Главная / Илм / БРОМГЕКСИН

БРОМГЕКСИН

bromgeksinБРОМГЕКСИН (Bromhexinum), навъе аз дору. Б. таъсири балгамрони ва рафъи сурфаро дорад. Онро ба сифати давои балгамрон хангоми бронхит, бронхоэктазхо, зики нафас, сил, пневмония таъин мекунанд. Б.-ро барои пеш аз чаррохи пок сохтани шачараи бронххо, инчунин баъди чаррохи бо максади пешгирии пайдоиши балгами часпак дар бронх низ истифода бурдан мумкин аст. Б. хамчунин баъди бронхография барои аз организм зуд хорич кардани моддаи контрасти кор фармуда мешавад. Б.-ро ба кудакони то 3-сола таъин намекунанд.
Таъсири Б., одатан, баъди 24 – 48 соати огози табобат ба назар мерасад. Натичаи муолича пас аз 2 – 5 руз маълум мегардад. Даври муолича аз 4 руз то 4 хафта аст. Дар мавриди зарурат Б.-ро якчоя бо диг. дорухо низ таъин менамоянд. Б. бахри организм хушпазир аст, вале баъзан метавонад боиси сар задани аллергия шавад. Б.-ро дар шакли курс, махлул, хаб ва чакра истехсол мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …