Шеър дар бораи Шиноснома – паспорт
Гарчи пенсионерам,
Аз зиндагони серам.
Акнун барои симкорт,
Бояд паспорт бигирам!
Ин паспорти нодаркор,
Дар хеч чо наояд кор,
ВАЙБЕРУ ИМО даркор,
Бояд паспорт бигирам!
Сад рах паспортам нав шуд,
Пайсаам дар гарав шуд,
Агарчи сухт, алав шуд,
Бояд паспорт бигирам!
Хохед, ки пул бичинед,
Дар чамоат нишинед,
Очерадро бубинед,
Бояд паспорт бигирам!
Холам агарчи шуд бад,
Ин пагох дар «очерад»,
Фармонро накунам рад,
Бояд паспорт бигирам!
Фишорам хам боло шуд,
Хушам рафту бечо шуд,
Дар гушам ин садо шуд:
Бояд паспорт бигирам!
Интернет арзон шуд,
Он чои ошу нон шуд,
Паспорт балои чон шуд,
Бояд паспорт бигирам!
Нанолам аз нотоби,
Аз бепули, бехоби,
Бахри интернеткоби,
Бояд паспорт бигирам!
Пул рафтан набошад чабр,
Намекунам дигар сабр,
Ба рафтан ба суйи кабр,
Бояд паспорт бигирам!
——-*****———–