиятдарории он

  1. Шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, дар ду нусха тартиб дода мешавад ва аз ҷониби тарафҳо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи меҳнатӣ ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад.
  2. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидан ба кори дигар аз ҷониби тарафҳо дар шакли хаттӣ бо тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур амалӣ карда мешавад. Пешниҳоди тағйир додани шартҳои шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби яке аз тарафҳои шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ дода мешавад ва он аз ҷониби тарафи дигар дар муҳлати то ҳафт рўзи тақвимӣ аз рўзи дода шудан баррасӣ карда мешавад.
  3. Шартномаи меҳнатӣ бо шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ташкилот аз ҷониби соҳибмулки ташкилот ва ё шахси ваколатдори ў бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилот баста мешавад.
  4. Ҳангоми ба кор дохил шудан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

– шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шаҳодатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд);

– дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои бори аввал ба кор дохил гардидан);

– гувоҳномаи иқомат ва ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд (барои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунад) ё шаҳодатномаи шахси гуреза;

– ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дониши махсус, дараҷа, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва маҳорати дахлдор зарур мебошанд;

– барои уҳдадорони ҳарбӣ – билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ;

– ҳуҷҷати аз муоинаи тиббии пешакӣ гузаштан (барои шахсоне, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд аз чунин муоина гузаранд);

– нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ва шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;

– маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди чунин маълумот зарур аст.

  1. Корфармо ҳуқуқ надорад, аз шахси ба кор қабулшаванда дигар ҳуҷҷатро талаб кунад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  2. Ба кор қабул намудан дар асоси аризаи корманд ва бо санади корфармо ё шахси ваколатдори ў ба расмият дароварда мешавад. Санади мазкур ба корманд бо гузоштани имзо дар давоми на дертар аз 3 рўзи корӣ эълон карда мешавад. Ба кор қабул намудани кормандоне (кормандони хонагӣ ва хонакорон), ки дар назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, тавассути бастани шартномаи меҳнатӣ, ки намунааш аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ мегардад, ба расмият дароварда мешавад.
  3. Ҳангоми ба кор қабул намудан корфармо уҳдадор аст, ки кормандро бо қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот, дигар санадҳои меъёрии ба (вазифаҳои меҳнатии) корманд дахлдошта, шинос намояд.
  4. Амали шартномаи меҳнатӣ аз рўзи оғози воқеии кор сар мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
  5. Агар шартномаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо баста нашуда ва ё ба расмият дароварда нашуда бошад, вале корманд ба кор шурўъ карда бошад, дар ин ҳолат муносибатҳои меҳнатӣ аз рўзи воқеан ба кор шурўъ намудани корманд бавуҷудомада ҳисобида мешаванд.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …