БЕМОРи (Morbus), ихтилоли фаъолияти организм ва робитаи мутакобилаи он бо мухит. Аз Б., одатан, кобилияти кори муваккатан ё доими суст ё гум мешавад. Одам аз таъсири омилхои ба организм зарарнок (омили касалиовар) бемор мегардад (агар таъсири онхо аз имкониятхои мухофизи ё талофии организм зуртар бошад). Барои пайдоиши Б. як маротиба таъсир расондани омили беморизо (мас, зарбу лат, захролуди) кифоя аст. Аз таъсири дуру дарози омилхои мазкур (мас, муттасил вайрон кардани тартиби тагзия боиси дарди меъдаю руда, пурхури боиси ихтилоли мубодилаи моддахо ва фарбехи мегардад) низ кас бемор мешавад. Нукси инкишоф ё нукси ирси (ниг. Беморихои ирси) низ сабаби Б. мегардад.
Омили беморизо баробари ба организм зарар расонидан, аксуламали мухофизати ва мутобикати онро ба кор медарорад. Яъне Б. одатан ду протсесси дорои робитаи мутакобил – осеб ва мухофизатро дарбар мегирад. Мас., хангоми илтихоб хам бофтахо иллат меёбанд ва хам дар манбаи илтихоб захри бактерияхо чамъ омада, ин мавзеъ бо хун нихоят хуб таъмин мешавад, фаъолияти хучайрахо афзуда, бофтаи иллатиро аз махсули тачзия тоза мекунад, бахри зуд баркарор шудани он ёри мерасонад. Дард бонги иллат аст. Аз тарафи дигар, таассури мутобикати аз хад зиёд метавонад чараёни Б.-ро вазнин гардонад. Мас., хангоми кай ва исхол моддахои зарарнок ва захролуд аз меъда ва руда мераванд ва бо хамин сабаб организм ба об мухточ гардида, дарди сахт метавонад боиси шок шавад.
Хар бемори ихтилоли фаъолияти организм аст. Зухуроти он аксар вакт дар як узв ё силсилаи узвхо ба мушохида мерасад. Мас., захми меъда як зухур бошад хам, сарчашмаи он ихтилоли хун ва решмараз буда, аслан окибат халал ёфтани кори силсилаи асабхост (бинобар ихтилол ва эмотсияхои манфи, изтироби рухи ё чисмони). Гаму андух, тарзи хаёти номураттаб, вайрон кардани тартиби мехнату истирохат, тагзия ва коидахои бехдошти шахси, хамчунин тамокукаши ва майпарасти, ки организмро заиф сохта, мубодилаи моддахо ва фаъолияти силсилаи асабро вайрон мекунанд, окибат бемори меоранд. Хар гуна осеби чузъи низ боиси ин ё он иллат мегардад, аз ин ру бехдошти тандурусти ба омодагии тамоми неруи организм вобаста аст. Мас., дар аснои иллати фасодноки чузъи – думбал, пучак, ва хафтпуст, одатан, зухуроти умуми (баланд гаштани харорати бадан, таб, камиштихои, сусти ва г.) мушохида мешаванд.
Сабабхои пайдоиши Б.-хо гуногун мебошанд. Б. метавонад аз таъсири як ё чанд омил ба вучуд ояд. Мас., беморихои сирояти ва паразити дар натичаи ба организм таъсир кардани бактерияхо, вирусхо, занбуругхои микроскопи, кирмхои бемориангез ва г. инкишоф меёбанд. Хар як бемории сирояти ангезандаи муайян дорад. Аммо бисёр микроорганизмхо дар организмхое, ки неруи мухофизиашон суст аст, инкишоф ёфта, боиси Б. мешаванд. Бисёр иллатхо бо сабабхои гуногун сар мезананд. Мас., газаки меъда (илтихоби пардаи луобии меъда) дар натичаи дуру дароз вайрон кардани тартиби истеъмоли хурок, суиистеъмоли нушокихои спиртдор, тамокукаши, ихтилоли мубодилаи моддахо ва г. инкишоф меёбад. Вазъи организм, имкониятхои мукобилат ва мутобикати он низ ба пайдоиш ва чараёни Б. мусоидат менамоянд. Мас., аз таъсири омили беморизо агар як шахс бемор шавад, пас шахси дигар бемор нашуданаш мумкин. Ё хамон як Б.-ро хар кас ба таври гуногун паси сар мекунад.
Б.-хо шадид, шадидмонанд ва музмин мешаванд. Инкишофу чараёни Б.-и шадид чор давра дорад: нихони, огоз, авч ва хотима.
Давраи нихони (дар беморихои сирояти давраи инкубатсия) муддатест аз лахзаи таъсири омили бемориовар то пайдоиши нишонахои аввалини клиникии Б. Давраи огози бемори муддатест аз падидоии нишонахои аввалини клиникии Б. то пурра инкишоф ёфтани аломатхои он. Дар ин давра аломатхои умумии бисёр Б. (дарди сар, варача, табларза, бехоли ва г.) мушохида мешаванд; аломатхои хоси Б. дертар, яъне дар давраи авчи Б. зохир мегарданд. Дар давраи огози Б. ташхиси аломатхои хоси он номумкин аст. Дар давраи авчи Б. аломатхои хос падид меоянд. Вале баъзан онхо чандон аён нестанд (шакли мубхами касали) ё пурра инкишоф наёфта, нест мешаванд (шакли нотамом). Агар ба Б. ягон ориза (окибати ногувори бемории асоси) хамрох шавад, пас чараёни он метавонад тагйир ёбад. Давраи хотимаи бемори зуд, ногахон (ё бухрон) ва тадричан мегузарад. Б. пурра ё нимкора шифо меёбад. Тагйироти чиддии ягон узв ё силсилаи узвхо ба он оварда мерасонад, ки маризи шакли музмин гирад. Хангоми шифои комил фаъолияти муътадили организм баркарор хохад шуд. Баъди бисёр Б.-хои сирояти организм нисбат ба онхо масуният (иммунитет) пайдо мекунад. Гохо фаъолияти организм муътадил мегардад, вале аз баъзе иллатхои бокимонда кори ин ё он узв нокис мемонад (шифои нопурра). Б. музмин шавад хам, тартиб ва табобати таъинкардаи духтурро давом бояд дод, вагарна Б. боз авч мегирад.
Муоличаи саривакти ва риояи катъии таъиноти духтур омилхои мухими рафъи Б. мебошанд. Пас, агар шахс андаке нотоб шавад, бояд хатман ба духтур мурочиат намояд. Худмуолича ё катъи худсаронаи табобат хатарнок аст. Чунин беэътиноии бемор ба пайдоиши оризахои Б. ва музмин гаштани он, корношоями ва марг оварда мерасонад.
Илми тиб масъалаи Б.-ро муштарак (комплекси) хал мекунад. Сабаб ва шароити пайдоиш (этиология), тарзи чараён, беморихои алохида, тарики мухофизат, патогенез, хусусиятхои чараёни клиники ва аломатхои Б.- хои гуногун дар якчояги омухта мешаванд. Дар ин асос усулхои ташхис, табобат ва пешгирии Б. муайян карда хоханд шуд. Пешрафти тадкикоти биологи, тибби, клиники ва ривочи техникаи тибби ба инкишофи усулхои ташхиси лаборатори мусоидат кард. Агар онхо бо шароити пайдоиш ва хусусиятхои чараёни клиникии Б. мукоиса нашаванд, пас ахамияти халкунандаи ташхиси пайдо намекунанд. Рафту хангоми муоинаи бемор зухуроти клиникии Б. ба шикоятхои у мувофик наоянд ва усулхои асосии тадкикот (муоина, тахлили хун, пешоб, тадкики рентгенологи ва г.) маълумоти кофи надиханд, дар он сурат тахлил ё усулхои ташхиси амали нихоят заруранд.
Накшаи табобати хар бемор алохида аст. Духтур хангоми табобат хусусиятхои фардии инкишоф ва холати организми бемор, беморихои аз сар гузаронида, шароити мехнат ва зиндагии уро ба назар мегирад. у ба ду маризи бемориашон якхела дорухои гуногун таъин мекунад, чунки агар як дору ба як бемор шифо бахшад, ба бемори дигар метавонад зарар оварад. Пас, худмуолича хатарнок аст. Духтур доруеро таъин мекунад, ки ба сабаб (табобати этиологи, мас., истеъмоли дорухои зиддибактерияви – хангоми беморихои сирояти) ва тарзи инкишофи Б. (муоличаи патогенези, мас., истеъмоли гормон ё фермент дар холати норасоии он) таъсир мерасонад. Духтур инчунин давоеро мефармояд, ки нишонахои вазнини клиникии Б.-ро рафъ месозад (мас, дорухои рафъи дард, зидди сурфа, хобовар). Бинобар судмандии тадбирхои ёрирасони неруи мухофизат ва мукобилияти организм баробари табобати махсус ба мариз истеъмоли витаминхо, хуроки сергизо ва г.-ро низ мефармоянд. Духтур дар хар давраи Б. метавонад табобатро тагийр дода, дорухои нав, муоличаи физиотерапевти (ваннахо, баркшифои, муолича бо нур ва г.), варзиши шифои, масх ва г. таъин кунад. Табобати бисёр беморихо оромии рухию чисмонии беморро талаб менамояд. Дар давраи авчи Б. бистари гаштан ба максад мувофик аст. Самараи табобат, хусусан дар шароити хона, ба нигохубини дурусти бемор (бечуну чаро ичро кардани таъиноти духтур) вобастаги дорад (ниг. Нигохубини бемор).
Агар як аъзои оила бемор шавад, фикру зикри дигарон ба у чалб мегардад. Бинобар ин худи мариз бояд ба шифоёби кушад, ба вазъи худ дуруст муносибат намояд, хар чи зудтар ба шароити беморхона одат кунад.
Муносибати дурусти аъзои оила ба бемор бисёр мухим аст. Хамдарди, гамхори, ороми, ё баръакс, беписанди, хар яке аз онхо хоса таъсире дорад. Гамхории самими беморро пуртокат мекунад, табобатро метезонад; бепарвои ё тундмизочии атрофиён беморро шикастадил менамояд. Муносибати хешовандон ба бемор бояд мувофики маслихати духтур бошад. Духтур вобаста ба рухияи бемор тавсияи ба максад мувофик медихад.
Пешгирии Б.-хо ба шахси ва чамъияти чудо мешавад. Системаи давлатии хифзи тандурусти тадбирхоеро дарбар мегирад, ки афзоиши некуахволи, шароити бехатари мехнат, бехсозии шароити манзил ва зиндагони, мухофизати мухити зист, бехбудии санитари ва ободии чойхои ахолинишин, тараккии оммавиии варзиш ва кору истирохати мехнаткашонро таъмин месозанд. Мухофизати модарон ва кудакон зухуроти гамхории хоси давлат, кафолати боэътимоди саломатии насли наврас аст. Кумаки деспансери ба кормандони тиб имкон медихад, ки саломатии ахолиро назорат кунанд, хуручи Б.-хои музмин ва инкишофи беморихои навро пешгири намоянд.
Бо вучуди ин, эхтиёт кардани саломатии худ ва аъзои оила вазифаи хар як шахс аст. Агар кас гами саломатии худро нахурад, пас хама саъю кушиши духтурон барабас меравад. Риояи коидахои бехдошти шахси, обутоби организм, машгул шудан ба варзиши бадан, пеш гирифтани тарзи хаёти солим, риояи тартиби мехнат ва истирохат, гизои муносиб, даст кашидан аз одатхои бад (суиистеъмоли нушокихои спиртдор, тамоку, бадахлокии чинси) – ин хама ба саломати ва фаъолияти эчодии хар як шахрванди чумхури мусоидат мекунад.
Б.Ш. Гадоев.