Главная / Чамъият / Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагихои дипломати, консули ва намояндагихои ба онхо баробаркардашуда

Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагихои дипломати, консули ва намояндагихои ба онхо баробаркардашуда

Моддаи 193-и Кодекси Андоз. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагихои дипломати, консули ва намояндагихои ба онхо баробаркардашуда, инчунин аъзои хайати кормандони онхо, ки дар Чумхурии Точикистон аккредитатсия шудаанд

  1. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагихои дипломати, консули ва намояндагихои ба онхо баробаркардашудае, ки номгуи онхо аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад, инчунин аъзои хайати кормандони онхо, ки дар Чумхурии Точикистон аккредитатсия шудаанд (минбаъд дар хамин модда – намояндагихо), ба шарте амали мегардад, ки агар чунин баргардонидан дар асоси дутарафа (мутакобила)санадхои хукукии байналмилалипешбини карда бошанд,ки Чумхурии Точикистон иштирокчии онхо мебошад.
  2. Андоз аз арзиши иловашуда, ки намояндагихо ба тахвилкунандагони молхои (корхо, хизматрасонихои) барои истифодаи расмии ин намояндагихо, инчунин истифодаи шахсии аъзои хайати кормандони дипломати, маъмурию техники ва хизматрасони онхо, аз чумла аъзои оилаи бо онхо истикоматдошта пешбинигардидапардохтанд, дар сурате, ки чунин баргардони дар санади хукукии байналмилали мукаррар шуда бошад, баргардонида мешавад.
  3. Баргардонидани маблаги андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагихо тибки хулосаи раёсатхои андоз дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон, вилоятхо ва шахри Душанбе, дар асоси ведомостхои (фехристхои) чамъбастие, ки аз чониби ин намояндагихо тартиб дода мешаванд ва нусхаи хуччатхоитасдикшуда (хисобнома-фактурахо, чекхо ва г.), ки далели супоридани андоз аз арзиши иловашуда мебошанд, амали карда мешавад.
  4. Ведомостхои (фехристхои) чамъбасти дар шакли мукаррарнамудаи макоми ваколатдори давлати тайёр карда шуда, аз чониби намояндагихо ба Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон барои тасдики мубодилаи ёддоштхо оид ба риоя намудани принсипи мутакобила хангоми пешниходи имтиёзхо оид ба андозхои гайримустаким (андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) мувофики мукаррароти санади хукукии байналмилали пешниход карда мешаванд. Баъди тасдик шудан ведомостхои (фехристхои) чамъбасти ба макоми андозе, ки макоми ваколатдори давлати барои баргардонидани маблагхо муайян менамояд, пешниход карда мешаванд.
  5. Агар дар хуччатхои ба ведомостхои (фехристхои) чамъбасти замимашаванда маблаги андоз аз арзиши иловашуда дар сатри алохида чудо нашуда бошад, хукук барои гирифтани маблаги баргардонидаи андоз аз арзиши иловашуда танхо хангоми аз чониби тахвилгари молхо (корхо, хизматрасонихо) тасдик намудани дохилшавии андоз аз арзиши иловашуда ба хисобнома-фактура имконпазир аст.
  6. Маблаги андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагихо аз чониби Вазорати молияи Чумхурии Точикистон дар асоси хулосаи макомоти андози дахлдор дар давоми 30 рузи таквимии баъди ведомостхои чамъбастиро (фехристхоро) аз Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон гирифтани макоми ваколатдори давлати баргардонида мешавад.Маблаги андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз бучет баргардонида шавад, ба суратхисобхои дахлдори намояндагихо гузаронида мешавад.
  7. Тартиби баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагихо бо дарназардошти мукаррароти хамин модда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …